Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Толибон" дари баъзе аз бонкҳои Афғонистонро кушодаанд, аммо пул нест. ВИДЕО


Навбати мардум дар паси дари бонкҳои Кобул, 25-уми августи 2021
Навбати мардум дар паси дари бонкҳои Кобул, 25-уми августи 2021

Аз 25-уми август дар шаҳри Кобул баъзе аз муассисаҳои молии Афғонистон ба кор сар карданд. Як идда бонкҳо имкон фароҳам оварданд, ки муштариён миқдори муайяни пул бигиранд. Яъне, як муштарӣ дар як рӯз ҳақ дошт, аз ҳисобаш фақат 17 ҳазор афғонӣ бигирад, ки муодили 200 доллари амрикоӣ аст.

Аксар бонкҳои Афғонистон рӯзи 15-уми август, пас аз фирори президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва ишғоли Кобул аз тарафи "Толибон", корро қатъ карда буданд.

Сухангӯйи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ваъда дод, ки муассисаҳои молии Кобул фаъолияташонро ба таври маъмулӣ идома медиҳанд.

Соҳибони бонкҳо ба сабаби набудани пули кофӣ ба идомаи амалиёт дар ояндаи наздик шубҳа доранд. Ин дар ҳолест, ки пули нақд ё сармояҳои зери болишти шаҳрвандон низ кам-кам ба охир мерасад ва боис ба нигаронии ҷиддии ҷомеа шудааст.

Дар паси дари бонкҳо. Кобул, 25-уми августи 2021
Дар паси дари бонкҳо. Кобул, 25-уми августи 2021

Тоҷирон дар пойтахти Афғонистон рӯзи 25-уми август кушодани дари ҳамаи бонкҳоро талаб карданд, зеро дар Кобул барои пули нақд навбати дарозе ба вуҷуд омадааст. Аксар мардум ба пасандозҳои худ дар бонкҳо дастрасӣ надоранд.

Умар, тоҷире аз Кобул, гуфт, "бонкҳо бастаанд. Пулҳои мардум дар онҷо хобидаанд. Тоҷирон ягон маҳсулоти нав намеоранд. Мо аз аморати исломӣ талаб мекунем, ки бонкҳоро зуд боз кунад."

Тоҷири дигар афзуд, "онҳо бояд ҳарчи зуд дари бонкҳоро кушоянд. Ҳама кор тавассути бонкҳо анҷом дода мешавад. Агар вазъ ба чунин шакл идома ёбад, мардум бо мушкил дучор мешаванд."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Толибон бонкҳои Афғонистонро боз карданд, вале пули кофӣ нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Пеш аз расидани "Толибон" ба Кобул низ вазъ дар Афғонистон чандон хуб набуд. Пешрафтҳои босуръати ҷангҷӯён дар минтақаҳо сабаби поинравии арзиши пули афғонӣ дар баробари доллар ва боиси таваррум гардид. Нархи маҳсулоти асосии хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған ва биринҷ низ аз даҳ то бист дарсад афзуд.

Эҳтимол дар деҳаҳои Афғонистон ниёз ба бонкҳо камтар аст. Вале дар шаҳрҳо, ки маоши кормандонро ба суратҳисобҳои бонкияшон мегузаронанд, баста будани муассисаҳои молӣ мушкилот пеш меорад.

Дар навбати гирифтани пул. Кобул, 25-уми августи 2021
Дар навбати гирифтани пул. Кобул, 25-уми августи 2021

Имкониятҳои молии “Толибон” ва тавоноии онҳо барои дубора “зинда” кардани иқтисод дар Афғонистон ба назар душвор менамояд. Илова бар ин, тақрибан 20 дарсади ҳайати баландихтисоси бонкҳоро занон ташкил медиҳанд. Фаъолияти онҳо дар замони фармонравоии як ҷунбиши исломгаро зери суол аст.

Ду даҳсола қабл, дар давраи ҳукмронии пешинаи Толибон, аз занон талаб мешуд, ки дар хона бимонанд ва танҳо бо ҳамроҳии яке аз мардони оила ба берун бароянд. Ин дафъа гуфтаанд, ки ба занону духтарон иҷозаи кору таҳсил медиҳанд, вале бисёре аз афғонҳо ба дурустӣ ва иҷрои ин ваъдаҳо шубҳа доранд.

XS
SM
MD
LG