Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9/11: Маросими ёдбуди қурбониҳои ҳамлаҳои террористӣ дар аксҳо

Дар ИМА ба муносибати 20-умин солгарди ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр маросими поси хотири қурбониёни ин ҳамлаҳои мудҳиш баргузор шуд. Он рӯз 3 ҳазор сокини ИМА кушта шуданд.


Ню-Йорк, шаҳре, ки нахустин зарбаи ин ҳамлаҳоро соли 2001 таҷриба кард, соати 8:46 дақиқаи субҳи шанбе сукут кард. Дар ҳамин дақиқаву сония 11 сентябри соли 2001 нахустин ҳавопаймои ҳамлагар ба Маркази ҷаҳонии тиҷорат бархӯрд. Баъди як дақиқа сукут дар маросими хешовандони қурбониёни ин ҳамла як-як номи беш аз 2600 нафаре садо дод, ки дар ҳамон лаҳза кушта шуданд. Маросиме бо дарозии чор соат таҳти чораҳои шадиди амниятӣ бо иштироки президент Ҷо Байден ва раиси ҷумҳуриҳои собиқ Барак Обама ва Билл Клинтон ҷараён гирифт. Дар баробари Ню-Йорк дар ду макони дигари фоҷеаҳои 20 сол пеш – Пентагон дар канори Вашингтон ва маҳаллаи Шенксвилли аёлати Пенсилвания ҳам маросими ёдбуд барпо мешавад.



Бахшҳо

XS
SM
MD
LG