Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Биноҳои вайрон ва сокинони сарсон – Вазъ дар шаҳрҳои зери назорати Толибон. АКС

Бар асоси гузоришҳо, ҷангҷӯёни Толибон дар як ҳафтаи охир маркази шаш вилоятро дар Афғонистон зери назорати худ даровардаанд. Айни замон даргириҳои сахт байни онҳо ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар минтақаҳои дигар идома дорад.
Толибон иддао мекунанд, ки дар ишғоли минтақаҳо пешравӣ доранд. Мақомот Афғонистон мегӯянд, баъзе аз маҳалҳоро дубора аз шӯришиён пас гирифтаанд.
Дар ин миён садҳо хонаву иншооти давлатӣ ва мактабу шифохона вайрону валангор ва ё сӯхтаву нобуд шуда, ҳазорҳо сокин беҷову фирорӣ гаштаанд. Дар минтақаҳои зери назорати Толибон чӣ мегузарад, дар ин аксҳо бинед.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG