Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳоҷирон бо зану фарзандон ба Русия мекӯчанд". "Ноноварон" пули бештар мефиристанд ё камтар? ВИДЕО


Садҳо муҳоҷири тоҷик аз камии парвози ҳавопаймоҳо ва гаронии нархи сафар аз Тоҷикистон ба Русия шикоят доштанд. Шаҳри Душанбе, моҳи майи 2021
Садҳо муҳоҷири тоҷик аз камии парвози ҳавопаймоҳо ва гаронии нархи сафар аз Тоҷикистон ба Русия шикоят доштанд. Шаҳри Душанбе, моҳи майи 2021

Имсол муҳоҷирон аз Русия ба кишварҳои Шӯравии собиқ дар муқоиса ба соле пеш зиёдтар пул фиристодаанд. Баъзе аз коршиносон нигаронанд, ки эҳтимол дар оянда «ноноварон» ба Тоҷикистон маблағи камтар интиқол диҳанд, «чун гуруҳе аз онҳо бо зану кӯдакони худ ба Русия мекӯчанд».

Се писари Азамат Ёқубова муҳоҷир ҳастанд. Моҳи марти соли гузашта, ду рӯз пеш аз сафари писарони Ёқубова, бо сабаби пандемияи коронавирус роҳҳо ба Русия баста шуданд. Фарзандони ин сокини ноҳияи Синои Душанбе низ ночор дар Тоҷикистон монданд, вале дар дохили кишвар ҷойи кори муносиб пайдо карда натавонистанд.

Азамат Ёқубова
Азамат Ёқубова

Ҳамсуҳбати мо рӯзҳои сахти соли гузаштаро чунин ба ёд овард: «Азоби сахт кашидем, чизҳои хонаро фурӯхта, маҳсулот мехаридем. Аз чанд кас қарздор ҳам шудем. Ҳатто вақте кӯдакон бемор мешуданд, барои дору харидан пул намеёфтем. Худо хайрашон диҳанд, фурӯшандаҳои дорухона қарз медоданд.»

Имсол вазъ дигар аст. Се фарзанди Азамат Ёқубова ба Русия рафтаанд ва акнун ҳар моҳ ба хона пул мефиристанд. Зиндагии оила ҳам назар ба як сол пеш беҳтар шудааст. Ин сокини ноҳияи Сино мегӯяд, қарзҳои соли гузаштаро доданд ва дастархонашон ҳам дигар шуд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Маблағи фиристодаи муҳоҷирон аз Русия имсол зиёд шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

Зиндагии ҳазорҳо хонавода дар Тоҷикистон ба монанди оилаи Азамат Ёқубова вобастаи пули муҳоҷирон аст. Бонки марказии Русия маблағи фиристодаи муҳоҷиронро ба кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар 4 моҳи имсол назар ба соли гузашта 300 миллион доллар зиёдтар нишон медиҳад. Омори шашмоҳаи маблағи фиристодаи муҳоҷирон ҳанӯз дастрас нест.

Бонки миллии Тоҷикистон чанд сол аст, ки аз ифшои маблағи фиристодаи муҳоҷирон худдорӣ мекунад. Аммо чанд корманди бонк дар Тоҷикистон бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфтанд, «имсол фиристодани пул аз Русия ба кишвар зиёд шудааст».

Ба маълумоти Бонки Марказии Русия, муҳоҷирон соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристоданд ва ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар будааст.

Раҳмон Улмасов
Раҳмон Улмасов

Ба гуфтаи таҳлилгарон, зиёд шудани маблағҳои интиқолии муҳоҷирон баъд аз буҳрони коронавирус ғайриинтизор нест. Ба қавли Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷират, «пас аз пандемия дар бозори кори Русия рақобат барои нерӯи корӣ зиёд шуд. Корфармоҳо ҷустуҷӯи муҳоҷиронро сар карданд. Онҳо маҷбур шуданд, маоши муҳоҷиронро аз 20 то 40 дарсад зиёд кунанд.”

Ин таҳлилгар барои муҳоҷирон вазъи хубро пешгӯӣ мекунад, вале мегӯяд, эҳтимол пулфиристӣ дар солҳои оянда кам шавад. Сабабаш, ба гуфтаи Раҳмон Улмасов, дар он аст, ки солҳои охир раванди муҳоҷирати оилавӣ аз Тоҷикистон ба Русия бештар шудааст.

“Вақте онҳо бо оила ба Русия мераванд, бештари маблағи ёфтаашонро дар ҳамонҷо сарф мекунанд. Ба Тоҷикистон фақат маблағи каме барои волидон мефиристанду бас”, -- афзуд ӯ.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар панҷ соли охир беш аз 204 ҳазор сокини Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ амал мекунад.

Русия барои як миллион шаҳрванди Тоҷикистон макони асосии кору зиндагӣ аст. Бар илова, роҳи гуруҳе ба онҷо баста аст ва ё имкони молии рафтан надоранд.

Пираҳмад Назирмадов
Пираҳмад Назирмадов

Пираҳмад Назирмадов, сокини ноҳияи Восеъ, барои пайдо кардани кор ба мардикорбозори Душанбе омадааст. Мегӯяд, се фарзанд дорад, вале дар зодгоҳаш ҷойи кор пайдо карда натавонист. Ба суоли чаро ба Русия нарафт, Пираҳмад гуфт, рафтан мехоҳад, вале барои сафар маблағ надорад.

“Пуле, ки дар инҷо меёбем, фақат барои хӯрдан мерасад. Зӯрам барои ба Русия рафтан намерасад. Вагарна Маскав хубтар аст. Мешавад дар онҷо кор карда, ягон сум ҷамъ кунӣ. Дар ин ҷо кор мекунӣ, дар як рӯз 100 сомонӣ медиҳанд, як равғани 5-литрӣ ҳам харида намешавад", -- шикоят кард ин сокини ноҳияи Восеъ.

Ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ватан кори доимӣ надоранд, талош мекунанд, ҳамасола барои кор ба Русия раванд.

Онҳо мегӯянд, набудани ҷойи кори муносиб дар кишвар водор кардааст, ки бо ҳар роҳе ба Русия рафта, кор кунанд ва барои хонаводаҳои худ маблағ фиристанд. Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар Рӯзи ҷавонон, моҳи май, гуфт, соли гузашта мақомот 193 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карданд.

XS
SM
MD
LG