Дар чанд ҷумла
936 қурбонии коронавирус – дар як рӯз дар Русия

Мақомоти Русия гуфтанд, ки рӯзи 8-уми октябр фавти 936 нафарро аз коронавирус сабт карданд. Ин омори баландтарини рӯзонаи маргу мир аз бемории ҳамагир дар Аврупо аст.
Дар умум, ба иттилои расмӣ, зиёда аз 214 ҳазор кас дар Русия қурбонии COVID-19 шудаанд. Бисёре аз мутахассисон мегӯянд, эҳтимол шумораи воқеии фавтидаҳо бештар аз ин аст.
Мавридҳои нави сирояти бемории ҳамагир ва маргу мир аз он дар Русия охири моҳи гузашта афзоиш ёфт.
Мақомоти давлатӣ гуфтанд, то 8-уми октябр тақрибан 33 дарсад ё 47,8 миллион нафар ҳадди ақал як бор ва тақрибан 29 дарсад ё 42,4 миллион нафар дар Русия пурра эм карда шудаанд.
Кремлин бо ҳадафи пешгирӣ аз афзоиши беморӣ ба мақомоти минтақаҳо иҷозат додааст, ки маҳдудият ҷорӣ кунанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Нигаронии сенаторон аз ҳарфҳои Трамп дар бораи Зеленский

Чанд сенатори шинохтаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз ҳарфҳои ахири Доналд Трамп дар бораи президенти Украина Владимир Зеленский норозигӣ кардаанд. Трамп дар рӯзҳои ахир аз Зеленский интиқоди сахт кард ва ӯро "диктатори бе интихобот" хонд.
Баъзе сенаторони ҷумҳурихоҳ бо нигаронӣ гуфтаанд, сиёсати пешгирифтаи маъмурияти Трамп метавонад мавқеи Владимир Путинро мустаҳкам кунад.
Чанд тан аз қонунгузорон рӯзи 19-уми феврал изҳор доштанд, ки Украинаро қурбонии таҷовузи Русия меҳисобанд.
Ҷон Кеннеди, сенатори ҷумҳурихоҳ аз Луизиана гуфт, Владимир Путин ҷангро оғоз кард. "Ман бо назардошти таҷрибаи талх чунин меҳисобам, ки Владимир Путин гангстер (узви дастаи роҳзанон) аст... Вай мисли Сталин ба хун ҳавас дорад."
Роҷер Викер, сенатори дигари ҷумҳурихоҳ аз Миссисипи ҳам бо пуштибонӣ аз ҳарфҳои Кеннедӣ гуфтааст, музокирот барои қатъи таҷовузи Русия ба Украина, бояд бо ҳузури украиниҳо ва бо назардошти манфиатҳои Аврупо анҷом шавад.
"Путин ҷинояткори ҷангӣ аст ва бояд умри боқимондаашро дар маҳбас гузаронад, агар ба қатл расонда нашавад,"-гуфтааст ин сенатори амрикоӣ.
Баҳси лафзӣ миёни Доналд Трамп, президенти ИМА ва Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ғайриинтизор тундтар шудааст. Рӯзи 19-уми феврал Трамп гуфт, Зеленский бояд барои расидан ба сулҳ талош кунад, то кишварашро пурра аз даст надиҳад. Зеленский гуфт, Трамп таҳти таъсири дуруғпароканӣ мондааст.
"Ҳамос" ҷасади чор гаравгон, аз ҷумла ду кӯдакро ба Исроил дод

Гуруҳи фаластинии "Ҳамос", ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст, рӯзи 20-уми феврал ҷасади чор гаравгони ҳалокшудаи исроилиро ба Салиби Сурх супорид.
Ду нафари онҳо Ариэл Бибаси чорсола ва бародари нуҳмоҳаи ӯ Кфир буданд. "Ҳамос" пайкари модари ин кӯдакон Шири ва як асири калонсол Одед Лифшитсаро ҳам ба Салиби Сурх дод. Ҳамаи онҳо 7-уми октябри соли 2023 ва дар ҷараёни ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил асир шуданд.
Ярден Бибас, падари кӯдакони ҳалокшуда пештар аз сӯи "Ҳамос" озод шуда буд. Ӯро аз зану фарзандаш ҷудо нигоҳ медоштанд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ин рӯзро барои кишвараш рӯзи вазнин хонд.
Гуруҳи "Ҳамос" ҳанӯз моҳи ноябри соли 2023 эълон карда буд, ки кӯдакон ва модари онҳо дар ҳамлаи ҳавоии артиши Исроил ба Навори Ғазза кушта шудаанд. Дар вақти интиқоли ҷасадҳо, намояндагони "Ҳамос" бори дигар Исроилро сабабгори ҳалок шудани гаравгонҳо гуфтанд. Мақомоти Исроил то рӯзҳои ахир марги ин гаравгонҳоро тасдиқ намекарданд. Дар бораи чигуна ҳалок шудани ин чор гаравгони исроилӣ иттилои аниқ ва бетараф дар даст нест. Ярден Бибас ва хешовандонаш гуфтанд, талош мекунанд, ки қазия таҳқиқ шавад.
"Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар ҳамлае ба Исроил беш аз 1200 касро кушт ва зиёда аз 200 нафарро ба гарав гирифт.
Дар ҳамлаҳои Исроил ҳудуди 47 ҳазор фаластинӣ кушта ва даҳҳо ҳазори дигар захмӣ шуданд.
Ҷанги ду тараф понздаҳ моҳ давом кард ва моҳи январи имсол оташбас барқарор шуд.
Telegraph: Кишварҳои Аврупо нақша доранд ба Украина 30 ҳазор низомӣ фиристоданд

