Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалолиддини Балхӣ – "оташе дар бешаи андешаҳо". ВИДЕО


Тасвире аз Ҷалолиддини Балхӣ
Тасвире аз Ҷалолиддини Балхӣ

30-юми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ, аз намоёнтарин суханварони форсу тоҷик, таҷлил шуд, ки дар қарни 13 такони бузурге ба адабиёт ворид кардааст. "Девони Шамс" ва "Маснавии Маънавӣ", ки аз шаш дафтар иборат буда, асосҳои фалсафаи тасаввуфро дар бар мегирад, аз бузургтарин осори ӯ ба шумор мераванд.

Дар замони Шӯравии собиқ, ки Тоҷикистон ҷузъе аз он буд, таълими осори Мавлоно дар мактабҳо мамнуъ буд. Ба фарқ аз имрӯз он замон шахсони мазҳабӣ ба таври пинҳонӣ дар хонаҳояшон ашъори Ҷалолиддини Балхиро меомӯхтанд ва ба дигарон таълим медоданд.

Дар ҳоле ки Мавлонои Балхӣ ва осораш оламро тасхир карда буд, дар зодгоҳаш зиндагӣ ва осори ӯ таҳқиқ нашуда буд. Ба қавли адабиётшинос, Ҷамолиддин Саидзода, "мавлавишиносие, ки ҳоло дар Амрико аст, яке аз пештозтаринҳо аст. Мавлавӣ дар ин кишвар шоири пурхонандатарин аст. Онҳо бештар Мавлавиро дар қаламрави ирфону тасаввуф баррасӣ мекунанд, вале ӯро бояд дар қаламрави ирфону тасаввуфу дин маҳдуд накунем."

Солҳои 90-уми қарни гузашта мавлавихонӣ дар Тоҷикистон сартосарӣ шуд ва дар бахшҳои фарҳангу ҳунар аз ашъори Ҷалолиддини Балхӣ фаровон истифода мешуд.

Ортиқи Қодир, ҳунарпешаи тоҷик, рӯзи 30-юми сентябр гуфт, "девони Мавлоно он қадар оташе дар бешаи андешаҳои мардум барангехт. Баъд аз намоиши “Юсуфи гумгашта” боз мардум бештар ба таълимоти ӯ таваҷҷуҳ карданд.”

Намоишномаи “Юсуфи гумгашта” аз рӯи осори Ҷалолиддини Балхӣ дар соли 1990 оғози фаъолияти театри таҷрибавии “Аҳорун” гашт. Коргардони маъруфи тоҷик, Фаррух Қосимов, ҳамчунин аз осори Мавлоно чанд намоишномаро дар ин театри таъсисдодааш ба намоиш гузошта буд, ки ҳам ба коргардон ва ҳам театри “Аҳорун” шуҳрат овард.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Дар Душанбе аз Мавлавии Балхӣ ёд карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:09 0:00

Ҳоло дар Тоҷикистон он шӯру шавқи мавлонохонӣ, ки дар оғози истиқлоли кишвар ба мушоҳида мерасид, то ҷое камтар шудааст. Ҳарчанд 30-юми сентябрро Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ эълон кардаанд, “Маснавии Маънавӣ” ва “Девони Шамс”-и ӯро камтар мехаранд ва камтар мехонанд.

Азизи Нақибзод, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, "дар нашриёти "Адиб" 3 ҷилд китоб ҳамагӣ ба 45 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин беҳад арзон аст. Тиражаш ҳадди аксар, гумон мекунам, 1000 дона буд, на бештар аз ин, вале ҳамонро ҳам бо таблиғи нашриёт дар 3-4 сол фурӯхтанд.”

Ба қавли Нақибзод, як сабаби кам шудани таваҷҷуҳи хусусан ҷавонон ба осори Мавлонои Балхӣ “таблиғи бархе диндорони наврустаи ноогоҳ аст”, ки навиштаҳои ӯро “нодурст мешуморанд”. Баъзе аз рӯҳониён ин ақидаро иштибоҳ мегӯянд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, гуфт, “мутаассифона, баъзе аз гуруҳҳо, баъзе аз шахсиятҳо маълумоти сарсарӣ доранд. Барои ҳамин, дарки фикри Мавлоно намекунанд.”

Дар гузашта миёни чаҳор кишвар – Тоҷикистону Эрон ва Афғонистону Туркия – бар сари мансубияти кадом кишвар будани Мавлоно ва осори оламшумулаш баҳсҳо буд. Донишмандони тоҷик мегӯянд, осори Мавлоно бо гузашти асрҳо аз маҳдудаи як миллату як кишвар кайҳо гузаштаву ба як мероси бебаҳои фаромиллӣ табдил ёфтааст ва ба тамоми башарият тааллуқ мегирад.

Худи Мавлоно ҳам байте дорад, ки ба ин ҳама баҳсҳо дар бораи ба кӣ тааллуқ доштани ӯву осораш нуқта мегузорад:

“Рӯҳ бо илм асту бо ақл аст ёр,

Рӯҳро бо тозиву туркӣ чӣ кор?"

XS
SM
MD
LG