Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Тоҷикистон нақлиёти сайёри тиббӣ додааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Русия рӯзи 10-уми август дар чаҳорчӯби барномаи "Корвони саломатӣ" ба Тоҷикистон нақлиёти сайёри тиббӣ додааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, созишномаро дар ин бора ҳанӯз соли 2019 имзо карда буданд.

Намояндаи Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, нақлиёти сайёр бештар барои кумак ба сокинони минтақаҳои дурафтода дар назар гирифта шудааст. "Русия барои рушди Тоҷикистон, аз ҷумла бахши тандурустии он, бар асоси шарикии стратегӣ дастгирии доимӣ мерасонад", -- гуфт Шамил Шамсутдинов, намояндаи Русия дар Душанбе.

Вай изҳори боварӣ кард, ки нақлиёти сайёр ба ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар рустоҳо ба сар мебаранд, ёрӣ хоҳад расонд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, нақлиёти сайёр "бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили таҷҳизоти ренгтенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ ва лавозимоти дигари тиббӣ муҷаҳҳаз аст."

Маблағи умумии лоиҳа 2 миллиону 60 ҳазор доллари амрикоӣ буда, ду миллионашро Бунёди АвруОсиёии субот ва рушд ва 60 ҳазори дигарашро ҷониби Тоҷикистон додааст.

XS
SM
MD
LG