Масъулони Вазорати молия гуфтанд, ба суратҳисоби махсусе, ки барои зарардидагони муноқишаи марзӣ боз шуда буд, пул ворид нашудааст. Дар пайи муноқишаи охири моҳи апрел дар сарҳад бо Қирғизистон, мақомот иқдоми ҷомеаи шаҳрвандиро барои ҷамъоварии маблағ барои зарардидагон манъ карда, аз сокинон хостанд, маблағи хайрияи худро ба суратҳисоби махсуси Вазорати молия гузаронанд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 2-юми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, баъд аз кушодани суратҳисоби махсус, онҳо ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат карданд, то ба осебдидагони муноқишаи марзӣ кумаки худро расонанд.
Вазири молия ба суолҳои батакрори хабарнигорон дар бораи чӣ қадар ворид шудани маблағ ба суратҳисоби зарардидагони муноқиша ва дар куҷо харҷ шудани он посухи рӯшан надод. Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия дар посух ба ин суол гуфт, "ба суратҳисоб маблағ ворид нашудааст".
Моҳи майи имсол дар пайи зарар дидани даҳҳо манзил дар минтақаҳои марзии шаҳри Исфара, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ эълон карданд, ки барои зарардидагони муноқишаи марзӣ суратҳисоб кушодаанд. Аз ҷумла, чунин кор аз сӯи гурӯҳи "Ахбор барои афкор" дар "Фейсбук" ҳамроҳ бо созмони "Насли навини тоҷикон" дар Амрико амалӣ шуд.
Вале ин талоши намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар нимароҳ монд, чун Вазорати корҳои дохилӣ аз ташкили суратҳисоби махсус барои ёрӣ ба зарардидагони Исфара хабар дод ва хитоб ба хайрхоҳон гуфт, маблағро ба суратҳисоби давлатӣ гузаронанд, на "суратҳисоби сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ".
Намояндагони мақомот далели ин корро ба он рабт доданд, ки баъзе аз сокинон аз ин вазъ сӯистифода мекунанд, аммо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтанд, харҷу дахлашон ошкор буд.
Дар пайи эълони Вазорати корҳои дохилӣ ва "суҳбат" бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷамъоварии маблағ барои зарардидагони муноқишаи марзӣ аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ қатъ шуд. Ҳамакнун пас аз се моҳ намояндагони Вазорати молия мегӯянд, ба суратҳисоби кушодаи онҳо барои зарардидагон маблағ ворид нашудааст.
Вале сарфи назар аз ин, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, аҳолии зарардида дар муноқишаи марзӣ аз сӯи давлат кӯмаки молӣ гирифтанд ва қисми зиёди иншоотҳо ҳам барқарор шуд.
Дар пайи қатъи кори гурӯҳи ташаббускор, баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз бархурди мақомот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ интиқод карда буданд. Чанде аз корбарон навиштанд, ки ба дахлу харҷи пулҳояшон дар суратҳисобҳои расмӣ бовар надоранд. Яке аз онҳо ишора кард, ки дар авҷи пандемияи коронавирус мақомот суратҳисоб кушоданд, аммо дар охир нагуфтанд, ки чӣ қадар пул ҷамъ шуду ба чӣ кор харҷ шуд. Мақомот ҳамеша гуфтаанд, маблағҳои дар чунин суратҳисобҳо бозшуда, дар ҷойи зарурӣ сарф шудаанд.
Дар пайи муноқишаи рӯзҳои 28-29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даҳҳо манзил хароб шуд. Мақомоти Қирғизистон расман хисороти молии дар пайи муноқишаи марзӣ бардоштаашро эълон кард. Вале то имрӯз мақомоти Тоҷикистон расман зиёни расидаи муноқишаи мусаллаҳона дар Исфараро дар умум баён накарданд. Бо ин вуҷуд, манобеъи Радиои Озодӣ дар Ҳукумати вилояти Суғд ҳисоби пешакии ин зарарро наздик ба 12 миллион сомонӣ муодили бештар аз як миллион доллари амрикоӣ гуфтанд.