Солҳои 1980-ум ҳам ин макон истеҳкоми муқовимат ба артиши шӯравӣ буд ва баъди он ҳам ба Толибон дандон нишон дод, то замоне, ки ин режими усулгаро бо вуруди нирӯҳои амрикоӣ ба Афғонистон дар соли 2001 аз қудрат барканор гардид.
Ҳамакнун сокинони водии Панҷшери ҷойгир дар кӯҳҳои Ҳиндукуш - дар самти 150-километрии ҷануби Кобул, ба муборизаи нав омода мешаванд.
Бо шурӯи хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон баъди 1-уми май, ҳуҷумҳои Толибон вусъат ёфт ва то кунун тахминан нисфи марказҳои маъмурии 34 вилояти Афғонистон зери назари онҳо гузаштааст. Шӯришиён ҳоло қаламравҳои зиёдро дар Афғонистон назорат мекунанд ва ин қаламравҳо, аз ҷумла, ҳаммарз бо Панҷшер ҳам ҳастанд: тахминан ҳама минтақаҳои шимолии Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон – Бадахшон, Тахор, Бағлон ва қисмати шарқии Лағмон ба дасти Толибон гузаштаанд.
Пушти дарвозаи панҷшериҳо наздик омадани Толибон сокинони ин водиро ҳам водор кард, ки ба даст силоҳ бигиранд, то ки дар муқовимат бо ҷангиён ба нирӯҳои давлатӣ кӯмак шавад. Собиқ муҳоҷидон дар нақши мураббиҳои низомӣ насли нави ҷанговаронро тарбия мекунанд.
“Барои дифоъ аз ватани хеш”
Абдулаҳад Муҷоҳид яке аз онҳо аст. Ин марди 58-сола ба насли ҷавони Панҷшер дарси набард меомӯзад. Худи ӯ узви нирӯҳои муҳоҷидони собиқ аст, ки солҳои 1979-89 алайҳи ишғолгариҳои Шӯравӣ ҷангидааст. Солҳои 1996-2001, замоне, ки Толибон сари қудрат буданд, узви Эътилофи Шимол ва як сарбози зидди Толибон шуд.
Абдулаҳад Муҷоҳид мегӯяд, ҷавонҳои маҳаллиро инак панҷ ҳафта аст, ки омӯзиш медиҳад. “Дар давоми ин панҷ ҳафта онҳо истифодаи силоҳ ва ҷойгузории минаҳои заминиро меомӯзанд. Баъди ин онҳо барои ҳимояти ватани худ омода мешаванд”, гуфт Муҷоҳид. Юсуф Аҳмадӣ як шогирди ҷавони ӯ аст. Ӯ мегӯяд, “машқе, ки мо мегузарем, моро барои ҷанг бо душман омода мекунад. Мо инчунин машқҳои ҷисмонӣ ва ҳам ҳарбӣ мегузарем. Ҳоло мо тарзи истифодаи “Калашников”-ро меомӯзем”. Юсуф ба автомати АК-47 ишора мекунад, ки модели маъруфи автомати шӯравӣ буда, аз он ҷангиён дар саросари ҷаҳон зиёд истифода мекунанд.
Панҷшер дар ҳудуди вилояти ҳамноми худ ҷойгир аст ва дар давоми солҳои тӯлонӣ аксар вақт аз хатари ҳамлаи Толибон эмин мондааст. Вале дар ин охирҳо Толибон ба водӣ наздик омадаанд.
Рӯзи 8-уми август Толибон ба нирӯҳои ҳукуматӣ дар Панҷшер ҳамла намуданд. Як сол пеш ҳам шӯришиён ба ҳамин ноҳия ҳамла карда талош намуданд биноҳои марказии ҳукуматиро ишғол кунанд, вале бо муқовимат рӯбарӯ шуда ақибнишинӣ карданд. Полис он вақт гуфт, ки Толибон 20 сокини деҳоти маҳаллиро гаравгон гирифтанд, вале ниҳоят онҳо озод гардиданд.
Абдул Басит 26 сол дорад ва ба гуфтаи ӯ, даҳҳо мардони ҷавони маҳаллӣ дар ноҳияи Руха тамрини низомӣ мегузаранд. Ӯ мегӯяд, “мо ба ҷанг бе тайёрӣ рафтан намехоҳем. Аз мураббиҳоямон дарсҳои бисёр пурманфиате гирифтем. Онҳо таҷрибаи ҷанг бо сарбозони шӯравӣ ва Толибонро доранд”.
