Толиб Айёмбеков, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон, бар асари занозании ду гуруҳ дар тарабхонаи "Марко Поло" дар шаҳри Хоруғ захмӣ шудааст. Ба иттилои манобеи огоҳ, ҳодиса бегоҳи 5-уми сентябр рух додааст.
Яке аз шоҳидони ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, муноқиша миёни афроди Айёмбеков бо гурӯҳи Салам, писари Имомназар Имомназаров сурат гирифта, "дар онҷо бо санг ба сари Толиб Айёмбеков задаанд".
Тағойбек Ғозибеков, сардухтури бемористони шаҳри Хоруғ, рӯзи 6-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки соати 11-и шаби гузашта Толиб Айёмбековро ба беморхона оварданд. Ӯ гуфт, Айёмбеков захми ҷиддӣ надошт ва "танҳо сараш каме осеб дида, харошида буд. Ягон ёрии таъҷилӣ лозим набуд, баъд ӯро гирифта бурданд".
Ғозибеков ҳамчунин гуфт, баъд аз занозанӣ дар тарабхонаи "Марко Поло" ба ғайр аз Толиб Айёмбеков дигар касеро наовардаанд.
Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон то ҳол муноқиша дар тарабхонаи "Марко Поло"-и шаҳри Хоруғро шарҳ надодаанд. Масъулини дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, "баъди ба даст овардани хулосаи тафтишот", расман дар ин бора хабар медиҳанд.
Масъулини ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтанд, дертар қазияро шарҳ медиҳанд. Телефони Толиб Айёмбеков хомӯш аст. Дар шароите, ки мақомот аз ироаи ҷузъиёти ҳодисаи шоми якшанбе худдорӣ мекунанд, пурра рӯшан нест, ки занозанӣ дар тарабхонаи "Марко Поло"-и Хоруғ бар сари чӣ сар зад.
Шоҳидон мегӯянд, тарабхонаи "Марко Поло" бо манзили манзили Айёмбеков девор ба девор аст.
Толиб Айёмбеков, аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин аст, ки қаблан мақомот ӯро "аз саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ дар Хоруғ" ном мебурданд. Худи ӯ дар суҳбатҳои қаблиаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар шаҳри Хоруғ даврони бознишастагӣ меронад ва ба тиҷорати орду бензин машғул аст.