Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки бо Қазоқистон масъалаи воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро матраҳ карданд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дидори мақомоти тоҷику қазоқ дар ин бора рӯзи 5-уми октябр дар шаҳри Нурсултон баргузор шуд. Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот раҳбарони ширкатҳои қазоқии "КазМунай газ" ва "Тенгиз Шевройл" иштирок намудаад.
"Ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, таҳвил додани маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Тоҷикистон, имзои шартномаҳо миёни воридоткунандагони тоҷикистонӣ ва корхонаҳои истеҳсолии қазоқистонӣ дар самтҳои мазкур, инчунин имконияти татбиқи меъёри сифрии хироҷҳои гумрукиро зимни анҷоми амалиёти дахлдори тиҷоратӣ баррасӣ намуданд",-хабар медиҳад сомонаи ВКХ.
Қазоқистон аз таъминкунандаи асосии гази моеъ ба Тоҷикистон аст, ки 80 дарсади ронандагони тоҷик аз он истифода мебаранд. Чанд моҳи охир қимати гази моеъ ва дигар намуд сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафт ва нигаронии сокинонро ба миён овард. Дар пайи болоравии нархи сӯзишворӣ, роҳкиро ҳам боло рафт.