Ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон рӯзи 14-уми август чаҳорумин шаҳри калонтарини Афғонистон – Мазори Шариф (маркази вилояти Балх)-ро дар шимоли ин кишвар ишғол карданд. Дар куҷо будани раҳбарони мудофиаи вилояти Балх, маршал Абдулрашид Дӯстум ва волии пешини вилоят Ато Муҳаммади Нур маълум нест.
Бино бар баъзе хабарҳо, Дӯстум бо садҳо нафар аз мусаллаҳонаш ба марзи Узбекистон фирор кардааст, аммо ин хабар расман тасдиқ ё инкор нашудааст. Ато Муҳаммади Нур дар паёме дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук ва Твиттер навишт, ки ӯ ва Дӯстум дар ҷойи амн ҳастанд, аммо аз ҳеч маконе ном набурд.
"Бо таассуф, дар як тавтеаи бузург, созмонёфта ва ноҷавонмардона, тамомии имконоти ҳукуматӣ ва нерӯҳои давлатӣ ба Толибон таслим дода шудааст. Доманаи ин тавтеа ба ҳадде бузург ва амиқ буд, ки мехостанд маршал Абдулрашид Дӯстум ва маро ҳам ба дом биандозанд, ки муваффақ нашуданд. Маршал соҳиб Дӯстум, ман, волии муҳтарами Балх, вакилони муҳтарами Балх, раиси Шӯрои вилоятӣ ва соири масъулин дар маҳалли масъун ҳастем", -- навиштааст Ато Муҳаммади Нур.
"Зарбаи харобиоваре ба рӯҳияи кишвар"
Ишғоли шаҳри Мазори Шариф бо ним миллион аҳолӣ, ки дар 100-километрии сарҳад бо Узбекистон ҷойгир аст, рӯзи 14-уми август ва чанд соат пас аз изҳороти президент Ашраф Ғанӣ сурат гирифт. Ғанӣ дар паёми кӯтоҳи телевизионӣ ваъда дод, ки аз “дастовардҳо”-и 20 соли гузашта даст намекашад.
Ба ин тартиб, танҳо ду шаҳри бузурги Афғонистон – Кобул ва Ҷалолобод – зери назорати нерӯҳои давлатӣ мондаанд. Бо назардошти пешравии босуръати Толибон ва муқовимати сусти нерӯҳои ҳукуматӣ, маълум нест, то забти пойтахт, шаҳри Кобул, чӣ қадар вақт мондааст.
Ба навиштаи "Ню Йорк Таймс", суқути Мазори Шариф, ки замоне саргаҳи муқовимат ба пешрафти Толибон буд, "зарбаи харобиоваре ба рӯҳияи кишваре хоҳад шуд, ки ба қабзаи воҳима афтодааст."
Дар охири солҳои 90-ум, Мазори Шариф макони задухӯрдҳои шадид байни Толибон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи Шимол буд, ки тавонист ҷангҷӯёнро шикаст диҳад ва танҳо дар соли 1998 ба толибҳо муяссар шуд, ки онро ишғол намоянд. Он вақт пирӯзии онҳо сабаби хиёнати мудофеони шаҳр шуда, толибҳо ба куштори қавмии садҳо нафар аз таслимшудагон муттаҳам гаштанд.
Видеои фирори “одамон”-и Дӯстум ба Узбекистон
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Мазори Шариф мегӯяд, ҷангҷӯёни Толибон вориди қароргоҳи пулиси шаҳр шуда, дар хиёбони марказӣ бо нерӯҳои амниятӣ задухӯрди кӯтоҳе доштанд. Сипас, ба иттилои ӯ, ба зиндони марказии шаҳр рафта, садҳо маҳбусро раҳо карданд.
Дида шудааст, ки маршал Абдулрашид Дӯстум бо корвони мошинҳо ва аслиҳа ба самти шаҳри Тирмизи Узбекистон фирор кардааст. Дар наворе, ки бахши узбекии Радиои Озодӣ ба даст овард, мошинҳои зиёде нишон дода шудаанд, ки гуё ба зердастони Дӯстум тааллуқ доранд ва мехостанд, аз пули Ҳайратон бигузаранд.
Аббос Иброҳимзода, вакил аз вилояти Балх, ки Мазори Шариф дар онҷо воқеъ аст, ба “Ассошиэйтед Пресс” гуфтааст, аввал артиши миллӣ таслим шуд. Вай афзудааст, ин боис гардид, ки ниманизомиёни ҷонибдори ҳукумат ва нерӯҳои дигар рӯҳияро аз даст бидиҳанд ва ба Толибон таслим шаванд.
