Дар чаҳорчӯби таҳкими дидбонии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ба марзбонҳои тоҷик дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) 18 асп дода шуд ва дар ин ҷо бунёди дидбонгоҳи нав идома дорад.
Ин бахши марз бо Афғонистон аз маконҳое ба шумор меравад, ки нигаҳбонии он душвор дониста мешавад. Марзбонҳо мегӯянд, қарор аст, истифода аз асп дар ин минтақа бештар шавад.
"Ҳозир дар дасти мо 18 асп дода шудааст, сарҳадбонҳо бо ин аспҳо маконҳои душворгузарро назорат мекунанд", -- гуфт яке аз сарҳадбонон.
Қитъаи мазкури марз дар гузашта яке аз самтҳои асосии қочоқбарон дониста мешуд. Вале бо ҷиддитар шудани дидбонии он гузаштани қочоқбарон дар як соли охир сабт нашудааст.
Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, дар нишасти матбуотӣ гуфт, "дар сарҳад сохтмони дидбонгоҳ ҷараён дорад. Ҳозир марз зери назорати қатъии марзбонҳо қарор дорад ва ҳеч мавриди ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад ҳам мушоҳида нашудааст."
Назорати сарҳад то соли 2005 дар дасти марзбонҳои рус буд. Баъди баромадани онҳо марзбонҳои тоҷик назорати сарҳадро худ ба даст гирифтанд.
Аз он вақт гирифта, дар ҳар ноҳия отрядҳои сарҳадӣ ва камендатураҳо сохта шуд. Дар ин муддат дидбонии марз ба сатҳи зарурӣ расид. Бо ишғол шудани минтақаҳои шимолии Афғонистон аз тарафи Толибон назорати марз ба раванди ҳаётан муҳим табдил ёфтааст.
Дар аввали моҳи июл зимни ҳамлаи Толибон садҳо шаҳрванди Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд. Ҳоло аз се ду ҳиссаи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки зиёда аз 1400 километр аст, зери назорати Толибон мебошад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: