Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марзи ду кишвар, ҷаласаи навбатиро баргузор кардаанд. Ин музокирот аз 5- ум то 9 -уми октябр дар шаҳри Исфанаи Қирғизистон баргузор шудааст.
Ба навиштаи расонаҳои қирғизӣ, тарафҳо дар поёни гуфтугӯ протокол имзо карданд. Ҷузъиёти ин санад ифшо карда нашудааст ва дақиқ нест, ки ҷонибҳо ба кадом созише даст ёфтанд ё не?
Тибқи нақша мулоқоти навбатӣ дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Бори ахир охири моҳи апрел дар марзи ду кишвар муноқишаи хунин сар зад, ки дар он даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Ҷонибҳо якдигарро дар сар задани муноқиша айбдор карданд.
Баъди ин муноқиша, муносибати Душанбе ва Бишкек ба сардӣ гароид. Аз ҷумла Қирғизистон марзҳои худро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст ва ҳоло ду кишвар тақрибан доду гирифти молӣ надоранд.