Нахуствазири Бритониё ҳафтаи оянда бо Доналд Трамп вохӯрда, нақшаи фиристодани қариб 30 ҳазор низомиро аз кишварҳои аврупоӣ ба Украина муаррифӣ мекунад. Дар ин бора нашрияи The Telegraph бо такя ба манобеаш хабар додааст.
Ба асоси нақшаи Бритониё, неруҳо баъди бастани созиши сулҳ бо Русия ва барои назорати сулҳ дар Украина мустақар мешаванд.
Дар назар аст, ки Кир Стармер, нахуствазири Бритониён ҳафтаи оянда барои дидор бо раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба Вашингтон равад. Стармер қаблан гуфта буд, Бритониё омода аст, ки неруҳои худро ба ҳайси сулҳбон ба Украина фиристад. То ҳол ягон кишвари дигари аврупоӣ барои фиристодани низомиёни худ ба Украина эълони омодагӣ накардаанд.
Ба гузориши The Telegraph, бахши асосии нақшаи Бритониё дастгирӣ аз тарафи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст. Манбаъ менависад, Фаронса ҳам аз нақшаи Бритониён ҳимоят мекунад. Доналд Трамп ва маъмурияташ борҳо гуфтаанд, ки Аврупо бояд кафолати амнияти Украинаро ба уҳда гирад.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ҳафтаи гузашта гуфт, Киев мехоҳад, барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина ҳаракат кунад, вале афзуд, ки “мо кафолатҳои воқеии амниятӣ мехоҳем.”
Артиши Русия ба Херсон ҳамла кардааст

Неруҳои Русия шаби 19 ба 20-уми феврал ба шаҳри Херсони Украина ҳамла кардаанд. Волии вилоят гуфт, дар натиҷаи бархӯрди бомбҳои русӣ ба як баландошёна, чанд нафар азҷумла, як наврас захмдор шуд.
Роман Мрочко бо пахши наворе дар Телеграм гуфтааст, аз се бомби партобкардаи неруҳои Русия, якеаш ба баладошёнае дар маркази Херсон бархӯрд. Дар наворҳо дида мешавад, ки як қисмати бино пурра хароб шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти Украина, наҷотдиҳандагон тамоми шаб маҷруҳонро аз зери харобаҳо берун оварданд. Дастикам як навраси 13-сола ва се нафари дигар ҷароҳат гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол артиши Русия ду рӯз аст, ки бо бесарнишинҳо ба вилояти Одесса ҳамла мекунанд. Олег Кипер, волии вилоят гуфтааст, як нафар маҷруҳ шуд.
Ҳамчунин дар пайи ҳамлаи бесарнишинҳо қариб 5 ҳазор кас аз нерӯи барқ маҳрум шудаанд.
Додгоҳ ҳабси 4 гумонзади ҳамла ба "Крокус"-ро тамдид кард

Додгоҳе дар Маскав муҳлати ҳабси чор гумонзад дар ҳамла ба толори "Крокус"-ро барои як моҳ дароз кард.
Бар асоси қарори Додгоҳи ноҳияи Басманний, муҳлати ҳабси Фаридуни Шамсиддин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов то 24-уми марти имсол тамдид шуд.
Қарори додгоҳ дар ҳоле содир мешавад, ки Кумитаи тафтишоти Русия моҳи феврал таҳқиқи парвандаи ҳамлаи хунин ба толори консертии "Крокус"-ро ба анҷом расонд. Ба гуфтаи вакилони дифои гумонбарон, парванда то моҳи март ба додгоҳ меравад.
Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав шаби 22-юми марти соли гузашта сурат гирифт. Дар робита ба ин ҳодиса ҳудуди 20 кас боздошт шуданд, ки 14 нафарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд.
Ин афрод аз моҳи марти соли гузашта дар ҳабс ҳастанд. Шароити нигаҳдории гумонбарон дар Боздоштгоҳ маълум нест.
Волидони бархе аз онҳо ба матбуот шикоят кардаанд, ки дар бораи дастрасии фарзандонашон ба вакили дифоъ хабар надоранд ва аз замони боздошт то кунун аз имкони дидани фарзандон маҳруманд.
Президент фармони даъвати баҳорӣ ба артишро имзо кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармони даъвати баҳории ҷавонон ба артишро имзо кардааст.
Тибқи фармон, ки шоми 19-уми феврал Дафтари матбуоти раисиҷумҳур нашр кард, ҷавонони аз 18 то 27-сола, ки асоси қонуние барои озод шудан аз хизматро надоранд, ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд.
Дар Тоҷикистон хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ барои мардон ҳатмист ва барои саркашӣ аз он ҷарима ё то 2 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Даъвати ҷавонон ба артиш, ки дар баҳору тирамоҳ анҷом мешавад, ҳамасола бо сару садо дар бораи ҷалби маҷбурӣ ё "облава" ҳамроҳ аст.
Як сабаби аслии сарпечии ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмии дусоларо дар бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон меноманд, ки гоҳо бо маргу маъюб шудани сарбозон меанҷомад.
Таҳримҳои нав алайҳи Русия. "Золотая корона" ба рӯйхати сиёҳ афтид

