Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бостоншиносон мегӯянд, зиндагии инсон дар Ховалинг як миллион сол пеш оғоз шудааст. ВИДЕО


Бостоншиносон дар Ховалин нишонаҳои зиндагӣ дар як миллион сол пешро пайдо кардаанд
Бостоншиносон дар Ховалин нишонаҳои зиндагӣ дар як миллион сол пешро пайдо кардаанд

Бостоншиносони тоҷик дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷиашон дар Ховалинг нишонаҳоеро пайдо кардаанд, ки осори зиндагӣ дар тақрибан як миллион сол пешро нишон медиҳад.

Ҳайати 40 нафараи бостоншиносон аз Русия, Дания, Шветсия, Олмон, Эрон, Норвегия ва Тоҷикистон се соли пеш ковишҳои худро дар Ховалинг оғоз карда буданд.

Бостоншиносон, ки рӯзи 12-уми октябр натиҷаи як бахши кори худро ҷамъбаст карданд, гуфтанд, нигора ва сангпораҳое, ки аз мавзеҳои Кулдара, Хонақоҳ, Хонақоҳ 1-2 ва Оби Мазори Ховалинг пайдо шудааст, осорои зиндагӣ дар 800-900 ҳазор соли пешро нишон медиҳад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Бостоншиносон мегӯянд, дар Ховалинги имрӯза садҳо ҳазор сол пеш одамон иқомат доштанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Раҷаб Қурбонов, сардори ҳайати бостоншиносон мегӯяд, натиҷаи ковишҳои се сола нишон медиҳад, ки эҳтимол дар Ховалинг миллион сол пеш низ одамон зиндагӣ мекарданд.

Бостоншиносон барои таҳқиқи худ дар се бахш, се мавзеи алоҳидаро дар Ховалинг таҳқиқ кардаанд. Дар ин ноҳия то 45 қабати хок ошкор шудааст, ки ҳар кадом марбут ба як давраи таърихӣ аст. Аз қабатҳои 11-уми хок ҳангоми ковиш нигораҳои сангӣ пайдо шудааст.

Акс аз мавзеи таърихии Ховалинг
Акс аз мавзеи таърихии Ховалинг

Амирхон Саидзода, мудири осорхонаи ноҳияи Ховалинг мегӯяд, пайдо шудани нишонаҳои ҳаёт дар ҳазорсолаҳои пеш дар Ховалинг ҳодисаи нав нест. Ӯ гуфт, ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри гузашта асбобҳое пайдо шуда буд, ки беш аз 800 ҳазор сол умр доранд. “Дар Кулдара қабатҳои хок муайян карда шуд ва аз қабати хоки 11 ба 12-ум олоту асбобҳое ёфт шуд, ки дар он вақт умри 850 ҳазор сола доштанашон тасдиқ шуда буд”,--гуфт ӯ.

Бостоншиносон ҳангоми кор дар Ховалинг
Бостоншиносон ҳангоми кор дар Ховалинг

Баъди пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ ин аввалин ковишҳои таърихӣ дар ҳудуди Ховалинг ба ҳисоб меравад, ки дар он бостоншиносони хориҷӣ низ ҳузур доранд.

Бостоншиносони хориҷӣ талош доранд, дақиқ кунанд, ки одамони ибтидоӣ бо кадом роҳе аз Африқо ба Осиёи Марказӣ омадаанд.

Ковишҳои бостоншиносӣ дар чанд минтақаи Ховалинг пас аз се сол, рӯзи 12-уми октябр ба охир расид. Бостоншиносони хориҷӣ дар як ҳамоиш аз натиҷаи кори худ ҳисобот доданд ва гуфтанд, ки соли 2022 ковишҳои навро дар ин минтақа оғоз хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG