Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар робита бо Афғонистон “босуръат” амал кунад ва “пули нақд ворид” намояд, то “иқтисодаш нафас” кашад.
Гутерреш, ки қарор аст рӯзи 12-уми октябр дар ҷаласаи сарони кишварҳои 20 иқтисоди пешрафтаи сайёра ё ҷаласаи G20 иштирок кунад, дар остонаи ин нишаст ҷомеаи ҷаҳониро дар “вокуниши кунд” ба вазъи тағйирёфтаи Афғонистон гунаҳгор кард. Ба бовари Гутерреш, “имкон надорад, ки мардуми Афғонистон барои рафтори нодурусти “Толибон” ба таври дастаҷамъӣ муҷозот шаванд”.
“Ҷаҳон баҳои гароне пардохт хоҳад кард”
Гурӯҳи тундрав ва муҳофизакори “Толибон” баъди 20 соли ҷангҳо миёнаҳои моҳи августи имсол, дар авҷи хатми амалиёти низомии ИМА ва эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон, назорат бар аксар қаламравҳои ин кишварро ба даст овард. Аксар кишварҳо, ба вижа ғарбу Аврупо гуфтаанд, ки дар эътирофи ҳукумати нави Кобул шитоб намекунанд ва ИМА ҳам батакрор гуфтааст, ки “вобаста ба рафтори “Толибон” амал хоҳад кард”.
Антонио Гутерреш мегӯяд, вокуниши кунди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъият дар Афғонистон бӯҳрони иқтисодиву башариро амиқтар мекунад, вале оқибат, ба гуфтааш, “ҷаҳон баҳои гароне пардохт хоҳад кард”.
Рӯзи 11-уми октябр зимни суханронӣ дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк дар ҳузури журналистон Гутерреш, аз ҷумла, гуфт: “Агар мо амал накунем ва ба афғонистониҳо дар пуштисар кардани ин тӯфон дасти ёрӣ дароз накунем, агар мо ҳамин ҳоло ин корро накунем, на танҳо онҳо, балки тамоми ҷаҳон қимати гароне пардохт хоҳад кард. Бидуни ғизо, бидуни кор, бе ин ки ҳуқуқи онҳо ҳимоят шавад, мо шоҳиди фирори ҳарчи бештари афғонистониҳо дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар хоҳем буд. Мавҷи маводи мухаддир, шабакаҳои ҷинояткорону террористон эҳтимолан афзоиш меёбад. Ин чиз на танҳо ба худи Афғонистон, балки минтақаву дигар қисматҳои ҷаҳон таъсири бад мерасонад. Ҳамаи мо бояд кори худро иҷро кунем”.
Агар ба Афғонистон кӯмак нашавад...
Бар хилофи мавқеи эҳтиёткоронаи аксар раҳбарони кишварҳои ҷаҳон, Гутерреш аз оғоз мухолифи дар инзиво гузоштани мардуми Афғонистон буд ва ба зарурати ҳамкорӣ бо “Толибон” ба хотири кӯмак ба қишри ниёзманди ин кишвар таъкид кардааст.
Ба ҳисобҳои СММ, бӯҳрони иқтисодиву башарӣ 18 миллион нафар – ё ҳар нафари дуюмро дар Афғонистон асар кардааст. Ба иттилои раҳбари СММ, идораҳои ин ниҳод дар манотиқи Афғонистон “дар ҳамкорӣ бо “Толибон” фаъолияти худро идома медиҳанд ва танҳо дар моҳи сентябр 3,8 миллион сокини ин кишварро бо ғизо, 21 ҳазор кӯдак ва 10 ҳазор зани дар ҳоли гуруснагиро бо муолиҷа фаро гирифтаанд, 450 ҳазор нафар бо ёри авалияи тиббӣ ва даҳҳо ҳазор нафари дигар бо ёриҳои дигари санитариву гигиенӣ, васоили рӯзғор ва об таъмин шудаанд. Вале, ба гуфтаи ӯ, агар “ёриҳои башарӣ ҷонҳои инсонҳоро наҷот бидиҳад ҳам, дар сурати суқути иқтисоди Афғонистон, мушкилро ҳал карда наметавонад”.
Ба қавли Гутерреш, иқтисоди Афғонистон бо сабаби пулҳои масдудшуда ва боздошта шудани ёриҳои башарӣ ба сӯи шикаст меравад, вале роҳҳои “нафас бахшидан ба иқтисоди” Афғонистон “бидуни поймол шудани қонунҳои байналмилаливу хиёнат ба принсипҳо” ҳам вуҷуд дорад. Ба ҳисобҳои мақомоти собиқи Афғонистон, бо сари кор омадани “Толибон” наздики 9 миллиард доллар пулҳои Афғонистон дар бонкҳои хориҷӣ масдуд шуда, созмонҳои байналмилалии молиявии мисли Бонки ҷаҳониву Сандуқи байналмилалии пул ироаи ёриҳои пулӣ ба Кобулро боздоштаанд.