Иттиҳоди Аврупо дар остонаи сеюмин солгарди ҳамлаи Русия ба Украина, алайҳи Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.
Сафирони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 19-уми феврал бастаи 16-уми таҳримҳоро мувофиқа кардаанд, ки аз 24-уми феврал ба иҷро медароянд. Дар ин бора Рикард Йозвяк, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гузориш додааст.
Ба иттилои оҷонсиҳои хабарии ҷаҳонӣ, таҳримҳои нави Иттиҳоди Аврупо марҳила ба марҳила манъи хариди алюминий аз Русияро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин маҳдудиятҳо барои содироти нафт аз Русия сахтар хоҳад шуд.
Таҳримҳо 73 киштии нафткашро низ ҳадаф қарор медиҳад, ки тахмин меравад Русия барои давр задани маҳдудиятҳо аз онҳо истифода мебарад. Ҳамчунин 13 бонк дар “рӯйхати сиёҳ” қарор хоҳанд гирифт.
Пештар лоиҳаи «Система»-и Радиои Озодӣ гузориш дода буд, ки дар бастаи нави таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, нисбати низоми интиқоли «Золотоя корона» ҳам маҳдудият ҷорӣ мешавад. Муҳоҷирони меҳнатӣ барои интиқоли маблағ аз ин низом зиёд истифода мебаранд.
Хабаргузориҳои ТАСС, «Лента.ру» ва чандин расонаҳои давлатии Русия ҳам аз сӯи Иттиҳоди Аврупо таҳрим мешаванд.
Аз замони оғози ҳамлаи бедалели Русия ба Укрина дар моҳи феврали соли 2022, Иттиҳоди Аврупо алайҳи Маскав таҳримҳои сангине ҷорӣ кардааст.
Намояндаи махсуси Трамп вориди Киев шуд

Фиристодаи махсуси президент Доналд Трамп дар масъалаи Русия ва Украина вориди Киев шудааст. Ин аввалин боздиди Кит Келлог ба Украина баъди таъин шуданаш ба ин мансаб аст.
Мисли дигар роҳбарони ғарбӣ, Келлог тариқи поезд ба Киев расид. Аз замони ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022, ҳавопаймоҳо ба Украина парвоз намекунанд.
Келлог баъди расидан ба Киев ба хабарнигорон гуфт, омадааст то ҳарфи мақомоти Украинаро гӯш кунад. "Баъдан ман ба ИМА бармегардем ва бо президент Трамп суҳбат мекунем. Мо мехоҳем боварӣ ҳосил кунем, ки ҳама чиро дуруст фаҳмидаем,"-гуфтааст фиристодаи махсуси Трамп.
Вай ҳамчунин гуфт, ки бо раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский "суҳбати олиҷаноб" хоҳад дошт. Кит Келлог таъкид кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида зарурати кафолатҳои амниятӣ барои Украинаро дарк мекунад.
Сафари намояндаи Доналд Трамп ба Украина як рӯз баъд аз нишасти Риёз сурат мегирад. Рӯзи 18-уми феврал ҳайатҳои ИМА ва Русия дар пойтахти Арабистони вохӯрда, қариб панҷ соат гуфтугӯ карданд. Намояндагони Украина ва кишварҳои аврупоӣ ба ин нишаст даъват нашуданд. Тасмиме, ки норозигии раиси ҷумҳури Украина ва дигар роҳбарони Аврупоро ба миён овардааст.
Аврупо ба Украина 6 миллиард евро кумак мекунад

Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба Украина 6 миллиард евро кумак мерасонанд. Нашрияи Politico навиштааст, ин ёриҳо бояд мавқеи Киевро дар музокирот бо Русия мустаҳкам кунад.
Ёриҳои нав таҷҳизоти низомӣ азҷумла, якуним миллион гулулаи тӯпхона ва низоми дифои ҳавоиро дарбар мегирад. Ин яке аз калонтарин кумакҳои Иттиҳоди Аврупо аз замони ҳамлаи Русия ба Украина гуфта шудааст. Қарор аст бастаи нави кумакҳо то 24-уми феврал ба Украина пешниҳод карда шаванд.
Politico аз қавли ду манбаъ дар доираҳои дипломатӣ навиштааст, 6 миллиард евро маблағи ибтидоист ва метавонад то 10 миллиард евро зиёд карда шавад. Ба навиштаи ин расона, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бояд захираҳои худро санҷида аниқ кунанд, ки ба Украина чӣ таҷҳизот фиристода метавонанд.
Бастаи бузурги ёриҳои низомӣ дар ҳолест, ки роҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар нишасти рӯзи 17-уми феврал дар Киев ба хулосаи ягона даст наёфтанд. Politico навиштааст, ки даъват нашудани Иттиҳоди Аврупо ва Украина ба музокироти Арабистони Саудӣ, боиси нофаҳмӣ дар пойтахтҳои Аврупо ва Киев шудааст.
Бесарнишинҳо ба як коргоҳи "Роснефт" ҳамла кардаанд

Ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба як корхонаи коркарди нафт дар вилояти Самараи Русия ҳамла кардаанд. Дар ин бора Вячеслав Федоришев, волии вилоят дар Телеграм хабар додааст. Ба навиштаи ин мақомдори рус, талафот сабт нашудааст.
Шоҳидон хабар додаанд, ки баъди ҳамлаи бесарнишинҳо дар корхонаи коркарди нафт сӯхтор сар зад.
Корхонаи коркарди нафти Сизранский аз соли 1942 фаъол аст. Ин коргоҳ феълан дар тобеияти ширкати "Роснефт" мебошад.
Ба иттилои Вазорати дифои Русия, шаби гузашта дронҳо ба вилоятҳои Брянск, Қрим, Тулский ва Ҷумҳурии Тотористон ҳамла кардаанд.
Дар кори фурудгоҳҳои Қазон, Нижнекамск, Ижевск, Киров ва Уляновск маҳдудият ҷорӣ шудааст.
Ба ҳисоби хабарнигорони ASTRA аз оғози соли 2025 бесарнишинҳо дастикам ба 17 корхонаҳои нафти Русия ҳамла кардаанд. Мақомдорони украинӣ дар шарҳи ҳамлаҳо гуфтаанд, ин коргоҳҳо дар таъмини артиши Русия нақш доранд.
Трамп нигарониҳои Киевро рад кард. Эҳтимоли дидор бо Путин то чанд рӯзи оянда

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки эҳтимолан моҳи ҷорӣ бо Владимир Путин, президенти Русия, мулоқот кунад.
Ӯ ҳамчунин нигаронии Украина аз ҳузур наёфтани намояндагони ин кишвар дар гуфтугӯҳои байни Амрико ва Русия дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудиро рад кард.
Раисҷумҳури Амрико 18-уми феврал дар поёни нишасти хабарии худ дар Флорида дар посух ба ин пурсиш, ки оё ҳанӯз интизор меравад то поёни ин моҳ бо Путин мулоқот кунад, гуфт, "эҳтимолан".
Чанд соат пеш аз он, Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, ки барои гуфтугӯ бо ҳамтои руси худ дар бораи ҷанги Украина ба Риёз сафар кардааст, дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ҷонибҳо ҳанӯз замоне барои мулоқоти Трамп ва Путин таъйин накардаанд.
Музокироти Риёз нахустини гуфтугӯи мустақими мақомҳои Амрико ва Русия пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ба шумор меравад.
Доналд Трамп аммо масъалаи канор гузоштани Украина аз ин гуфтугӯҳоро рад кард ва гуфт, ки Киев барои худдорӣ аз ҳамлаи Маскав, бояд се сол пеш бо Русия ба созиш мерасид.
Раиси ҷумҳури Амрико изҳор дошт, "имрӯз шунидам, ки гуфтаанд, мо даъват нашудем. Хуб, шумо се сол вақт доштед. Бояд тамомаш мекардед... Аслан бояд оғозаш намекардед, метавонистед созиш кунед".
Қабл аз он Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, аз баргузории музокирот миёни Амрико ва Русия бе ҳузури Украина интиқод карда буд. Ӯ гуфта буд, ки музокирот байни намояндагони Русия ва Амрико дар бораи Украина бе ҳузури Украина" баргузор мешавад.
Зеленский ҳамчунин дар вокуниш ба ин музокирот сафари худ ба Арабистони Саудиро, ки қарор буд имрӯз, чоршанбеи 19-уми феврал сурат бигирад, барои се ҳафта ба ақиб андохтааст.
Вай изҳор дошт, "мо намехоҳем, ки касе бе мо барои мо тасмим бигирад... бидуни Украина ҳеҷ тасмиме наметавон барои поён додан ба ҷанг дар Украина гирифт".
Бо ин ҳол, Доналд Трамп дар изҳороти худ дар рӯзи сешанбе таъкид кард, ки тасаввур мекунад ӯ тавони поён додан ба ин ҷангро дорад.
Доналд Трамп ҳамчунин гуфт, ки Украина бояд интихобот баргузор кунад. "Ин дигар мавзӯе нест, ки Русия бигӯяд, балки ҳарфи ман аст ва хеле аз кишварҳои дигар ҳам мегӯянд".
Ҳукумати Трамп пеш аз ин таъкид карда буд, ки Украина бояд то поёни имсол интихоботи президентӣ ва порлумониро, ки бинобар ҷанг бо Русия ба таъхир афтодааст, баргузор кунад.
Аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина, Вашингтон муҳимтарин муттаҳид Украина будааст ва пас аз оғози президентии Доналд Трамп низ Киев дар талош барои наздик шудан ба ҳукумати ӯ будааст. Украина аз ҷумла, пешниҳод кардааст, ки Амрико дар коркарди захираҳои маъдани Украина саҳм дошта бошад.
Трамп мунтақиди кӯмакҳои молӣ ва низомии ҳангуфти ҳукумати Ҷо Байден ба Киев буда ва мегӯяд, ки Амрико хароҷотеро, ки дар ин кишвар кардааст, пас хоҳад гирифт.
Хадамоти алоқа барои арзу шикоятҳо маркази махсус таъсис дод

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз таъсиси Маркази махсуси тамос барои арзу шикояти шаҳрвандон хабар дод.
Ба гуфтаи ин ниҳод, аз ин ба баъд сокинон метавонанд бо телефони боварии 40-30 ва ё онлайнӣ аз мушкилоти худ дар соҳаи интернету алоқа муроҷиат намоянд.
Хадамоти алоқа таъкид кардааст, ки марказ шабонарӯзӣ ва сарфи назар аз рӯзҳои истироҳатӣ, арзу шикоятҳои вобаста ба соҳаи телекоммуникатсияро қабул мекунад.
Дар Маркази махсуси тамос ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар рӯзҳои аввал, ба онҳо бештар аз сифати интернет шикоятҳо расиданд.
Шикоятҳо аз паст будани сифати алоқа ва интернет дар кишвар солҳост, ки садо медиҳад. Ин гуна шикоятҳо тақрибан аз ҳама минтақаҳои кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешаванд.
Дар радабандии Speedtest Global Index, Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ миёни 143 кишвар дар мақоми 139-ум қарор гирифтааст. Феълан теъдоди муштариёни интернети мобилӣ ва собит дар Тоҷикистон 4,5 миллион нафар аст.
Намояндагони Амрико ва Русия дар Арабистон вохӯрданд

Рӯзи 18-уми феврал дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ музокироти намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия оғоз шуд. Ин аввалин дидори мақомоти баландпояи ду кишвар аз замони оғози ҷанги Маскав алайҳи Украина аст.
Расонаҳо аз ин вохӯрӣ як навори кутоҳ нашр кардаанд, ки дар он Котиби давлатии Амрико Марко Рубио ва ҳамтои русаш Сергей Лавров дида мешаванд. Ҳамчунин намояндагони Арабистони Саудӣ ҳам дар толор ҳузур доранд.
Намояндагони Амрико ва Русия ин дидорро қадами аввал барои барқарор кардани муколама миёни ду кишвар ва музокироти эҳтимолӣ барои поёни ҷанг дар Украина гуфтанд. Мақомдорони украинӣ ба ин нишаст даъват нашудаанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 12-уми феврал, пас аз як тамоси телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин эълон кард, ки ҳарду барои мулоқот дар Арабистони Саудӣ розӣ шудаанд.
Миср аз нақшаи барқарор кардани Навори Ғазза хабар дод

Миср нақшаи бозсозии Навори Ғаззаро таҳия дорад, ки берун кардани фаластиниҳо аз ин борикаро дар бар намегирад. Кишварҳои арабӣ талош доранд ба нақшаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар бораи кӯчондани аҳолии Ғазза ва зери назорати ИМА даромадани ин минтақа мухолифат кунанд.
Ба гузориши нашрияи давлатии “Ал-Аҳром”, нақшаи Миср аз он иборат аст, ки дар навбати аввал “минтақаи бехатар” ташкил шуда, сокинони Ғазза то бартараф кардани харобаҳо ва барқарор шудани иншоотҳо дар онҷо мемонанд. Дар навбати аввал ташкили се минтақаи амн дар назар аст. Дар ин мавзеъҳо барои гурезаҳо хонаҳои муваққатӣ сохта шуда, ба аҳолӣ ёриҳои башардӯстона расонда мешавад.
Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс аз қавли ду мақомдори мисрӣ навиштааст, лоиҳаи бозсозии Ғазза панҷ солро дарбар мегирад. Ба қавли ин расона, Қоҳира лоиҳаи барқарор кардани Навори Ғаззаро бо кишварҳои Аврупо, Арабистони Саудӣ, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ дорад. Хароҷоти ин тарҳ ба эҳтимоли зиёд аз мавзуъҳои асосӣ аст.
Қасди Миср барои барқарор кардани Ғазза дар ҳолест, ки аввали моҳи феврал Доналд Трамп пешниҳод кард, ки сокинони ин борика барои ҳамеша ин борикаро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя азҷумла, Урдун ва Миср кӯч банданд. Кишварҳои арабӣ аз ҷумла, Миср ва Урдун қабули сокинони Ғаззаро рад карда, гуфта буданд, ки онҳо бояд дар хонаҳояшон бимонанд.
Навори Ғазза, ки беш аз 2 миллион аҳолӣ дорад, дар пайи 15 моҳ ҷанг миёни гуруҳи "Ҳамос" ва Исроил хароб шудааст. Ин ҷанг моҳи октябри соли 2023 бо ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил шуруъ шуд ва то январи соли 2025 давом кард. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.
Роҳбарони Аврупо ба Украина кафолати амниятӣ ваъда карданд

Баъди нишасти изтирорӣ дар шаҳри Париж, роҳбарони Иттиҳоди Аврупо барои додани кафолати амниятӣ ба Украина изҳори омодагӣ карданд. Аммо дар айни замон онҳо ҳушдор додаанд, ки мизони чунин кафолати амниятӣ ба ҳузури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вобастагӣ хоҳад дошт.
Нишасти Париж рӯзи 17-уми феврал ва як рӯз пеш аз музокироти баҳсбарангези Амрико ва Русия баргузор шуд. Қарор аст ҳайатҳои ИМА ва Русия рӯзи 18-уми феврал дар Арабистони Саудӣ вохӯранд.
Роҳбарони Иттиҳоди Аврупо 17-уми феврал ба пуштибонӣ аз Украина таъкид карданд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ҳафтаи гузашта гуфт, Киев мехоҳад, барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина ҳаракат кунад, вале афзуд, ки “мо кафолатҳои воқеии амниятӣ мехоҳем.”
Расонаҳо: "Ҳамос" ҷасади асирони ҳалокшударо ба Исроил месупорад

