Имрӯз дар "Озодӣ Онлайн" дар бораи фоҷиаи ду хонавода мегӯем, ки яке ҷигарбандашро аз даст дод ва дигарӣ ҳамсару модари фарзандашро. Суҳбат дар бораи Хуршеда Холмуродоваи 25-сола аст, ки ба гуфтаи мақомот аз ҷабру ситами хушдоманаш сирко хӯрда, худро кушт ва фарзанди ягонаашро ятим гузошт. Таҳқиқи ин парванда идома дорад ва ҳамингуна баҳси зиёд дар вебсайту саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм.
Аз шарҳи корбаре оғоз мекунем, ки гуфтааст, худкушии духтарони ҷавон дар хонаи шавҳар мисли як тамоюле шудааст, чун гунаҳкорони марги онҳо ҷазо намегиранд. Шарҳаш чунин аст: "Ҳар моҳ як келин худкушӣ мекунад. Келинро то андозае азоб медиҳанд, ки онҳо даст ба худкушӣ мезананд. Дар хонаи шавҳар намегунҷанд, дар хонаи падар намегунҷанд. Баъд роҳи ҳалро дар худкушӣ мебинанд. Модарони азиз, ба духтарони худ фаҳмонед, ки баъди шавҳар кардан ҳам ба Шумо даркоранд."
Шумораи зиёде аз корбарон, бахусус духтарон, навиштаанд, ки сабаби марг ва ё худкушии Хуршедаи 25-сола бешак хонаводаи шавҳар аст, ки бо ӯ шояд бадрафторӣ кардаанд, ё пайваста озор додаанд.
Шарҳи як корбари дигари Инстаграмро мехонем, ки худро Малика Сафарова муаррифӣ кардааст: "90 дарсади хонаводаҳо келинро ҳамчун узви оила қабул намекунанд. Келинро ҳеч кас ҳисоб мекунанд, қадру қимат надорад. Агар ҳар як хонавода келинро ҳамчун фарзанди худаш қабул кунад, на худкушӣ мешавад ва на хонавайронӣ."
Корбарони зиёди дигар низ ангушти иттиҳомро фақат ба сӯи модари шавҳар ва ё хушдоман кардаанд, ки тибқи суннату расми тоҷикӣ барои писар ҳамсар меҷӯянд ва сипас бо гузашти вақти кӯтоҳе ӯро ба қавле чап мегиранду душманаш мешаванд. Шарҳи Хуршед дар Инстаграм бо ҳамин мазмун аст:
"Хушдоманҳо чанд сол келин мекобанд, вале келинро меоранду бо ӯ мисли саг рафтор мекунанд. Мехоҳанд, духтарони худашон баъди шавҳар кардан ба ягон узви оилаи шавҳараш хидмат накунад, вале аз келин мехоҳанд, мисли каниз бошад. Дар тоҷикони мо одат шудааст, баъзе хушдоманҳо агар бинанд, ки бачааш тарафи келин табассум кунад, ё ҷӯроб харад, ҳафтаҳо ҷанг меандозад. То бачааш келинро назанад, хушдоман ором намегирад."
Гуруҳи дигаре аз корбарон гуфтаанд, беэътиноӣ ва пофишории аҳли хонаводаи духтар ба таҳаммули бадрафторӣ ё ба қавли онҳо ҷабру ситам дар хонаи шавҳар сабаби худкушии духтарон мешавад. Ба қавли онҳо, зани ҷавон ба сабаби пофишории волидон, ки "тоқат кунед, хуб мешавад", зиндагии нооромашро идома медиҳад, ки дер давом намекунаду бо фоҷиа меанҷомад.
Шарҳи Халиса Наврӯзова дар Инстаграмм чунин аст: "Вақте духтарро зӯр омад, бечора бо умед хонаи падару модар меояд, вале падару модар мегӯянд, бирав, зиндагиатро биқап, соз мешавад." Духтар на хонда бошад, на кор карда, аз куҷо роҳи зиндагии мустақилонаро медонанд, аз ин рӯ, роҳи халосиро дар худкушӣ мебинад. Барои ҳамин духтаронро хононед, ҳунар ёд диҳед, ки роҳеро ёбад. Аз як нонхӯр халос шавем, гуфта, зуд шавҳар медиҳед."
Айни ҳамин шарҳ дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм зиёд аст ва яки дигареро аз ин миён интихоб кардем: "Духтар моли мардум аст гуфта, сари духтарҳоро ҳаминхел мехӯранд. Аввал ин ки духтар мол нест, инсон аст ва ҳақ дорад, мисли инсон ҳаёти хуб барад. Ҳайфи умри ҷавонаш."
Барномаро дар инҷо бинед:
Ба ғайр аз танқиду сарзанишу накӯҳиш баъзе аз корбарон роҳҳои ҳалли ингуна моҷароҳову пешгирӣ аз худкушӣ дар миёни духтарони ҷавонро пешниҳод кардаанд, ки дар воқеъ ҷолиб ҳастанд.
Яке аз роҳҳоро корбаре бо номи Санҷишгар дар вебсайти Радиои Озодӣ пешниҳод кардааст ва он ҳам чунин аст: "Ҳамин қадар тӯйи бодабдаба накунанд, як хонаи алоҳида гиранду зиндагӣ кунанд. Баъд назди модару падар рӯзона рафта оянд, ҳамааш хуб мешавад. Аз анъанаҳои қадима камтар бояд дур шуд. Ҳамин тавр, андаке бошад ҳам кам кардан мумкин зулму ситами байни ҳамдигарро."