Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси беш аз сад ҳазор сомонӣ. Чаро Ғиёсиддин худкушӣ кард?


Ҷасади Ғиёсиддин Аюбзодаро 5-уми октябр дафн карданд
Ҷасади Ғиёсиддин Аюбзодаро 5-уми октябр дафн карданд

Таҳқиқи худкушии як корманди "Амонатбонк" дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд оғоз шудааст.

Ҷасади Ғиёсиддин Аюбзодаи 27-соларо рӯзи 5-уми октябр дар деҳаи Ревади ноҳия дафн карданд.

Наздиконаш гуфтанд, ӯ як рӯз пеш дар ҷойи кор худкушӣ карда, дар номае далели рафторашро ба баҳси пулӣ рабт додааст. Мақомот то ҳол фарзияи худкушии ӯро нагуфтаанд.

Аюбиддин Хуҷов, падари Ғиёсиддин, панҷуми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "марги ӯ ба моҷарои оилавӣ вобаста набуд, балки ба мушкилоти корӣ пайванд дорад. Дар нома қарзгирии чанд сокини ноҳия зикр шудааст. Онҳо ба номи писарам қарз гирифта, барнагардондаанд."

Хуҷов мегӯяд, пештар дар бораи ин қазия хабар надошт.

Қутбиддин Мерганов, мудири намояндагии "Амонатбонк" дар ноҳияи Айнӣ гуфт, онҳо низ номаро хондаанд ва дар онҷо гап дар бораи 150 ҳазор сомонӣ меравад.

"Овозаҳое, ки гуё бо роҳбарияти бонк нофаҳмӣ дошт, асос надорад. Дар нома шикоят аз кормандони бонк нест. Он шахсоне, ки маблағи бонкро аз дасти ӯ гирифтаанд, бояд зиёнро барқарор кунанд", -- афзуд ӯ.

Ҳоло чашмҳо ба тарафи муфаттишон дӯхта шудааст, ки ҳангоми таҳқиқи қазия чӣ ба даст меоранд.

Ғиёсиддин Аюбзода писари ягона хонавода буда, аз ӯ як писару ду духтар мондааст.

Моҳи марти имсол ҷасади Икром Ҷабборзода, сокини 42-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва корманди бонки давлатии "Амонатбонк"-ро аз соҳили дарёи Душанбе ёфтанд. Мақомот он замон гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст, аммо наздиконаш шубҳа доштанд.

XS
SM
MD
LG