Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ифротгаро ва террорист". Шаҳрванди собиқи Русияро дар Тоҷикистон бегуноҳ донистанд


Мунир Абдулҳамидов пас аз бекор шудани шаҳрвандиаш ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Мунир Абдулҳамидов пас аз бекор шудани шаҳрвандиаш ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як шаҳрванди собиқи Русияро, ки бо гумони ҳамкорӣ бо афроди муттаҳам ба терроризм ва ифротгароӣ гумонбар мешуд, аз ҷавобгарӣ озод кардаанд.

Мунир Абдулҳамидовро барои ҳамкорӣ бо чанд узбекистонии муттаҳам ба терроризм ва “Гуруҳи 24” ҷустуҷӯ мекарданд ва моҳи май бо дархости мақомоти тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд. Пас аз як рӯзи боздошт бо шарти берун нарафтан аз маҳали зист озод шуда буд.

Далели боздошт аз нақли Мунир

Ӯ гуфт, парвандааш панҷ моҳ аз ҷониби муфаттишони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта (УБОП)-и ВКД таҳқиқ шуд ва пас аз собит шудани бегуноҳияш ӯро раҳо карданд. Мақомот сабабҳои боздошт ва раҳоии ӯро шарҳ надоданд. Маъсулони "Гуруҳи 24" гуфтанд, ки чунин шаҳрванд ҳамкори онҳо набуд.

Мунир Абдулҳамидов, ки ҳоло дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад, рӯзи 14-уми сентябр далели шубҳаи мақомоти тоҷик ба худашро шарҳ дод. Ӯ гуфт, ки бародараш дар Русия бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати ҳаққи иқоматаш боздошт шуд ва дар боздоштгоҳи Липетск нигоҳдорӣ мешуд. Мунир нақл кард, ки барои бародараш ғизо мебурд ва бо ҳамроҳони бародараш телефонӣ тамос дошт. Баъдтар фаҳмид, ки онҳо ба терроризм айбдор мешаванд.

"Ҳамроҳи бародарам се шаҳрванди Узбекистон, ки ба терроризм айбдор мешуданд, дар боздоштгоҳ буданд. Онҳо аз бародарам рақами телефони маро гирифта, ба ман занг заданд, ки барои мо ғизо ё доруворӣ биё. Ман харид карда, барои онҳо мебурдам ва барои маҳз ҳамин харидҳоям маро ба ҳамкорӣ бо террористҳо айбдор карданд.”,--гуфт ӯ.

"Гуруҳи 24": Бо мо ҳамкорӣ надошт

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи "Гуруҳи 24" дар кишварҳои пасошуравӣ рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Мунир ҳеҷ вақт узви ин созмон набуд ва ҳамкорие низ бо онҳо накардааст.

Аммо Мунир Абдулҳамидов мегӯяд, замони боздошт дар Русия ва қабл аз истирдодаш ба Тоҷикистон аз масъулони “Гуруҳи 24” кумаки ҳуқуқӣ пурсида буд.

Мунир Абдулҳамидов ҳоло бекор аст, вале қасди дубора ба Русия рафтанро надорад, чун пеш аз истирдодаш ба ватан шаҳрвандии ӯро бекор карданд.

Ӯ соли 2007 дар Русия шаҳрвандӣ дарёфт намуда буд ва то моҳи майи соли 2021 дар ин кишвар бо хонаводааш ба сар мебурд.

Маъмулан хеле кам иттифоқ меафтад, ки афроди мавриди пайгард пас аз истирдод ба Тоҷикистон озод шаванд. Дар гузашта даҳҳо нафаре, ки бо ҷурми ифротгароӣ ҷустуҷӯ мешуданд, ба Тоҷикистон истирдод ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.

Аммо ҳолатҳое низ буданд, ки афроди истирдодшуда озод шуданд. Соли гузашта Мулло Хайриддини Абдуллоҳ (Хайриддин Доcтаков), рӯҳонии 35-солаи тоҷикро, ки аз русия истирдод шуда буд, баъд аз ҳашти моҳи боздошт озод карда буданд.

Ӯ низ ба ифротгароӣ муттаҳам мешуд ва пас аз озод шуданаш гуфт, ки гуноҳаш исбот нашуд.

Аз сӯи дигар, бекор кардани шаҳрвандии Русия пеш аз ба Тоҷикистон истирдод шудан низ ҳодисаи нав нест.

Саиднуриддин Розиқов, рӯҳонии 60-солаи тоҷик, ки мақомоти Русия шаҳрвандияшро бо иттиҳоми "комил набудани ҳуҷҷатҳо" бекор карда буданд, ба Тоҷикистон истирдод шуд. Мақомот низ ӯро аз ҷавобгарӣ озод карданд. Баъдан, додгоҳе дар Русия бекор шудани шаҳрвандии ӯро ғайриқонунӣ хонд, вале ҳанӯз ӯ имкони бозгашт ба Русияро надорад.

Қаблан наздиконаш гуфта буданд, ӯ дар Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо ҷараёни мамнӯи "Салафия" гумонбар аст ва мақомот барои озодияш гуё 1 миллион рубл ё 11 ҳазор доллар талаб доранд.

Дар Русия ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Боздошту истирдоди онҳо ба Тоҷикистон бо иттиҳоми мухталиф зуд-зуд ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG