Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои хориҷии Покистон барои баррасии вазъи Афғонистон ба Тоҷикистон меояд


Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон (рост), бо ҳамтои покистониаш Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ. Акс аз бойгонӣ
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон (рост), бо ҳамтои покистониаш Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ. Акс аз бойгонӣ

Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ барои баррасии вазъи Афғонистон ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора Радиои Покистон 23-юми август иттилоъ дод.

Ба хабари манбаъ, Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ дар идомаи сафари минтақаии худ ба Узбекистон, Туркманистон ва Эрон низ хоҳад рафт. Ӯ рӯзи душанбе бо нашри изҳорот гуфт, бо мақомоти Чин дар робита ба вазъи Афғонистон суҳбатҳо доштааст.

Қурайшӣ ҳамзамон гуфтааст, кишвараш хостори ташкили як ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон мебошад, аммо "нерӯҳои зидди сулҳ дар Афғонистон фаъол ҳастанд". Дар ин робита вазири корҳои хориҷии Покистон аз Ҳинд -- рақиби суннатии кишвараш ёд кардааст.

Барномаи сафари Қурайшӣ ба Тоҷикистон ҳанӯз эълон нашудааст ва ошкор нест, дар Душанбе бо кӣ мулоқот хоҳад кард.

Сафари ин мақоми баландпояи Покистон ба кишварҳои минтақа дар ҳоле сурат мегирад, ки Толибон як ҳафта пеш шаҳри Кобулро ишғол карданд. Покистон ба пуштибонӣ ва сармоягузории гурӯҳи "Толибон" муттаҳам мешавад, аммо Исломобод ҳамвора ин иттиҳомҳоро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG