Агар умр вафо мекард, овозхони маъруф Наргис Бандишоева 8-уми октябр ба синни 55 мерасид. Ӯ моҳи сентябри соли 1991 ба таври фоҷиавӣ дар як садамаи роҳ ҷон бохт.
"Ман дигар танҳо наям байни замину осмон..." Ин яке аз таронаҳоест, ки Наргис Бандишоеваро машҳур кард. Он 30 сол пеш суруда шудааст, аммо имрӯз ҳам сари забонҳост.
Наргис фурсати хеле кам дошт. Суруди зиёд нахондааст, вале бо он чанд таронаи сода ва ҷаззобаш мондагор шуд.
Зеваршои Муҳаммад, муаллифи барномаҳои тафреҳӣ, сирри чунин маҳбубият ёфтани Наргис Бандишоеваро ба омезиши шеваҳои мардумӣ ва муосири мусиқӣ пайванд дод. Вай гуфт: "Бале, ансамбли "Гулшан" як таҷрибаеро дошт, ки мусиқии мардумиву маҳаллиро бо омезиши мусиқии муосир пешниҳод мекард. Аммо онҳо бештар ба мусиқии мудерн, мусиқии эстрада такя мекарданд."
Ҳамкорону ҳампешагон ҳунари Наргисро хориқулода медонанд ва аз ӯ хотираҳои аҷиб доранд.
"Ман доимо ӯро ҷанҷол мекардам, ту бояд машқ кунӣ, таронаҳоятро сабт кунӣ. Аммо ӯ бо хандаву шӯхӣ мегуфт, меоям... Як умр ҳамин тавр буд. Аммо ба ӯ ҳама чиз ба осонӣ даст медод. Худованд ба ӯ дода буд, аз пешонааш бӯсида буд. Тӯҳфаи худодиро тақдимаш карда буд. Ана, ҳамин хел буд ӯ", -- ба ёд овард Зураб Кокоев, коргардони овоз.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Наргис Бандишоева дар хонаводаи ҳунарманд бузург шуда буд. Дар 7-солагӣ бори аввал рӯйи саҳна баромада, аммо баъдан муддати дароз хомӯш буд. Донишкадаи ҳунарро хатм кард ва аз нав ба саҳна баргашт. Акнун бо сабку симои хосу нотакрор.
Зарринаи Хушвақт, рӯзноманигор ва духтари холаи Наргис Бандишоева, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ӯ аз хурдӣ шавқи овозхонӣ дошт. Метавонист, ба мисли Юлдуз Усмонова як ситораи мусиқии Шарқ шавад, вале афсӯс, ки зуд рафт ва то ҳол ҷояш холист."
Ба қавли Олег Фезов, ҳунарманди тоҷик, "ҳар насл роҳи хоси худро дорад. Барои Наргис осон буд, барои он ки ин ҳама чиз ба ӯ ирсӣ буд. Вай дар кӯдакӣ мусиқии мардумиро гӯш медод ва мусиқии ғарбиро дӯст медошт. Пайвастани ин ду мусиқӣ ба Наргис хеле мақбул буд."
Наргис Бандишоева дар муддати кӯтоҳ ба гирифтани чанд ҷоиза дар берун аз Тоҷикистон даст ёфт. Аммо дарёфти ҷоизаи "Садои Осиё" дар Қазоқистон дар соли 1991 барояш нуқтаи авҷ ва баландтарини ҳунар дар зиндагиаш буд. Ҳарчанд бовар надошт дар миёни ҳунармандони маъруфи минтақа пирӯз мегардад.
Худи Наргис он замон гуфта буд: "Ҳатто умед надоштам. Инро мунтазир набудам. Табиати ман ин аст, ки нобовар ҳастам. Ҳарчанд ин ҷоизаро гирифта бошам ҳам, намедонам, дар оянда чӣ мешавад. Ба ман ёрӣ мекунад ё не."
Ҷоизаи "Садои Осиё" дар Қазоқистон ҷоизаи охирини Наргис буд. Як моҳ пас аз он ҷашнвора, дар авҷи шуҳрат, ӯ 21-уми сентябри соли 1991 дар як садамаи роҳ, ҳангоми бозгашт аз Варзоб ба ҳалокат расид. Дар 25-солагӣ. Он замон сару садоҳо паҳн гашта буд, ки гуё ин садамаро рақибонаш созмон доданд. Аммо ҳамроҳони Наргис, ки аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурдаанд, ин сару садоҳоро рад мекунанд.
Марианна Орифова, ҳамсафари Наргис Бандишоева ва шоҳиди ин садама чунин гуфт: "Жигули"-и мо дар наздикии қаҳвахонаи "Чорбед" ба автобуси "Икарус" бархӯрд. Маро аз мошин берун оварданд, дасту поям шикаста буд. Дар паҳлӯям ҷисми Наргисро гузоштанд, ки аллакай беҷон буд. Дар он ҳодиса ронанда ва боз як ҳамроҳи мо фавтиданд. Ин сафари мо ба Варзоб ногаҳонӣ буд. Касе хабар надошт, ки барои ҷашни зодрӯзи гузаштаам ба Варзоб меравем. Ба ин далел, ин садама созмонёфта набуд, тасодуфе беш набуд."
Ҳоло дар манзиле дар маҳаллаи 103-юми Душанбе, ки дар он Наргис Бандишоева зиндагӣ мекард, ҳама чизи ӯ ва аксу наворҳояш мисли 30 сол пеш хобидаанд. Танҳо худи ӯ дар он миён нест. Аммо садояш зинда аст ва фазоро пур мекунад...