Толибон ба ваъда вафо накарданд
Гутерреш мегӯяд, як роҳи бозгардони вазъи Афғонистон ба ҳолати одӣ фароҳам кардани шароити зарурӣ барои ба кор баргаштани мутахассисону кормандони маданӣ аст, то ба мардум хидмат кунанд. Дар ин амр, ба қавли ӯ, “Толибон” бояд ба ваъдаҳои додаашон дар заминаи таъмини ҳуқуқи коргарони собиқи сохторҳои давлатӣ, занону кӯдакон ва аққалиятҳо вафо кунанд. Муҳимтар аз ҳама, ба гуфтаи ӯ, “иҷрои ваъдаи ҳаракати озод ва кори занон” ва “таҳсили бемонеаи духтарону писарон мебошад”. Ӯ бо таъкид ба дастовардҳои 20 соли гузашта гуфт, аз соли 2001 то кунун се миллион духтарон дар мактабҳои миёна таҳсил карда, мӯҳлати таҳсили кӯдакон ба ҳисоби миёна аз шаш то даҳ сол боло рафт. Ба бовари ӯ, кору таҳсил, дастрасии онҳо ба даромадҳои пулии шахсӣ ва зиндагии шоиста “танҳо боиси пешрафт мешавад”.
Тақозои раҳбари СММ ба ҷорӣ кардани пулҳои нақд ба иқтисоди Афғонистон, зоҳиран, бештар мавриди таваҷҷӯҳи журналистон қарор гирифт, ки аз ӯ дар бораи таносуби миёни масъулиятҳои ҷомеаи байналмилаливу ӯҳдадориҳои ҳукуматдорони нави ин кишвар суол карданд.
Ёрӣ аз кадом роҳ?
Гутерреш гуфт, вазифаи СММ ба унвони як созмони башардӯстона дар фаъолияти “мустақил ва бетарафона” бунёд шудааст ва ёриҳои пулие, ки ба бовари ӯ бояд ба таври сареъ вориди ин кишвар шавад, “тавассути созмонҳои ҷамъиятӣ ва идораҳои СММ” метавонанд расонида шаванд. Як роҳи дигар, ба андешаи ӯ, метавонад таъсиси бунёди эътимод дар назди Бонки ҷаҳонӣ ваё Дафтари рушди СММ (UNDP) бошад. Ба таъкиди ӯ: “Ман аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб намекунам, ки пулро ба “Толибон” ва ё ҳукумати кунунӣ диҳанд. На. Мо бояд ба иқтисод пули нақдро ворид кунем, то ки иқтисод нафас бикашад ва шароит фароҳам кунем, ки мардум наҷот ёбанд. Ин аст нигаронии мо”.
Ӯ дар идома дар робита бо ҳукумати ташкилкардаи “Толибон” гуфт: “Масъалаи эътироф кардан ё накардани ҳукумате, масъалаи таҳримҳо, масъалаи марбут ба дороиҳои масдудшуда. Пурсишҳои мисли ин хеле зиёд аст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бо “Толибон” талаботи мутобиқат ба чандин меъёрҳои муҳимро тақозо хоҳад кард ва инҳо ба ҳуқуқи башар, ба вижа ҳуқуқи занону духтарон, масоили марбут ба терроризм ва дигарҳо, аз ҷумла, фарогир будани ҳукумат рабт хоҳанд дошт”.
Ин ҳарфҳои раҳбари СММ дар ҳолест, ки худи ҳукумати “Толибон”, ба қавли мунаққидон, то ҳол ба ҷуз ваъдаҳои лафзӣ ба ин ки ҳуқуқи мадании аҳли ҷомеа ҳимоят мешавад, кори амалие дар ин самт анҷом надодаанд. Аксар кормандони соҳиби кор ҳам дар бахши хусусӣ ва ҳам давлатӣ сари кори худ барнагаштаанд, таҳсилу кори занон ҳанӯз иҷоза дода нашудааст ва ҳеҷ барнома ё стратегияи мушаххаси иқтисодиву иҷтимоие ҳам аз ҷониби раҳбарони нави Афғонистон муаррифӣ нашудааст.
Толибон рӯзи 15-уми август Кобулро тасарруф карданд, вале бо гузашти наздик ба ду моҳ аз ҷониби ҳеҷ кишвари дунё ба расмият шинохта нашудааст.