Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дафни Қирғизистон". Тасвири шаш президент дар назди гулчанбар ҷанҷол барангехт. ВИДЕО


Тасвири шаш президенти Қирғизистон дар назди гулчанбар ҷанҷолбарангез шуд
Тасвири шаш президенти Қирғизистон дар назди гулчанбар ҷанҷолбарангез шуд

Намоиши асари як рассоми қирғиз дар Бишкек, ки шаш президенти ин кишварро бо чеҳраҳои гирифта ва дар назди гулчанбар тасвир кардааст, ҷанҷол барангехт.

Дар Қирғизистон, ки сӣ сол пеш, 31-уми августи 1991, эъломи истиқлол кард, панҷ президент иваз шуд ва ҳоло Содир Ҷабборов президенти шашуми ин кишвар аст. Аксар раҳбарони собиқи Қирғизистон дар пайи эътирозҳои мардум, ки онҳоро ба фасодкорӣ ва хароб кардани вазъи зиндагии сокинон муттаҳам мекарданд, аз мақом барканор шудаанд.

Муаллифи наққошии ҷанҷолбарангез гуфтааст, ҳадаф аз тасвири президентҳои собиқ ва президенти кунунии Қирғизистон дар як акс даъват ба ваҳдат аст. Норозиён бар ин назаранд, ки дар ин асар дафни Қирғизистон тасвир ёфтааст. Ин тасвирро бештар мансабдорон хуш надоштанд ва ҳоло мехоҳанд онро мамнуъ эълон кунанд.

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Расми шаш президенти Қирғизистонро дафни кишвар арзёбӣ кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Муаллифи асар Таалайбек Усубалиев, рассоми қирғиз, аст, ки наққошиҳояшро дар Бишкек намоиш дод. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин тасвир ба шиддат паҳн шуд ва корбарон онро "Маросими дафни Қирғизистон" номиданд. Бисёриҳо гуфтанд, ки муаллиф марги кишварро чунин мебинад.

"Ин шаш нафар кишварро пароканда ва тамоми кишварро зери хок дафн карданд. Худо, таърих, аҷдод ва гузаштагон онҳоро ҳаргиз намебахшанд",--навиштааст Солия Бектенова.

Динора, корбари дигар изофа кардааст, ки шаш президент дар сӣ сол бо зӯр иваз шуданд, ки ҷойи ифтихор нест.

Ҷилдизбек Каримбоев гуфтааст, вақте ин тасвирро мебинад, дар баданаш мурғак медамад ва метарсад, ки кишвараш ҳамчун давлат аз байн меравад. "Намехоҳам ба ин роҳ диҳам, ки ҳамчун давлат аз байн равем. Чӣ қадар одамон ҷони худро барои истиқлол ва озодии Қирғизистон аз даст доданд. Наход ин ҳама беҳуда бошад?",--навиштааст ӯ.

Таалайбек Усубалиев, муаллифи расм гуфтааст, ӯ бо чунин андеша асарашро эҷод накардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар расм шаш президентро дар майдони "Ата-Бейит", ки ёдгории қурбониёни куштори замони сталинӣ дар солҳои 30-юми асри гузашта аст, тасвир кардааст. Ӯ гуфтааст, маҳз дар ҳамин ҷо бояд шаш президент ҷамъ шаванд ва дар бораи ояндаи кишвар андеша кунанд.

"Ман аз онҳо даъват кардаам, ки ҳамчун шаҳрванди Қирғизистон бояд ба мардуми худ хидмат кунанд. На барои худ, балки барои мардум. Роҳи дигар вуҷуд надорад. Дар сурати ғайр, давлат пойдор нахоҳад буд",--шарҳ медиҳад рассом.

Пас аз баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин асар Вазорати фарҳанги Қирғизистон таваҷҷӯҳ кардааст. Ба раҳбари осрохонае, ки расм онҷо нигаҳдорӣ мешавад, машварат додаанд, ки онро берун кунад. Маъмурияти осорхона гуфтаанд, дар расм чизи баде мушоҳида накардаанд ва онро берун намекунанд.

Ойгул Мамбетқозиева, мудири осорхона, мегӯяд, "мо ҳамчун мутахассис дар расм ягон фитнаангезиро намебинем. Ин тасвири хеле ҷиддӣ аст, ки шояд солҳои охир дар таърихи санъати тасвирии Қирғизистон пайдо нашудааст. Ва агар мо дар бораи мавзӯи ин намоишгоҳ – "Реализми нави иҷтимоӣ" – суҳбат кунем, пас, ин асарест, ки аслан ҷузъи ҳаёти иҷтимоии ҳамаи мост."

Дар Вазорати фарҳанги Қирғизистон мегӯянд, ки онҳо ҳеч чизро манъ карданӣ набуданд, балки танҳо ба эътирозҳои мардум вокуниш нишон доданд.

Бори аввал нест, ки Вазорати фарҳанги Қирғизистон ба кори осорхонаҳо дахолат мекунад. Соли 2019 вазири фарҳанг ба зидди нигораҳое эътироз кард, ки дар он халтаи муштзаниро дар намуди занҳо ва духтарони урён тасвир карда буданд. Дар натиҷа, онҳоро берун карданд. Он замон мансабдорон изҳор доштанд, ки паёмҳои иғвогаронаро дар ҳунари муосир пуштибонӣ намекунанд. Ва ду сол пеш бо ташаббуси ин ниҳод ягона ҷасади мумиёшударо аз осорхонаи таърихии Қирғизистон дафн карданд.

XS
SM
MD
LG