Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишманди тоҷик мегӯяд, ки навъи ҷадиди сементро офаридааст. ВИДЕО


Донишманди тоҷик мегӯяд, навъи нави семент кашф кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Як донишманди тоҷик мегӯяд, ки навъи ҷадиди сементро офаридааст, ки "ба обу намак тобовар буда, барои сохтмони обанборҳо муфид аст". Маркази миллии патент ва иттилооти Тоҷикистон ба Абдуҷалил Мирҷамолов санади тасдиқкунандаи "ихтироъ" дод, вале то ҳол коршиносони мустақил ё хориҷӣ натиҷаи кори ӯро арзёбӣ накардаанд.

Абдуҷалил Мирҷамолов, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, гуфт, навъи ҷадиди сементро баъд аз омӯзиши боқимондаи сохтмонҳои Руми қадим, яъне бандару низоми обрасонии ин кишвар, офарид. Зеро, ба гуфтаи вай, сангҳои насбшуда дар бандари ин минтақа тӯли беш аз ду ҳазор сол беосеб мондаанд.

"Барои часпондани ин сангҳо дар Руми қадим аз сементе истифода шудааст, ки аз хокистари вулқон омода мешавад. Ин таҷриба дар Шӯравии собиқ низ маълум буд, аммо кашонидани хокистари вулқон аз Камчатка арзиши сементро “тиллоӣ” мекард. Мо ин ашёро дар кони ангишти Фон-Яғноб ёфтем. Қисмате аз ин кони бузург месӯзад ва аз хокистари он мешавад, чунин навъи сементро тавлид кард", -- шарҳ дод Абдуҷалил Мирҷамолов рӯзи 13-уми октябр.

Донишманди тоҷик афзуд, барои ин кор понздаҳ сол умрашро сарф кард.

Моҳе пеш Маркази патент ва иттилооти Тоҷикистон барои Мирҷамолов патент ё санади тасдиқкунандаи ихтироъ дод, аммо ихтирои ӯ то ҳол аз сӯи коршиносони мустақил ё хориҷӣ тасдиқ нашудааст.

Худи ӯ ҳамвора ба беҳтар будани сементи офаридааш таъкид мекунад: "Аз ҳамон гиляж ё хокистар (кони Фон-Яғноб) гирифта, бо талаботи стандарти давлатӣ, таркибҳояшонро омӯхта, чоркунҷаҳои сементӣ сохтам ва онҳоро зери бори вазнин монда, шикастем. Тобоварии ин чоркунҷаҳои сементӣ дар муқоиса бо сементи маъмулӣ бамаротиб бештар шуд."

Солҳои охир дар Тоҷикистон чанд корхонаи истезҳсоли сементро асосан бо технологияҳои чинӣ фаъол кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз он меболанд, ки кишвар аз воридкунандаи семент ба содиркунандаи ин маҳсулот табдил шудааст, аммо дар самти ифлос кардани муҳити зист нигарониҳоеро ба бор овардааст.

Корхонаи семент, шаҳри Душанбе
Корхонаи семент, шаҳри Душанбе

Абдуҷалил Мирҷамолов мегӯяд, "як бартарии сементи мо ин аст, ки дар вақти истеҳсол ба фазо 40 дарсад камтар гази зараровар партоб хоҳад шуд". Аммо то ҳол дар ҳеч корхонае ин навъ семент тавлид намешавад. Масъулини баъзе аз ширкатҳо гуфтанд, барои ин кор технологияи нав бояд ворид кунанд.

Лю Мин Вин, сухангӯи корхонаи тавлиди сементи "Хуаксин-Ғаюр семент", гуфт, "албатта, имкони истифодаи ин ихтироъ фароҳам мешавад, вале бояд таҷҳизотро иваз кунем. Ба мо технологияву таҷҳизоти нав зарур мешавад. Дар оянда имконият ҳаст. Ҳоло ба далели пандемия мутахассисони мо аз Чин ба Тоҷикистон омада наметавонанд."

Сементи офаридани Абдуҷалил Мирҷамолов ба навъи сементи путсолон шомил мешавад. Корхонаҳои тавлиди сементи Тоҷикистон асосан навъи портландсемент тавлид мекунанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон 16 корхонаи истеҳсоли семент фаъол аст, ки солона бештар аз 4 миллион тонна маҳсулот тавлид мекунанд. Бештар аз як миллион тоннаи он ба хориҷи кишвар, асосан ба Афғонистону Қирғизистон ва Узбекистон содирот мешавад.

XS
SM
MD
LG