Нақша ин аст, ки баробари анҷоми тамринҳо ин ҷавонҳо ба сафи артиши ҳукуматӣ ваё полис мепайванданд.
Муқовимати дуввум
Ҷангиёни машқдида аъзои ҷабҳаи Муқовимати дуввум - гурӯҳи ниманизомие мебошанд, ки раҳбарии онро писари фармондеҳи маъруфи Эътилофи шимол Аҳмадшоҳ Масъуд ба ӯҳда дорад. Масъуд расо 20 сол пеш, 9-уми сентябри соли 2001 бо дасти ҷангиёни Ал-Қоида кушта шуд, ки зери либоси журналистон ба истеҳкоми ӯ дар баландиҳои Панҷшер роҳ ёфтанд. Ал-Қоида ду рӯз баъдаш дар фосилаи 10 ҳазор километр аз Панҷшер чандин ҳамлаи террористиро болои ИМА анҷом дод. Ин рӯзи 11-уми сентябри соли 2001 буд.
Писари Масъуд – Аҳмад Масъуд 32 сол дорад, ӯ хатмкардаи донишгоҳи Бритониё буда, дар ин кишвар дарси низомӣ хондааст. Ниманизомиёне, ки таҳти назари Аҳмад Масъуд ҷамъ омадаанд, ҳазорҳо нафарро ташкил медиҳанд. Онҳо тааҳҳуд кардаанд, ки Панҷшерро ҳимоят ва ҳам бахше аз онҳо дар сафи нирӯҳои ҳукуматӣ дар ноҳияҳои дигар хидмат мекунанд.
Кобул таъсиси ин гурӯҳи ниманизомиро барои муқобила бо Толибон истиқбол кард, вале аксари онҳо бештар ба ҷангсолорони маҳаллӣ вафодор ҳастанд, ки дар минтақаҳо нуфуз доранд.
Президенти Афғонистон Ашраф Ғании технократ ва таҳсилгардаи Ғарб, ки аз соли 2014 дар сари қудрат мебошад, дар давоми тамоми ин солҳо ба бозигарони пурқудрати маҳаллӣ такя кардааст, дар ҳоле, ки аксари онҳо – ҷангсолорони нирӯманд ҳамеша ба Кобул бо шубҳаву нобоварӣ нигоҳ мекунанд.
Дар ин охирҳо ҷангсолорони маҳаллӣ ҷангиёни собиқадори худро дубора сарҷамъ меоранд, чун ба назар мерасад, ки кишвар дубора ба марҳилаи нави хунин дар таърихи ин кишвари азиятшуда аз ҷангу хунрезиҳо ворид мешавад.
Дар шимол, ғарб ва минтақаҳои марказӣ гурӯҳҳои мусаллаҳи вафодор ба ҷангсолорони минтақаиву маҳаллӣ аз нав мусаллаҳ мешаванд. Ин дар ҳолест, ки бо наздик шудани 31-уми август - санаи анҷоми хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон эътимод ба тавонмандиҳои нирӯҳои давлатӣ то рафт заъиф мешавад.
Хатари ин вуҷуд дорад, ки бозгашти ниманизомиёни ҷудогона, ки бештар аз дидгоҳи манфиатҳои қавмӣ ба ҳам омадаанд, ҷараёни кӯмак ба ҳукумати марказиро ба ҳам мезанад ва Афғонистонро дубора ба бебандубориҳои назири солҳои 1990-ум мебарад.
Солҳои 1992-96 Афғонистон дар як ҳолати беқонунӣ қарор дошт ва дар ниҳоят, ҷангсолорон ва Толибон ин кишварро ба қаламравҳои ҷудогонаи зери нуфузи худ тақсим карданд. Муборизаи гурӯҳҳои рақиб барои Кобул боиси кушта шудани 100 ҳазор нафар шуд, кишвари Афғонистон ба оворагоҳе табдил шуд, ки то ҳол пурра барқарор нашудааст.
Бист сол баъди он ҳодисаҳо ҳам ниятҳои Толибон дар нисбати Кобул ва ҳам хостҳои насли нави ҳомиёни он – “шер”-они Панҷшер ҳам, ки омодаи ҷанганд, то охир маълум нест.