Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин гурӯҳи кормандони СММ аз Кобул ба Алмаато интиқол ёфтанд


Парчами UNAMA - Ҳайати СММ оид ба кӯмак ба Афғонистон
Парчами UNAMA - Ҳайати СММ оид ба кӯмак ба Афғонистон

Кормандони Ҳайати СММ оид ба кӯмак ба Афғонистон (UNAMA) ва дигар намояндагиҳои СММ, ки дар ин кишвар кор мекарданд, бо сабаби хатари ноамниҳо баъди омадани ҷангиёни Толибон ба Кобул барои муваққат ба Алмаато, шаҳри азими Қазоқистон мекӯчанд. Интиқоли кормандони СММ дар Афғонистон ба Қазоқистон тоза шурӯъ шудааст. Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, аввалин ҳайати кормандони UNAMA шабонгоҳи 19-уми август вориди ин кишвар шуданд. Вазорат дар изҳороташ мегӯяд, ки “дар шароити тавсеаи ноамниҳои дохилии сиёсии Афғонистон, СММ аз Қазоқистон дархост кард, ки барои муваққатан ба Қазоқистон кӯчидани UNAMA ва дигар дафтарҳои СММ, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сабтином шудаанд, мусоидат кунад ва президент Қосимжомарт Тоқаев қарор кард, ки ин дархост қонеъ карда шавад”.

Матбуоти давлатии Қазоқистон хабар дод, ки дар нахустин ҳавопаймо ба Алмаато 141 корманди СММ интиқол дода шуд. Стефан Дуряррич, сухангӯи СММ рӯзи 18-уми август гуфт, ки тахминан 100 корманди СММ муваққатан дар Алмаато ҷой карда мешаванд.

Ӯ таъкид кард, ки СММ баъди ба дасти Толибон гузаштани Афғонистон ҳам ироаи ёриҳои башарӣ ба ин кишварро идома медиҳад. Толибон ваъда додаанд, ки ба хотири эҷоди равобити хуби ҷамъиятиву беҳбуд бахшидани обрӯи ин гурӯҳ ба хотири пешгирӣ аз инзивои байналмилалиаш, кормандони дипломативу ҳайати СММ-ро ҳимоят хоҳанд кард.

СММ гуфтааст, ки ба иловаи кормандони байналмилалӣ ҳудудан 3 ҳазор афғонҳои маҳаллӣ ҳам дар сохторҳои ин созмон кор мекунанд.

Дуряррич гуфт, ба хотири таъмини амнияти кормандони маҳаллӣ “корҳои азиме анҷом мешавад”.

Рӯзи 18-уми август як чархболи низомии борбар 25 шаҳрванди Қазоқистон, 14 қирғиз, як рус, як литвониро аз Афғонистон ба Алмаатон интиқол дод.

Дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Қазоқистон рӯзи 18-уми август гуфт, ки Тоқаев ба мақомоти кишвараш амр додааст, ки як барномаи интиқоли қазоқҳои Афғонистонро таҳия кунанд.

XS
SM
MD
LG