Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон гуфт, ки марзро бо Тоҷикистон кай боз мекунанд


Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов  
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов  

Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон рӯзи 12-уми август гуфтааст, марзи ин кишвар бо Тоҷикистон "ҳангоми ҳалли масоили сарҳадӣ боз хоҳад шуд".

Ба навиштаи вебсайти 24.kg, Марат Имонқулов дар як мизи гирд дар Бишкек афзудааст: "Қирғизистон аввал шуда сарҳадро набаст, балки чораҳои ҷавобиро андешид".

Ин мансабдори Қирғизистон мегӯяд, "ҳамроҳ бо ҳамкорони тоҷикамон бар сари масъалаи нишонагузории марз аз наздик ҳамкорӣ мекунем. Инчунин, маълум аст, ки президентони кишварҳои мо мулоқот карда, масоили марзиро баррасӣ карданд. Сарҳад дар ҷараёни ҳал шудани масоили марзӣ боз хоҳад шуд."

Ҷузъиёти бештари гуфтугӯҳои мақомдори Қирғизистон нашр намешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон, ду ҳамсояи наздик, ки бо ҳам беш аз 900 километр марз доранду нисфаш баҳсӣ аст, дар охири моҳи апрели имсол шоҳиди задухӯрди хунин шуданд. Дар он ҳодиса, аз ҳарду ҷониб, даҳҳо нафар куштаву захмӣ гардиданд.

Баъд аз ин, моҳи май Қирғизистон дарҳои ин кишварро барои истифода аз қаламрави он бо ҳадафи убури транзитии шаҳрвандону мошинҳои борбар аз Тоҷикистон баст.

Мақомоти ду кишвар пушти дарҳои баста мавзӯи аломатгузории марзи ду кишварро баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG