Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду шиновар аз Тоҷикистон ҳам дар Олимпиадаи Токио ноком шуданд


Имрӯз, 30-юми июл, дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио дар мусобиқаи шиноварӣ бо тарзи озод дар масофаи 50 метр Олимҷон Ишонов миёни мардон ва Анастасия Тюрина миёни занон ширкат карда, аз ҳаққи идомаи мубориза дар даври ниманиҳоӣ маҳрум шуданд.

Олимҷон Ишонов дар гурӯҳи сеюм бо натиҷаи 26.12 сония ҷойи чорумро ишғол кард. Дар ин сабқат миёни мардҳо 73 нафар дар 10 гурӯҳ ширкат дошт. Натиҷаи беҳтаринро варзишгари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Каелеб Дрессел ба даст овард (21.32 сония). Шиновари тоҷик бо натиҷаи нишондодааш мақоми 60-умро касб кард. 16 нафар, ки натиҷаи беҳтар нишон доданд, ба нимфинал роҳ пайдо карданд.

Сабқати занон дар шино ба масофаи 50 метр бо тарзи озод бо иштироки 81 нафар дар 11 гурӯҳ сурат гирифт. Аз миёни занон низ 16 нафар бо натиҷаҳои беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. Анастасия Тюрина бо натиҷаи 29.05 сония дар гурӯҳи худ ҷойи аввалро гирифт ва дар байни ҳамаи ширкаткунандагон ҷойи 62-юмро соҳиб шуд.

Эмма Мкеон аз Австралия бо натиҷаи 24.02 сония рекорди нави олимпӣ гузошт. Рекорди пештара (24.05 сония) ба Раномӣ Кромовидҷоҷо аз Ҳолланд марбут буд, ки соли 2012 дар Бозиҳои олимпии Лондон гузоштааст.

Ёдовар мешавем, субҳи имрӯз, 30-юми июл, Темур Раҳимов, паҳлавони маъруфи тоҷик, ки дар Олимпиадаи Токио дар мусобиқаи ҷудо дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бар Энди Гранда аз Куба ғолиб омад, дар даври баъдӣ аз Гурам Тушишвилии гурҷӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.

Тушишвили, ки соли 2018 дар Боку ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта, имсол дар қаҳрамонии Аврупо ва Grand Slam дар Тел-Авиви Исроил бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудааст, муборизаро барои медали олимпӣ дар Токио идома дод. Ӯ ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз паҳлавони Ҷумҳурии Чех Лукаш Крпалек мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Ҳамин тариқ, ҳарчор паҳлавони тоҷик - Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов дар сабқати ҷудо дар Олимпиадаи Токио бе медал монданд.

Қаблан дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ Шаббос Неъматуллоев ва Сиёвуш Зуҳуров (ҳарду оид ба бокс) сабқати худро бидуни медал ба анҷом расонида буданд.

Муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов, ки дар даври муқаддамотии сабқати бокс пирӯз шуда буд, рӯзи 31-уми июл дар даври баъдӣ бо Элнур Абдураҳимов, варзишгари қазоқтабори узбекистонӣ, рақобат мекунад.

Намояндаи охирини Тоҷикистон – Илдар Аҳмадиев - рӯзи 31-уми июл дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон дар даври интихобӣ рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио то 8-уми август идома хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол дар Олимпиадаи Токио варзишгарони 70 кишвар медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 42 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд.

Аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мунтахаби Чин дар мақоми аввал аст. Варзишгарони ин кишвар 38 медал, аз он ҷумла 18 нишони тилло гирифтаанд. Мақоми дувумро мунтахаби Ҷопон бо касби 28 медал, минҷумла 17 нишони тилло азони худ кардааст. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 41 медал, ки 14-тоаш тиллост, дар мақоми севум қарор дорад.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Русия, Австралия, Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳолланд, Фаронса ва Олмон дохиланд.

Аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба ҷуз аз Русия, варзишгарони Гурҷистон, Узбекистон, Эстония, Латвия, Туркманистон, Украина, Қазоқистон ва Озарбойҷон бо медалҳои Олимпиадаи Токио мукофотонида шудаанд, вале варзишгарони кишварҳои дигари пасошӯравӣ - Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Литва, Молдова ва Тоҷикистон - то ҳоло дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ медал нагирифтаанд.

XS
SM
MD
LG