Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба шикоятҳои пайиҳами сокинон дар бораи онки дарс дар мактабҳои кишвар то нимаи моҳи июн ва авҷи гармӣ идома ёфта, боис ба нороҳатии онҳо ва фарзандонашон мешавад, посух дод.
Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябр ҳангоми суханронӣ дар як мактаб дар Душанбе пешниҳод кард, ки "соли таҳсил дар мактабҳо ҳамасола 1-уми июн ҷамъбаст карда шавад." Вай аз Вазорати маориф ва илм хост, хулосаи худро ба ҳукумат пешниҳод карда, заминаро барои ислоҳи санадҳо фароҳам биоранд.
Оқои Раҳмон далели тасмимро ба "мушкилоту пайомадҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво, пайдо шудани бемориҳои сироятӣ, ҳолати равонии кӯдакон..." вобаста донист, аммо аз шикояти волидон ёдовар нашуд.
Ин дар ҳолест, ки тобистони имсол дар мавриди кай ба поён расидани дарс дар мактабҳои Тоҷикистон миёни баъзе аз волидон ва Вазорати маориф ва илм баҳси калон бархост.
Дар гузашта дар Тоҷикистон таҳсил мисли даврони Шӯравии собиқ рӯзи 25-уми май ҷамъбаст мешуд ва занги охир ҳам дар ҳамин рӯз садо медод. Вале Вазорати маориф ва илм ин санаро барои хурдсолон то 7-уми июн ва барои синфҳои болоӣ то 14-уми июн дароз кард.
Аксар волидон дар шаҳрҳо ва деҳаҳои Тоҷикистон дар оғози моҳи июни имсол шикоят карданд, ки таҳсил дар авҷи гармӣ барои фарзандонашон сахт аст ва бояд онҳо ба таътили тобистона фиристода шаванд.
Дар Вазорати маориф ва илм ба дурустии тасмими худ пойфишорӣ доштанд, аммо танҳо баъд аз эътироз ва радду бадалҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва номаҳои дастҷамъӣ ба мақомот ин муҳлатро аз 14-уми июн ба 7-уми июн “кӯчонданд”.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон он замон гуфта буд, ки муҳлати таъиншудаи таҳсил мутобиқ ба талаботи барномаи таълимии солона мебошад. Ҳоло мавқеи раҳбарияти ин ниҳод ба пешниҳоди раиси ҷумҳурӣ маълум нест.
Соли 2020 хонандагони мактабҳои миёнаро дар Тоҷикистон аз 27-уми апрел то нимаи моҳи август ба таътил фиристоданд. Мақомот ин вазъро ба мавҷудияти коронавирус дар кишвар рабт дода буданд.