Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Русия дар бораи заҳролудкуни Навалний пурсиданд


Алексей Навалнийро баъди заҳролуд шуданаш дар Русия барои муолиҷа ба беморхонаи Берлин интиқол доданд. Августи соли 2020
Алексей Навалнийро баъди заҳролуд шуданаш дар Русия барои муолиҷа ба беморхонаи Берлин интиқол доданд. Августи соли 2020

Гурӯҳе аз 45 кишвар, аз ҷумла ИМА, Бритониё ва Олмон аз созмони нозири силоҳҳои кимиёӣ талаб карданд, ки Русияро барои посух додан дар бораи заҳролудкунии сиёсатмадори зиндонӣ Алексей Навалний водор кунад. Рӯзи 5-уми октябр дар ҷаласаи Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ кишварҳои ғарбӣ феҳристи саволҳоеро барои посухгӯ кардани Русия пешкаш карданд. Дар изҳороти Департаменти давлатӣ омадааст: “Муддати дароз ИМА ва дигар аъзои ҷомеаи байналмилалӣ дар заминаи талоши куштори ҷаноби Навалний бо силоҳи кимиёӣ дар таърихи 20 августи соли 2020 интизори шарҳу тафсир аст ва саволи дигар ин аст, ки оё ин кишвар бо Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ ҳамкорӣ мекунад?” Дар идомаи ин нома омадааст: “Русия ҳамоно дар масъалаи марбут ба заҳролудшавии ӯ ношафоф аст”.

Бар асоси муқаррароти созмон, Русия бояд дар давоми 10 рӯз ҷавоб диҳад. Маскав доимо даст доштанаш дар заҳролудкунии Навалнийро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG