Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ду хабарнигори рӯзномаи "Иттилоот"-ро латукӯб карданд


Хабарнигорони рӯзномаи "Иттилоот", ки аз сӯи Толибон латукӯб шуданд.
Хабарнигорони рӯзномаи "Иттилоот", ки аз сӯи Толибон латукӯб шуданд.

Рӯзномаи "Иттилоот" дар Афғонистон мегӯяд, ду хабарнигораш аз сӯи Толибон ба шиддат латукӯб шудаанд. Закӣ Дарёӣ, мудири масъули рӯзномаи "Иттилооти рӯз" гуфт, ки ин хабарнигорон рӯзи чоршанбе ҳангоми пушиши хабарии тазоҳуроти занон дар шаҳри Кобул аз сӯи Толибон боздошт ва мавриди латукуб қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи Закӣ Дарёӣ, ҳамкоронашон баъд аз 4 соат озод шуданд ва вақте ба ҷойи кор расиданд, мутаассифона ҳатто ба осонӣ роҳ рафта наметавонистанд ва дар аксари қисматҳои баданашон осори шиканҷа ва латукуб дида мешуд. Оқои Дарёӣ афзуд, ки рӯзи чаҳоршанбе панҷ корманди ин расона дастгир шуда буданд ва ду тани онҳо барои муолиҷа ба бемористон интиқол ёфтанд ва барои онҳо ҳудуди 2 ҳафта истироҳат дода шуд.

То кунун Толибон дар ин бора изҳори назар накардаанд. Аммо рузи душанбе низ шуморе аз хабарнигорон ҳангоми пушиши хабарии раҳпаймоии эътирозкунандагон дар Кобул, аз сӯи Толибон боздошт ва баъд ҳам озод шуданд. Як масъули Комиссияи фарҳангии Толибон он замон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин хабарнигорон шиносоӣ нашуда буданд ва иҷозатномаҳояшонро ҳам бо худ надоштанд.

Бо онки Толибон таъкид кардаанд, ки хабарнигорон ба таври озод фаъолият хоҳанд кард, аммо дар 25 рузи ҳукмронии ин гурӯҳ бар Кобул, аз бештар шудани хушунатҳо дар нисбати хабарнигорон ва кормандони расонаҳо гузоришҳо нашр шудааст.

XS
SM
MD
LG