Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Қасди дахолат дар умури Афғонистонро надорем, аз таърих дарс гирифтаем"


Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия
Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, мегӯяд, кишвараш нияти дахолат дар корҳои дохилии Афғонистон ё мушорикати низомӣ дар даргириҳои он кишварро надорад. Путин ин матлабро рӯзи 24-уми август дар мулоқот бо масъулони ҳизби ҳокими Русия баён кард.

Ӯ гуфт, "ба таври мушаххас, мо нияти дахолат дар умури дохилии Афғонистонро надорем ва ҳатто намехоҳем, ки нерӯҳои мусаллаҳи худро дар як даргирӣ бикашонем, ки ҳама дар баробари ҳама меҷанганд. Ин ҳамон чизе аст, ки бовар дорам, дар онҷо барои даҳсолаҳо ҷараён дорад. Иттиҳоди Шӯравии пешин таҷрибаҳои худашро барои ҳузур дар он кишвар дошт ва мо дарсҳои заруриро аз он гирифтаем".

Маскав дар соли 1979 барои пуштибонӣ аз ҳукумати коммунистии Афғонистон ба он кишвар ҳамла кард. Ин ҷанг ҳудуди 10 сол тӯл кашид ва бар асари он тақрибан 2 миллион афғон ҷон бохтанд ва ҳафт миллион тани дигар маҷбур ба тарки хонаҳояшон шуданд. Ин ҷанг боис ба кушта шудани 14 ҳазор нерӯи Шӯравии собиқ ҳам шуд.

Путин дар суханронии дирӯзи худ гуфт, хатари он вуҷуд дорад, ки террористҳо ва гурӯҳҳои мусаллаҳи гуногун, ки ба Афғонистон паноҳ бурдаанд, аз беназмиҳои кунунӣ истифода карда, таҳдидҳои мустақимро ба Русия ва муттаҳидони он ба вуҷуд биёранд.

Ин изҳороти Путин дар ҳоле садо дод, ки Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, гуфтааст, Маскав хоҳони ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ нест, зеро ба гуфтаи ӯ, ҳузури ин нерӯҳо метавонад минтақаро ҳадафи ҳамлаҳо қарор диҳад.

Лавров ин матлабро рӯзи гузашта зимни сафараш ба Маҷористон (Венгрия) баён кард. Ӯ афзуд, пешниҳоди Вашингтон барои иҷозаи муваққатӣ ба паноҳҷӯёни афғон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад, боис ба бесуботӣ дар минтақа шавад.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Русия, Вашингтон бояд он идда аз ҳамкорони афғонашро, ки бо амрикоиҳо дар ин ду даҳаи гузашта кор карданд, ба Амрико интиқол диҳад, на ба кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Ба иттилои сафорати Афғонистон дар Тошканд, ҳудуди 1500 афғон пас аз тасарруфи аксар минтақаҳои Афғонистон аз сӯи "Толибон", марзи миёни ду кишварро гузашта, ба Узбекистон паноҳ овардаанд ва дар ҳоли ҳозир дар хаймаҳо дар наздикии марз ҷобаҷо шудаанд.

Ҳафтае пеш Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳушдор дод, ки ҳуҷуми паноҳҷӯён метавонад, боис ба убури ниманизомиён ба кишварҳои Осиёи Марказӣ шавад.

XS
SM
MD
LG