Расонаҳои Исроил гузориш доданд, ки гуруҳи фаластинии "Ҳамос" ҷасади чанд гаравгони ҳалокшударо ба Тел-Авив таслим мекунад. Ҳамаи онҳо рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроил дастгир шуда буданд. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ин гурӯҳи фаластиниро созмони террористӣ медонанд.
Расонаҳои исроилӣ аз интиқоли 4-5 ҷасад гузориш доданд, аммо номи онҳо феълан маълум нест. Дар назар аст, ки "Ҳамос" то 20-уми феврал номи ин асирони ҳалокшударо эълон кунад. Баъди он ҷасади ин гаравгонҳо барои ташхис ба Тел-Авив интиқол дода мешаванд. Танҳо баъди тасдиқ шудани шахсият, ҷасадҳо ба хешовандон дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол The Times of Israel гузориш додааст, ки “Ҳамос” аз озод кардани асирони зиндамонда худдорӣ накард. Ба гузориши ин манбаъ, рӯзи шанбеи 22-юми феврал “Ҳамос” боз 3 гаравгонро раҳо мекунад.
"Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар ҳамлае ба Исроил беш аз 1200 касро кушт ва зиёда аз 200 нафарро ба гарав гирифт.
Дар ҳамлаҳои Исроил ҳудуди 47 ҳазор фаластинӣ кушта ва даҳҳо ҳазори дигар захмӣ шуданд.
Ҷанги ду тараф понздаҳ моҳ давом кард ва моҳи январи имсол оташбас барқарор шуд.
Вазорати молия: қарзи Тоҷикистон аз Чин камтар шудааст

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта қарзи кишвар дар назди Чин коҳиш ёфтааст. Ба иттилои расмӣ, Душанбе аз Пекин феълан 820 миллион доллар қарздор аст, ки дар қиёс ба аввали соли 2024 ҳудуди 80 миллион доллар камтар мебошад.
Имсол муҳлати пардохти пули евробондҳо ва ҳам як қисм қарзи “Эксимбонк”-и Чин фаро мерасад. Барои ҳамин, Тоҷикистон соли 2025 бояд 473 миллион долларро баргардонад. То ин вақт кишвар солона барои пардохти қарзи хориҷӣ ва баҳраи онҳо бештар аз 200 миллион доллар харҷ мекард.
Масъалаи қарзи хориҷӣ ва тарзи истифодаву баргардондани он дар Тоҷикистон ҳамеша як мавзӯи нигаронкунанда будааст. Бахусус қарзҳои Чин, ки шарту шароиташ расман эълон намешавад.
Тибқи оморҳои ахири Вазорати молия, Тоҷикистон аз кишвар ва созмонҳои молии ҷаҳонӣ 3,2 миллиард доллар қарздор аст.
Ҳавопаймои амрикоӣ ҳангоми фуруд дар Торонто вожгун шуд

Як ҳавопаймои мусофирбари ширкати амрикоии Delta Airlines ҳангоми фуруд омадан дар яке аз фурудгоҳҳои шаҳри Торонтои Канада вожгун шуд. Бар асари ин ҳодиса 17 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ин ҳавопаймо бо 76 мусофир ва чаҳор сарнишин, рӯзи душанбе аз Миннеаполис дар Амрико ҳаракат карда буд ва ҳангоми нишаст дар фурудгоҳи "Пирсон"- Торонто, ки шоҳиди бориши сахти барф буд, вожгун шуд.
Ширкати Delta Airlines шумори захмиёнро 18 тан эълон кард, аммо баъдан мудири фурудгоҳи Торонто гуфт, ки ин сониҳа 17 маҷрӯҳ дошт, ки ба бемористонҳои маҳаллӣ интиқол ёфтанд.
Ҳоли се тан аз маҷрӯҳон, аз ҷумла, як кӯдак ва ду марди калонсол, вазнин гуфта мешавад.
Дар наворҳои видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки ҳавопаймо ҳангоми фуруд омадан мувозинати худро аз даст медиҳад ва пас аз расидан ба замин, ба таври комил вожгун мешавад.
Ҳамчунин видеоҳое аз хуруҷи амни мусофирон аз ин ҳавопаймо ва фаъолияти имдодгарон дар фурудгоҳ нашр шудааст.
Ин сониҳа боис шуд, ки парвозҳои вурудӣ ва хуруҷии фурудгоҳи "Пирсон" ҳудуди ду соат қатъ шавад.
"Пирсон" калонтарин фурудгоҳи Торонто аст ва қарор буд рӯзи душанбе бинобар бекор кардани чандин парвоз дар рӯзҳои гузашта бинобар барфбории сахт, шоҳиди издиҳоми парвозҳо бошад.
Сабаби сониҳаи рӯзи душанбе ҳанӯз эълом нашудааст, аммо ба навиштаи хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", эҳтимолан номусоидии ҳаво боиси он шудааст.
Боздошти садҳо муҳоҷир дар яке аз бозорҳои Маскав

Дар пайи рейд ё амалиёти муштараки Кумитаи тафтишотӣ ва пулиси Русия дар бозори Савеловскийи Маскав, наздики 300 нафар боздошт шудаанд.
Ин калонтарин рейд алайҳи муҳоҷирон дар аввали соли 2025 гуфта мешавад.
Ба нақли шоҳидон, нерӯҳои амниятӣ маҳз ҳуҷҷатҳои мардонро санҷиданд, ки худро дар комиссариати ҳарбӣ сабти ном накардаанд.
Бисёре аз фурӯшандагон бо дидани кормандони ҳифзи ҳуқуқ, кӯшиш кардаанд, ки моли худро партофта, аз нуқтаҳои фурӯш фирор кунанд.
Гуфта мешавад, ки аксари муҳоҷирони боздоштшударо ба мусофирбарҳо савор карда, бархеро ба маркази муҳоҷират ва бархеро ба комиссариати ҳарбӣ бурданд.
Навори рейд дар ҳоле нашр шудааст, ки дар саҳифаи Вазорати корҳои дохилии Русия дар ин минтақа дар бораи гузарондани рейд нисбати муҳоҷирон хабаре нест.
Владимир Зеленский ба Ховари Миёна рафтааст

