Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" як паноҳҷӯро дар марзи Тоҷикистон ба қатл расонданд


Хаймаи паноҳҷӯёни афғон дар марзи Ишкошим
Хаймаи паноҳҷӯёни афғон дар марзи Ишкошим

Манбаъҳои Радиои Озодӣ аз ноҳияи Ишкошими Афғонистон хабар доданд, ки "Толибон" як паноҳҷӯро, ки мехост ба ҳудуди Тоҷикистон гузарад, ба қатл расонда, як нафари дигарро бо номи Ҳоҷӣ Бобо бо худ бурдаанд. Намояндаи "Толибон" ё мақомоти дигари вилояти Бадахшони Афғонистон барои шарҳи ин хабар дастрас нашудаанд.

Бино бар гузоришҳо дар вулусволии Ишкошими Афғонистон, ки бо Ишкошими Тоҷикистон ҳаммарз аст, наздики 2000 паноҳҷӯ ҷамъ омада, аз охирҳои моҳи август ба ин сӯ талош доранд, дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ ёбанд. Вале мақомоти марзбонии Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки паноҳандагонро ба гузаштан аз марз иҷоза надиҳанд.

Чанде аз паноҳҷӯён ба Радиои Озодӣ гуфтанд, марзбонони тоҷик на бо онҳо, балки сарбозони "Толибон" гуфтугӯ кардаанд ва изҳор доштаанд, ки марзро барои гурезаҳо боз намекунанд.

Рӯзи 2-юми октябр яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта ҷангҷӯёни "Толибон" ба ин паноҳандагон, ки асосан занону кӯдакон ва солмандон мебошанд, ҳушдор додааст, ба маконҳои худ дар вилоятҳои гуногуни Афғонистон баргарданд.

"Онҳо мардумро ҷамъ карда, бо таҳдиду зӯргӯӣ маҷбур мекунанд, ба мошинҳое савор шаванд, ки онҳоро ба Кобул мерасонанд. Ҳамчунин дар пайи ёфтани панҷшериҳо ҳастанд ва як мардро бо гумони низомӣ ва панҷшерӣ будан бо худ бурданд,” -- гуфт ин манбаъ, ки чанд муддат аст бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дорад.

Вай ҳамчунин тасдиқ кард, ки баъзе аз толибҳо аз омадани як нерӯи бузургтар аз Кобул ба Ишкошим хабар додаанд. Ба гумони ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ҳадафи ин нерӯҳо баргардондани паноҳҷӯён аз марзи Тоҷикистон буда метавонад.

"Зеро онҳо таъкид карданд, ки акнун бархӯрд бо муҳоҷирин ҷиддитар хоҳад шуд ва дар ин худи онҳо гунаҳкор хоҳанд буд, чун ба маконҳои зисти худ барнагаштанд," -- гуфт манбаи Радиои Озодӣ.

Мавлавӣ Нисор Аҳмад Аҳмадӣ, муовини волии "Толибон" дар Бадахшон, рӯзи 1-уми октябр ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, "Толибон" ба зудӣ дастаҳои маргталаби худро ба вулусволии Ишкошими ҳаммарз бо Тоҷикистон хоҳад фиристод.

XS
SM
MD
LG