Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони Туркманистон ва Узбекистону Русия бо раҳбари сиёсии Толибон гуфтугӯ кардаанд


Мулло Абдулғанӣ Бародар
Мулло Абдулғанӣ Бародар

Намояндагони расмии Туркманистон ва Узбекистону Русия бо Мулло Абдулғанӣ Бародар, раиси дафтари сиёсии Толибон, мулоқот кардаанд.

Ин дидор, дар пасманзари нигарониҳо аз ҳамлаи афзояндаи шӯришиён дар саросари Афғонистон, рӯзи 11-уми август дар Қатар анҷом шудааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, як сухангӯйи Толибон, рӯзи 12-уми август ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, “авзои Афғонистон мавзӯи мавриди баҳс буд".

Вай афзуд, дар мулоқот муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вафо Ҳоҷиев ва фиристодаи президенти Узбекистон дар умури Афғонистон Исматулло Иргашев иштирок доштанд.

“Масъалаҳои минтақаӣ, аз ҷумла тиҷорати байни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низ баррасӣ гардиданд”, -- гуфт Муҷоҳид.

Дар паёми ҷудогона дар Твиттер сухангӯи дигари Толибон, Суҳайл Шоҳин, навишт, Мулло Абдулғанӣ Бародар ҳамчунин бо фиристодаи президенти Русия дар масоили Афғонистон, Замир Кобулов, суҳбат дошт.

Сухангӯйи дафтари Толибон дар Доҳа дар Твиттер навишт, Бародар ва Ҳоҷиев "муносибатҳои дуҷониба, масоили марзӣ, лоиҳаҳои иқтисодӣ, инчунин, амнияти намояндагиҳои дипломатии Туркманистон дар Афғонистон" -ро баррасӣ карданд.

Моҳи гузашта як сухангӯи Толибон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳайати онҳо аз Ишқобод дидан карда, бо мақомоти Туркманистон "равобити дуҷонибаи иқтисодӣ ва сиёсии ду миллат, ҳамчунин, масъалаҳои амнияту сарҳад"-ро баҳс намуданд.

Туркманистон бо Афғонистон 800 километр сарҳад дорад.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико, ваъда дод, ки ҷараёни берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон то аввали моҳи сентябри имсол ба поён мерасад. Бо наздик шудани ин мӯҳлат, Толибон ҳамла ба шаҳру минтақаҳои Афғонистонро бештар карда, то кунун назорати чанде аз ноҳияву маркази вилоятҳо ва гузаргоҳҳои марзиро ба даст овардаанд.

Бино ба гузоришҳо, садҳо афғонистонӣ, аз ҷумла сарбозон, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ фирор кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ақибнишинии садҳо сарбоз ва паноҳҷӯии садҳо сокини Афғонистон хабар дода, вале баъдан гуфтанд, ки низомиёнро ба Кобул пас фиристоданд.

Пешравии Толибон дар майдони ҷанг дар Афғонистон ин нигарониро ба вуҷуд овардааст, ки эҳтимол ҳукумати зери ҳимояти Ғарб дар Кобул вожгун шавад.

XS
SM
MD
LG