Баъд аз талаби мақомоти Русия озмоишгоҳҳои Тоҷикистон тартиби додани санадро дар бораи набудани бемории COVID-19 тағйир медиҳанд.
Бар асоси қоидаи нав, аз 1-уми сентябри имсол сафар ба Русия барои хориҷиён, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, танҳо бо истифода аз барномаи "Путешествую без COVID-19" иҷозат аст. То ин вақт онҳо метавонистанд, бо гувоҳиномаи надоштани COVID-19 вориди Русия шаванд.
Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, аз тартиби нав хабар доранд, аммо гурӯҳи дигар нигаронанд, ки мушкилоти нав пеш меояд.
Онҳое, ки ба Русия раванд, чӣ кор кунанд?
Рӯзи 26-уми август ба камияш дар ду озмоишгоҳ дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои додани натиҷаи ташхис тавассути барномаи "Путешествую без COVID-19" омодаанд.
Елена Козлова, корманди озмоишгоҳи “Гемотест” ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳое, ки баъд аз 1-уми сентябр ба Русия рафтанианд, бояд ин корро анҷом диҳанд:
"Метавонед барномаи “Путешествую без COVID”-ро дар телефонатон насб кунед, бо шиносномаи хориҷӣ ба озмоишгоҳ биёед, анкетаро пур кунед ва тест супоред. Натиҷаи ташхис баъд аз як рӯз омода мешавад. Баъд аз ин ки мутмаин мешавед, барнома натиҷаи ташхиси Шуморо дуруст нишон медиҳад, роҳатон ба сафар боз мешавад."
Нархи як ташхис дар озмоишгоҳи “Гемотест” 135 сомонист. Намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, чунин ташхисро дар озмоишгоҳи Қарияи Болои Душанбе ҳам супоридан мумкин аст. Ба гуфтаи пизишкон, бояд ташхис 72 соат пеш аз парвоз ба Русия анҷом дода шавад.
"Умед ва нигарониҳо аз тартиби нав"
Баъзе аз онҳое, ки ба Русия рафтанианд, аз тартиби нави вуруд хабардоранд, аз ҷумла, Искандар Воҳидов, сокини шаҳри Душанбе, ки пас чанд рӯз ба Русия рафтанист. Ҳамсуҳбати мо гуфт, аз хешу табораш дар Русия фаҳмидааст, ки барои сафар ба он кишвар тартиби нав ҷорӣ шудааст.
"Гирифтани натиҷаи ташхис дар телефон хубтар аст, чунки коғази ташхисро метавонӣ гум кунӣ. Телефон ҳамеша бо худат ҳаст. Дар Русия ҳама ин барномаро истифода мебаранд”, -- мегӯяд ӯ.
Вале мусофироне ҳам ҳастанд, ки аз қоидаи нав огоҳӣ надоранд. Акмал Ниёзов, як сокини вилояти Суғд, ки рӯзи 2-юми сентябр ба Русия парвоз дорад, гуфт, дар бораи барномаи "Путешествую без COVID-19" дарак надорад. Ӯ нигарон аст, ки тартиби нав дар вақти вориди Русия шудан барои бисёре аз муҳоҷирон мушкили нав пеш меорад.
"Бе ҳамин ҳам дар фурудгоҳҳои Русия ба ҳар баҳона моро азоб медиҳанд. Боз барномаи нав аст гуфта, моро дубора ба Тоҷикистон нафиристанд", -- дар ташвиш аст Акмал Ниёзов.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Баромаи "Путешествую без COVID-19" дар Play Market маҳфуз аст. Мақомоти Русия бовар доранд, тавассути ин барнома метавонанд, аз ташхисҳои дурӯғин пешгирӣ кунанд.
Рӯзона аз Тоҷикистон садҳо нафар ба Русия мераванд. Дар оғоз қарор буд, тартиби нав аз 10-уми июли имсол ҷорӣ шавад, вале бо омода набудани озмоишгоҳҳо дар Тоҷикистон, ҷониби Русия иҷрои қарорро то 1-уми сентябр ба таъхир андохт.
Тартиби нави сафар ба Русия яке аз пайомадҳои пандемияи коронавирус аст, ки дар як соли гузашта сафари муҳоҷирони тоҷикро ба Русия мушкил гардонд. Аз моҳи марти соли гузашта то апрели имсол аз Тоҷикистон ба Русия рафтан тақрибан ғайриимкон буд. Танҳо 1-уми апрел мақомоти Русия барои сафари муҳоҷирони тоҷик ба он кишвар иҷозат доданд.
Баста будани роҳи муҳоҷирони тоҷик дар соли гузашта ба гуфтаи мутахассисон барои иқтисоди кишвар пайомадҳои ҷиддӣ дошт.