Фиристодаи вижаи Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, намояндагони "Толибон" барои арзёбии сарнавишти ин кишвар ба Маскав даъват шудаанд. Хабаргузории "Рейтерс" гузориш дод, ки музокирот бояд 20-уми октябр баргузор шавад. Ба он намояндагони Чину Ҳиндустон, Покистон ва Эрон низ даъват шудаанд. Тафсилоти бештар нашр нашудааст.
Билол Каримӣ, муовини сухангӯйи "Толибон", ба бахши Радиои "Афғонистони Озод" гуфтааст, мавқеи худро дертар хоҳанд гуфт.
Музокироти Маскав пас аз нишасти бист кишвари саноатии ҷаҳон ё G-20 бахшида ба арзёбии вазъи башарии Афғонистон дар давраи ҳукмронии "Толибон" барпо хоҳад шуд. Маскав дар моҳи март низ конфронси байнулмилалиро бахшида ба вазъи Афғонистон доир карда буд.
Баъди фурӯпошии ҳукумати Афғонистон дар моҳи август ва сари қудрат омадани “Толибон”, Маскав муомила бо ин гуруҳро ба роҳ монд, вале ҳукумати онҳоро эътироф накардааст. Гурӯҳи “Толибон” дар Русия "созмони мамнӯи террористӣ" аст.
Дар ҳамин ҳол, Маскав нигарон аст, ки нооромиҳову хушунати Афғонистон имкон дорад, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сироят кунад. Аз ин ҷост, ки Маскав дар Тоҷикистон як идда тамринҳои низомӣ баргузор намуда, силоҳу муҳиммоти пойгоҳашро дар Тоҷикистон тақвият бахшидааст.
Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия, 7-уми октябр гуфт, Маскав вазъро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бодиққат назорат дорад. "Агар зарур шавад, дар чорчӯби усули иттиҳод ва шарикии стратегии Русияву Тоҷикистон чораҳои қатъӣ андешида хоҳанд шуд", -- афзуд ӯ.
Аз замони гирифта шудани Кобул аз сӯи "Толибон", Тоҷикистон дар баробари ҳодисаҳои Афғонистон мавқеи ошкоро гирифт ва гуфт, танҳо ҳукумати ҳамашумул ё фарогирро эътироф мекунад.
Масъулини баландпояи Тоҷикистон дар чанд муносибат эълон карданд, ки тоҷиктаборон бояд дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Садо баланд кардани мақомоти тоҷик дар бораи вазъи Панҷшер низ ин андешаро ба миён овард, ки Душанбе аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмади Масъуд пуштибонӣ мекунад.
Дар муқобил, гурӯҳи "Толибон" пас аз як моҳи хомӯшӣ ба баёнияҳои Тоҷикистон вокуниш нишон дод. Муовини раиси ҳукумати "Толибон" 26-уми сентябр ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад, вагарна "ҳар кор пайомад дорад."
Гурӯҳи тундрави “Толибон” баъди 20 сол дигарбора ҳукуматро дар Афғонистон ба даст гирифт, вале то ҳанӯз ҳеч кившаре ба расмият нашинохтааст. Дар айни замон баъзе аз кишварҳо ҳамкориро бо ҳукумати “Толибон” ба роҳ мондаанд.