Афзал Ҳадид, раиси Шӯрои вилояти Балх, гуфт, ки нерӯҳои амниятӣ аз ин шаҳр ба сӯйи марз фирор кардаанд. Вай ба хабаргузории “Ройтерз” гуфтааст: "Толибон Мазори Шарифро таҳти назорат гирифтанд. Ҳама нерӯҳои амниятӣ шаҳри Мазорро тарк карданд."
Ба қавли Иброҳимзода, маршал Дӯстум ва фармондеҳ Ато Муҳаммади Нур аз вилоят фирор кардаанд ва макони будубоши онҳо маълум нест.
Ҳамагӣ се рӯз пеш президенти Афғонистон, Ашраф Ғанӣ ба Мазори Шариф сафар карда, маршал Абдулрашид Дӯстум ва фармондеҳи номдор, волии пешини Балх Ато Муҳаммади Нурро ба мудофиаи шаҳр сафарбар карда буд.
"Садои шариат", танқиди ҷумҳурихоҳон ва нигаронии СММ
Бино ба ҳисобҳо, ҳоло ҷангҷӯёни Толибон бист маркази вилояту минтақаро дар Афғонистон тасарруф кардаанд. Онҳо рӯзи 14-уми август маркази вилояти Пактико ва маркази вилояти Кунарро низ гирифтанд.
Дар шаҳри Қандаҳор, ки чанд рӯз пеш забт шуда буд, Толибон як радиоро ишғол карда, «Садои Шариат» ном гузоштаанд. Дар наворе, ки паҳн шуд, як шӯришӣ бидуни ном гуфтааст, ҳамаи кормандони радио ҳастанд, хабару таҳлили сиёсӣ ва қироати Қуръонро пахш хоҳанд кард. Чунин ба назар мерасад, ки радио дигар мусиқӣ намемонад.
Маъмурияти Ҷо Байден, ки ваъда дода буд, нерӯҳои Амрикоро то 31-уми август аз Афғонистон берун мебарад, рӯзи 13-уми август як ҳайати иборат аз 3 ҳазор нафарро барои ёрӣ дар таъмини амнияти фурудгоҳ ва хуруҷи шаҳрвандон ба Кобул фиристод. Сухангӯи Пентагон, Ҷон Кирбӣ, гуфт, аксари онҳо то 15-уми август монда, "ҳазорон нафарро дар як рӯз берун хоҳанд бурд".
Ҳоло Байден аз ҷониби ҷумҳурихоҳон мавриди танқид аст. Онҳо амалиёти тарки Афғонистонро “як хато” номида гуфтаанд, ин тасмим дуруст нақшагирӣ нашуда буд.
Раҳбари ҷумҳурихоҳон дар Сенат, Митч МакКоннелл, рӯзи 13-уми август гуфт, Иёлоти Муттаҳида бояд алайҳи Толибон амалиёти ҳавоиро ба роҳ монда, ба нерӯҳои Афғонистон ёрӣ расонад. Дар изҳороте МакКоннел гуфт, “ҳанӯз дер нашуда, пеши роҳи Толибонро аз Кобул гирифтан мумкин аст”.
“Агар ин кор анҷом нашавад, таҳдиди амниятӣ ба Амрико афзоиш ёфта, талафоти башарии мардуми бегуноҳи афғон фоҷеабор хоҳад буд”, -- афзудааст ӯ.
Байден гуфт, аз тасмимаш барои берун бурдани нирӯҳо пас намегардад, чун, ба гуфтааш, Амрико пас аз ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 ба ҳадафаш дар заминаи шикаст додани “Ал-Қоида” даст ёфт ва ин ақидаро, ки ба дасти Толибон гузаштани Афғонистон як амри “ногузир” аст, рад кард.
“Зиёда аз 300 ҳазор сарбози афғон, ки аз ҷониби амрикоиҳо таълим гирифтаанд, бояд барои худ ва миллаташон мубориза баранд", -- гуфт Байден дар аввали ҳафта.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Антонио Гутерриш, рӯзи 13-уми август аз вазъ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, аз Толибон хост, ҳамлаҳои худро қатъ кунанд ва "бо нияти нек сари мизи музокирот нишинанд.”
Вай ҳамчунин гуфт, аз гузоришҳо дар бораи муносибати бад бо занон дар минтақаҳои ишғолшуда аз тарафи Толибон "сахт нигарон аст". "Хусусан дидани гузоришҳо дар бораи ҳуқуқи поймолшудаи духтарону занони афғон даҳшатовар ва дилрешкунанда аст", -- афзуд ӯ.