Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби демократи Тоҷикистон Толибонро як гурӯҳи "харобкор" номид


Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон.
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон.

Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як баёния аз забт шудани ҳукумат дар Афғонистон аз сӯи Толибон, ибрози нигаргонии амиқ намудааст. Дар ин баёния, ки шӯрои сиёсии ин ҳизб рӯзи 19-уми август нашр кард, Толибон як гуруҳи "харобкор" унвон шудааст.

Ҳизб аз Вазорати корҳои хориҷӣ хостааст, барои паноҳандагони афғон виза ва дигар аснодро ройгон таъмин кунад, то онҳо тавонанд наҷот ёбанд.
Ҳизби демократ аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти милиса ва амният хостааст бо паноҳандагон аз Афғонистон муомилаи шоиста ва бародарона кунанд.

Мақомоти давлатии Тоҷикистон то кунун дар робита ба ҳодисаҳои ахири Афғонистон ба таври расмӣ ибрози назар накарданд. Чанд руз пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як хабарнома омадани президент Ашраф Ғанӣ ба кишварро рад кард.

Шаҳри Кобул -- пойтахти Афғонистон рузи якшанбеи 15-уми август ба тасарруфи Толибон даромад. Дар ҳоли ҳозир тамоми қаламрави ин кишвар ба ҷуз вилояти Панҷшер дар ихтиёри Толибон қарор дорад. Ҳамакнун талошҳо барои ташкили як ҳукумати ҳамашумул дар ин кишвар идома дорад.

XS
SM
MD
LG