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 16-уми феврал вориди Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шуд.
Ӯ гуфт, ки дар пайи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа аст ва сипас бо ҳамин ҳадаф ба Арабистони Саудӣ хоҳад рафт.
Ин дар ҳолест, ки ҳайате аз Амрико дар Арабистони Саудӣ омодаи гуфтугӯ бо Русия дар мавриди шеваи поён додан ба ҷанги Маскав дар Украина аст.
Зеленский рӯзи 15-уми феврал гуфт, Киев барои иштирок дар музокироти Амрико ва Русия дар Арабистони Саудӣ даъват нашудааст.
Вай афзуд, пеш аз машварат бо ҳампаймонҳои аврупоии худ ҳеч нияти ширкат дар гуфтушунидро надорад.
Мақомоти амрикоӣ пештар гуфта буданд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар ҳоли фиристодани ҳайати баландпоя ба Арабистони Саудӣ барои оғози музокирот бо Русия аст.
Ҳамлаҳои вайронгари Русия бо мушаку дрон ба чанд гӯшаи Украина

Русия шаби 16 ба 17-уми феврал ба чанд минтақаи Украина, аз ҷумла вилояти Днепропетровск, бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамла кардааст.
Мақомоти Украина гуфтанд, ки дар ин ҳодиса ҳашт кас осеб дид.
Ширкати "Укрэнерго" маҷбур шудааст, интиқоли нерӯи барқро ба чанд минтақа қатъ кунад.
Намояндагони ҳукумат дар вилояти Днепропетровск гуфтанд, дар ин минтақаи Украина як зани 64-сола ва се мард захмӣ шуданд. Вазъи яке аз онҳо вазнин будааст.
Ҳамчунин ба сабаби ҳамлаҳои Русия дар Днепропетровск ҳашт бинои баландошёна, корхонаҳои саноатӣ, мактабу фурӯшгоҳҳо ва хати интиқоли барқ зарар дидааст.
Роман Мрачко, раиси маъмурияти Херсон, гуфт, дар пайи ҳамлаҳои Русия ду ноҳия бе барқ монд ва дар як ноҳия дар шабонарӯз ҳамагӣ чор соат об дастрас мешаваду бас.
Ҳалокати 552 кас дар як сол дар роҳҳои Тоҷикистон

Садама ё тасодуфҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон дар соли 2024 сабаби марги 552 кас шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар умум дар ин сол зиёда аз 1200 садама рух дод.
Беш аз 1350 каси дигар маҷруҳ гаштаанд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, дар нишасти матбуотии 13-уми феврал гуфт, теъдоди садамаҳо ва қурбониён дар муқоиса ба соли 2023 андаке поин аст, вале ҳамоно ташвишовар мемонад.
Суръати баланд, дар ҳолати мастӣ рондани мошин ва беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракат дар роҳҳо сабаби маргумири зиёд гуфта мешавад.
Мошинҳои куҳна, роҳҳои ноҳамвори кӯҳӣ, беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ дар мактабҳои ронандагии Тоҷикистон низ дар ин мусибатҳо нақш доштаанд.
Як роҳи нави қочоқи маҳсулотро дар Тоҷикистон ошкор кардаанд

