Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Афғонистон баровард. АКС


Вазорати мудофиаи Русия гуфт, ҳавопаймои низомӣ рӯзи 25-уми август дар Ҳисор поин омад
Вазорати мудофиаи Русия гуфт, ҳавопаймои низомӣ рӯзи 25-уми август дар Ҳисор поин омад

Як ҳавопаймои Русия гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Афғонистон берун овардааст, аммо шумораи онҳо дақиқ нест. Вазорати мудофиаи Русия эълон кард, ки ҳавопаймои Ил-76МД рӯзи 25-уми август дар шаҳри Ҳисор поин омад. Пас аз ишғоли Кобул аз тарафи “Толибон”, ҳазорон нафар талош доранд, ки Афғонистонро тарк кунанд.

Як рӯз пеш Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки чаҳор ҳавопаймои низомии ин кишвар аз Афғонистон беш аз 500 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро берун меорад. "Толибон" гуфтаанд, то 31-уми август бояд ҷараёни аз кишвар берун шудани хориҷиҳо поён ёбад.

Ҳавопаймои Ил-76МД, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Афғонистон берун овард
Ҳавопаймои Ил-76МД, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Афғонистон берун овард

Қаблан сафорати Русия дар Кобул гуфта буд, ки ба фарқ аз намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Ғарбу Аврупо садҳо ҳамкори онҳо корашонро дар Кобул идома медиҳанд. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи фаъолияти намояндагиҳои расмии кишвар дар Афғонистон иттилоъ надодаанд.

Ҳавопаймои Ил-76МД дар Ҳисор
Ҳавопаймои Ил-76МД дар Ҳисор

Аз замони шурӯи кӯч додани мардум аз фурудгоҳи Кобул, Амрико ва ҳампаймононаш наздик ба 90 ҳазор касро аз Афғонистон берун бурдаанд. Дар афтударафти фурудгоҳ 20 кас ҷон бохтаанд.

Ба гуфтаи Уилям Тэйлор, намояндаи Вазорати дифои Амрико, танҳо дар як рӯзи охир ҳавопаймоҳои Иёлоти Муттаҳида бештар аз 11 ҳазор кас ва ҳампаймонҳояшон қариб 8 ҳазор касро аз фурудгоҳи Кобул ба хориҷ бурданд. Дар рӯзҳои охир аз фурудгоҳи Кобул 90 парвоз анҷом шудааст. Тақрибан ҳар 40 дақиқа аз Кобул ҳавопаймое ба осмон боло мешавад.

Тэйлор гуфт, ҳоло дар фурудгоҳи Кобул наздик ба даҳ ҳазор кас мунтазири хориҷ шудан ҳастанд. Дар миёни шахсоне, ки аз 15-уми август то кунун ба берун бурда шудаанд, 4400 шаҳрванди Амрико мебошанд. Боқимонда шаҳрвандони кишварҳои дигар ва афғонистониҳое ҳастанд, ки бо созмонҳои хориҷӣ ҳамкорӣ доштанд.

Иёлоти Муттаҳида ахиран гуфт, талош мекунад, то 31-уми август берунории низомиҳо ва ҳамаи шаҳрвандонашро аз Афғонистон ба охир расонад. Амрико ва ҳампаймононаш талаб доранд, ки "Толибон" иҷоза диҳанд, баъд аз 31-уми август ҳам хоҳишмандон иҷозаи тарки Афғонистонро дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG