Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен гуфт, ИМА рӯзноманигоронро дар саросари дунё ҳимоят мекунад


Ҷамол Хошуқҷӣ.
Ҷамол Хошуқҷӣ.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен бахшида ба солгарди қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ, ки эҳтимол меравад, се сол пеш бо фармоиши мақомоти Арабистони Саудӣ кушта шудааст, изҳоротеро нашр кард.

"ИМА ҳамеша аз усуле ҷонибдорӣ мекунад, ки бар асоси он, инсон дар саросари олам ҳақ дорад, бидуни ҳарос аз муҷозот ё пайомади нохуш ҳуқуқҳои шаҳрвандии худро истифода кунад", - омадааст дар изҳорот.

Вашингтон баъди он ки натиҷаҳои таҳқиқи куштори Хошуқчӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Истамбули Туркия ба Конгресс пешниҳод шуд, барои пешгирӣ аз рух додани ҳолатҳои ҳамсон иқдомҳоеро рӯи даст гирифт.

"Мо ҳамоҳангии талошҳо барои пешгирӣ ё вокуниш ба ҳама гуна ҳамлаҳои ҳукуматҳоро ба рӯзноманигорон, фаъолон ва дигарандешон дар хориҷ аз давлатҳояшон оғоз кардем. Мо ҳамчунин сиёсати ҷаҳонии маҳдудияти додани раводид (виза)-и Амрикоро таҳти унвони Хошуқчӣ таҳия кардем ва бар асоси он, раводиди ҳамаи шахсоне, ки дар таъқиби рӯзноманигорон, фаъолон ва дигарандешон даст доранд, бозхонд карда мешавад", - омадааст дар изҳорот.

Ҷамол Хошуқчӣ, ки дар хориҷа зиндагӣ мекарду бо мақолаҳои интиқодиаш дар ҳақи раҳбарияти Арабистони Саудӣ ном бароварда буд, соли 2018 дар дохили консулгарии саудӣ дар шаҳри Истамбул кушта шуд. Баъди ин куштор ҷасади ӯро пора-пора карда, аз дохили консулгарӣ берун бурданд ва то ҳол осоре аз ҷасади ӯ пайдо нашудаанд.

Баъди куштори Хошуқчӣ аввал шуда бисёриҳо валиаҳди саудӣ Муҳаммад бин Салмонро ҳамчун фармоишгари эътимолии куштор номиданд. Валиаҳд даст доштанаш дар ин кушторро рад кардааст. Арабистони Саудӣ аввал талош кард, ки кушторро рад кунад, вале баъди чанд вақт инро эътироф кард. Мақомоти саудӣ гуфтанд, ки кормандони хадамоти вижаи консулгарӣ бо ташаббуси худ амал мекарданд ва кори онҳоро ба додгоҳ супурданд.

Оилаи Хошуқчӣ бо нашри як изҳорот хост, ки қотилони журналист афв шаванд. Қонунҳои саудӣ мегӯянд, ки дар чунин ҳолат қотилонро ба марг маҳкум намекунанд. Дар ниҳоят, ҳамаи муҷримон дар ин қазия ба мӯҳлатҳои мухталифи зиндон маҳкум шуданд

XS
SM
MD
LG