Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алексей Навалний - муборизи зидди фасод, "маҳбуси Путин" ва барандаи ҷоизаи ба номи Сахаров. ВИДЕО


Маскав, 28 январи соли 2018. Алексей Навалний дар садри намоишҳои эътирозӣ
Маскав, 28 январи соли 2018. Алексей Навалний дар садри намоишҳои эътирозӣ

Сиёсатмадори мунаққиди Кремлин Алексей Навалний барандаи ҷоизаи бонуфузи “Озодии андеша” ба номи Андрей Сахаров шуд.

Даҳ сол боз Навалний бо зидди ришвахорӣ дар миёни элита ва мансабдорони ҳукумати Русия мубориза мебарад. Ӯ раҳбари эътирозҳои сиёсӣ аст ва номзадии худро дар интихоботҳо пешбарӣ мекунад. Навалний баъди бозгашташ аз Берлин январи имсол дар фурудгоҳи Маскав боздошт шуд. Ӯ дар зиндони Покрови Русия нигаҳдорӣ мешавад. Алексей Навалний маъруфтарин танқидгари ҳукумати Русия аст.

Ин мунаққиди Кремл барои талоши ошкорсозии фасод дар кишвараш ва танқиди президенти Русия Владимир Путин борҳо боздошту заҳролуд шуда, мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Алексей Навалний гуфтааст: “Дӯстони Путин, ки ба онҳо дар Русия ҳаққи дуздидани ҳама чизе, ки мехоҳанд дода шудааст, бештар аз ин ба ӯ баргардонидаанд. Онҳо ҷамъ шуда, 100 миллиард доллар ҷамъ карданд ва бо ин пулҳо барои раҳбари худ қаср сохтанд”.

Як моҳ баъд аз ин навор Навалнийро ба зиндони Покров бурданд. Кремл иддаои ӯро рад кард ва додгоҳе ӯро ба 2,5 соли зиндон маҳкум намуд. Навалний аз маҳбас хабар дод, ки аз дарди шадиди пой ва пушт азият мешавад. Баҳори имсол ӯ гуфт, ки табибон ба ӯ ёрии тиббӣ намерасонанд ва ба нишони эътироз 24 рӯз гуруснанишинӣ кард. Моҳи октябр комиссияе дар зиндон ӯро «террорист» хонд. Вале фаъолон мегӯянд, ки ҳафади мақомоти Кремлин ин аст, ки ин раҳбари мухолифон барои муқовиматаш ба низоми олуда ба фасоду қонуншиканҳо “шиканад”.

Олга Романова, як ҳомии ҳуқуқ дар бораи зиндоне, ки Навалний ҷой дода шудааси, гуфт: "Ин ҷо ҳатто муассисаи ислоҳӣ ном надорад. Ин ҷоро низоми адои ҷазо меноманд... Низом бояд ҳаросафкан бошад. Бояд даҳшатнок бошад”.

Августи соли 2020 Навалний дар Сибир заҳролуд шуд. Ӯ мегӯяд, ин кор бо амри президент Владимир Путин шудааст. Чанд озмоишгоҳ маълум кард, ки ӯ бо заҳри низомии “Новичок” заҳролуд шудааст. Мухолифи сарсахти Русия зимни бозгашташ баъди ним соли муолиҷа дар Берлин дар фурудгоҳи Маскав боздошт шуд “Ин ҷо хонаи ман аст. Ман ин ҷо омадам ва шумо мепурсед, ки оё ман метарсам ё не? Ман наметарсам”, гуфт ӯ.

Алексей Навалний - маҳбуси рақами як ва барандаи ҷоизаи Сахаров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00

Ӯро ба вайрон поймол кардани қарори додгоҳ дар бораи ҳабси шартӣ гунаҳкор донистанд. "Ин одамон, аз он нороҳатанд, ки натавонистанд маро бикушанд. Ва акнун таҳдид доранд, ки маро ҳабс мекунан”д. Ҳабси Навалний мавҷи эътирозҳоро ба бор овард ва тарафдоронаш саркуб шуданд. Полис ҳазорҳо нафарро боздошт кард. Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Канада зидди Русия таҳримҳо ҷорӣ карданд. Дар 10 соли ахир дар эътирозҳои сиёсии зери раҳбарии Навалний, даҳҳо ҳазор нафар ҷамъ меомад. Онҳо аз афзоиши порахурӣ ва ҳукмронии тулонии Путин норозӣ буданд.

Бунёди зидди фасоди Аклесей Навалний пайваста аз сӯи пулис тафтиш мешуд Моҳи июни имсол кори он ғайриқонунӣ дониста шуд. Филмҳои таҳқиқотии ӯ ва ҷонибдоронаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо миллион тамошобин дорад. Дар як таҳқиқот онҳо сарчашмаи дороиҳои нахустивазири Русия Михаил Мишустинро ошкор карданд. Ин сиёсатмадор иддао кард, ки сарваташро аз роҳи қонунӣ ба даст овардааст Аз соли 2011 то ҳол Навалний беш аз 10 бор ҳабс шудааст.

Вай эълом дошт, ки дар интихоботи президентии соли 2018 бо Путин рақобат мекунад. Вале парвандаҳои ҷиноӣ, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби Кремл роҳандозӣ шуданд, ӯро аз ин ҳақ маҳрум карданд. Навалний дар як баҳсе зидди ҳукумати Русия, дар Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо пирӯз шуд. Бо вуҷуди хатари зиёд ба ҷонаш, Навалний ва тарафдоронаш гуфтанд, ки муборизаро бар зидди фасод ва ноадолатиҳои афзоянда дар Русия идома медиҳад. Бархе тарафдоронаш мегӯянд, Навалний дар асл "як маҳбуси Путин" аст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG