Мақомоти ҳукуматӣ дар Афғонистон мегӯянд, ки шоми 4-уми август ҷангиёни Толибон шоир ва таърихшинос Абдуллоҳ Отифиро дар манзилаш дар вилояти Урузгон шиканҷа карда ва куштаанд.
Ду руз пеш пулис дар вилояти Балх эълон кард, ки Толибон як зани ҷавонро бинобар сафар кардан ба шаҳри Мазори шариф ва либоси кутоҳ пушидан, тирборон карданд. Дар вилояти Бодғис низ Толибон як зани ҷавонро, ки дар гузашта дар маъракаи ваксиназании кӯдакон иштирок дошт, тирборон карданд. Нерӯҳои Толибон ҳафтаи гузашта низ Муҳаммад Хоша, танзнигори машҳурро дар шаҳри Қандаҳор аз хонааш рабуданд ва тирборон карданд.
Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, дар шаҳри Ҳирот, ки аз чанд руз ба ин тараф даргириҳо идома дорад, Толибон дар минтақаҳое ки ишғол карданд, "даст ба кушти ғайринизомиён ва ғорати молу мулки мардум задаанд".
Рӯзҳои гузашта Амрико ва Бритониё бо ишора ба куштори ғайринизомиён дар шаҳри Спин Булдак, воқеъ дар ҷануби Афғонистон ҳаммарз бо Балуҷистони Покистон, гуфтанд, ин куштор "ҷинояти ҷангӣ" аст.
Тибқи гузоришҳо, ҷангҷӯёи Толибон дар ин шаҳр, ки ҳудуди ду ҳафта пеш тасарруф карданд, интиқомҷӯӣ карда ва шумораи зиёде аз мардумро қатли ом кардаанд.
Сарпарасти сафорати Амрико дар Кобул рузи ҷумъаи 6-уми август дар сафҳаи "Твиттер"-и худ гурӯҳи Толибонро муттаҳам ба "кушторҳои ҳадафманд" кард ва гуфт, ин гурӯҳ "танҳо хушунатро мешиносад ва аз сулҳ тарс" дорад.
Ҳамзамон бо оғози раванди хуруҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон, ки рӯзи 31-уми август ба поён мерасад, Толибон ҳамлаҳои худро дар саросари Афғонистон бештар кардаанд. То ҳол онҳо тавонистаанд ноҳияҳои зиёд ва чандин гузаргоҳи марзии муҳим дар сарҳади Афғонистон бо Покистон, Эрон ва Тоҷикистонро тасарруф кунад.
Бо бештар шудани даргириҳои низомӣ дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон, гурӯҳи аз мардуми ҷангзадаи ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ овардаанд.