Қочоқбарон барои ворид кардани молу маҳсулот ба Тоҷикистон роҳҳои навро пеш гирифтаанд.
Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук Тоҷикистон, рӯзи 12-уми феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш гуфт, ахиран шеваи қочоқи маводи мухаддирро ошкор карданд, ки бесобиқа мебошад.
“Маводро дар даруни сангҳои стеотити коркардшуда, сангҳои табиӣ ҷойгир кардаанд, ки аз санг фарқ намекунед. Ҳар як санги табииро алоҳида-алоҳида бо болға шикаста, баъд мефаҳмед, ки дар дарунаш маводи мухаддир ҷойгир карда шудааст”, - изҳор дошт Каримзода.
Ба гуфтаи ӯ, маводи мухаддирро аз мошине ёфтаанд, ки қарор буд сангҳои коркардшудаи як ширкати чиниро аз Афғонистон ба Чин барад. Вале ин бори мамнуъ дар Тоҷикисон кашф ва мусодира шуд. Каримзода афзуд, ки дар ҳоли ҳозир тафтиши қазия идома дорад ва ҷониби Чинро дар ин бора огаҳ хоҳанд кард.
Хуршед Каримзода мегӯяд, маводи мухаддир дар дохили сангҳо танҳо баъди садама ё тасодуфи мошини борбар дар ҳудуди Тоҷикистон ошкор шудааст: “Маълум мегардад, ки дар дохили ин бор маводи мухаддир, метаамфетамин дар намуди ҳабҳо ҷойгир шудааст.”
Масъулони Хадамоти гумрук мегӯянд, кашфи воридоти дуздонаи молҳои заргарӣ ба кишвар низ душвортар шудааст. Ба гуфтаи Каримзода, қочоқбарони маснуоти заргарӣ низ аз усули нав истифода мекунанд.
“Як усуле, ки мо ҳамеша пайгирӣ мекунем ин аст, ки тоҷирон дар дохили ҳавопаймо маҳсулоти заргариро ба мусофироне, ки вайро ҳамроҳӣ мекунанд, тақсим менамоянд. Ҳамин ҳолатҳо ҷой доранд ва ошкор кардани он бисёр душвор аст. Зеро, тибқи қонунгузорӣ ҳар нафар ҳуқуқ дорад, ки як миқдори муайяни тиллоро бе расмиёти гумрукӣ ба кишвар ворид намояд," - афзуд ӯ.
Истифодаи қочоқбарон аз роҳу шеваҳои нав дар ҳоле рӯй медиҳад, ки ба иттилои Хадамоти гумрук соли гузашта қариб чоруним ҳазор талоши қонуншиканӣ сабт шудааст. Ин нишондод назар ба соли 2023 қариб ҳазору сад адад зиёдтар мебошад.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон 22-юми январи соли 1992 таъсис ёфтаааст. Ба дӯши ин ниҳод ғайр аз ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, танзими фаъолияти иқтисоди берунӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҳамлу нақли ашёи дорои арзиши таърихиву фарҳангӣ гузошта шудааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар як ҷаласа раҳбарони ин ниҳодро ба беамалӣ айбдор кард ва гуфт, ки кормандон миёни худ гузаргоҳҳои марзиро тақсим кардаанду ба таври худ ҳамлу нақли молу колоро назорат мекунанд ва даст ба ришваситонӣ мезананд. Яке аз чунин кормандонро раисҷумҳур бо вуҷуди ҷиноятҳои зиёде, ки номбар кард, ба далели ҷавон буданаш аз ҷазо озод намуд.
Ба гуфтаи Хуршед Каримзода, “ дар соли гузашта 14 корманди ин ниҳод, аз ҷумла бо гумони сохтакорӣ ва суистифода аз мақом ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст”.
Марко Рубио гуфт, "Ҳамос" бояд решакан карда шавад

Марко Рубио, котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико, сафари худро ба Ховари Миёна рӯзи 16-уми феврал аз Исроил оғоз кард.
Ӯ рӯзи якшанбе гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз ҳадафҳои ҷангии Исроил дар Ғазза комилан пуштибонӣ мекунад ва афзуд, гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" бояд решакан карда шавад.
Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.
"Ҳамос" наметавонад ҳамчун нерӯи низомӣ ё давлатӣ кор кунад ва то он даме ки ин гурӯҳ ҳамчун як қудрат ҳукмронӣ кунад, сулҳ ғайриимкон хоҳад буд," – афзуд Марко Рубио.
Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба Исроил ҳамла карда, камаш 1200 нафарро кушт ва тақрибан 250 нафарро гаравгон гирифт.
Ин амал сабаби ҳамлаи Исроил аз замину ҳаво ба Ғазза шуд. Дафтари умури башардӯстонаи Созмони Милал мегӯяд, дар ин муддат беш аз 48 ҳазор фаластинӣ кушта ва зиёда аз 111 ҳазор кас захмӣ гаштанд.
Дар ҳоли ҳозир оташбас миёни Исроил ва "Ҳамос" идома дорад. Рӯзи 15-уми феврал 369 зиндонии фаластинӣ дар ивази раҳоии се гаравгони исроилӣ озод карда шуданд.
Беш аз 50 зодаи Осиёи Марказӣ дар Украина асир шудаанд

Мақомоти Украина гуфтаанд, ки беш аз 50 зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин кишвар асир шудаанд. Онҳо аз тарафи Русия меҷангиданд.
Шумораашон ин гуна будааст: 21 қазоқ; 18 тоҷик; 14 узбек ва 1 қирғиз.
Аксари ин сарбозон ҳамзамон бо шиносномаи кишвари худ шиносномаи Русияро доранд. Аз 21 қазоқистонӣ 6 нафар фақат шаҳрвандии ин кишварро доштаанду бас.
Русия аз соли 2022 бо ваъдаи осон кардани тартиби гирифтани шаҳрвандӣ ба ҷалби муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷанги зидди Украина шуруъ кард.
Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳам дар ин давра ба ҷанг дар Украина бурда шудаанд.
Мақомоти Украина ва лоиҳаҳое, ки ба ҷустуҷӯйи асирон машғуланд, шумори дақиқи зодагони Осиёи Марказиро, ки бар ивази сарбозони украинӣ ба Русия баргардонда шудаанд, ошкор намекунанд.
То кунун хабари нопадид, асир афтодан ва кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Украина расонаӣ гардидааст. Касоне, ки дар артиши Русия хидмат мекарданд, зиндонӣ буданд, маҷбурӣ ва ё бо шарти осон гирифтани шаҳрвандӣ ба майдони ҷанг дар Украина бурда шудаанд.
Дар Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон чанд нафар бо гуноҳи ширкат дар ҷанги Русия алайҳи Украина ҷазо гирифтанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳам ба шаҳрвандон ҳушдор дода буданд, ки дар ҷанги Украина ширкат накунанд, вале то кунун касеро ҷазо надодаанд ё ҳадди ақал расонаӣ накардаанд.