Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин гуфт, ки таҳқиқи қазияи аз ҷониби як марди 29-солаи тоҷик латукӯб шудани як пизишки русро баъди муоина кардани ҳамсари ҳиҷобпӯши ӯ таҳти назорати худ гирифтааст. Матбуоти Русия менависад, марди тоҷик ба авбошӣ бо истифода аз зӯроварӣ муттаҳам мешавад. Додгоҳ қарор кардааст, ки дар ҷараёни тафтишот Баҳриддин Азимов, ки зимнна шаҳрвандии Русияро дорад, аз ҳаққи тарки ҷои зист, сӯҳбат бо шоҳидон ва аз истифодаи воситаи алоқаву Интернет маҳрум мешавад. Назари худи Азимов ба ин қазия маълум нест.
Ҳодиса рӯзи 21-уми сентябр рух дод. Дар хабарҳо омадааст, ки баъди он ки як духтури пӯст ҳамсари ҳиҷобпӯши Азимовро муоина мекунад, ӯ ба утоқи пизишк даромада ба рӯяш ду мушт мезанад. Дар ҷараёни бозпурсӣ Азимов гуфтааст, ки духтур ҳангоми аз назар гузаронидани ҳамсараш ба ӯ «гап партофтааст ва пурсидааст, ки чаро халтаро ба сараш кашидааст». Гӯё ин ҳарфзо боиси хашми зодаи Тоҷикистон шудааст. Ҳоло ба ӯ то 300 ҳазор рубл ҷарима ва ё ҳукми зиндон таҳдид мекунад.