Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"НДС ва андози иҷтимоӣ кам мешавад". Сабукиҳои қонунеро, ки борҳо танқид шудааст, шарҳ доданд. ВИДЕО


Нусратулло Давлатзода гуфт, тарҳи қонуни нав дар баррасии ҳукумат аст
Нусратулло Давлатзода гуфт, тарҳи қонуни нав дар баррасии ҳукумат аст

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар Кодекси нави андоз, ки тарҳи он дар баррасии ҳукумат аст, навъу миқдори молиёт (налог) кам карда шудааст. Пештар баъзе аз соҳибкорону раҳбарони ширкатҳо мегуфтанд, воқеан баъзе сабукиҳои хурд ҳаст, вале мушкилҳо низ мондаанд. Низоми андозбандии Тоҷикистонро ба хотири сарбории зиёд доштан барои соҳибкорон ҳамвора танқид мекунанд.

Нарзулло Маликзода, муовини раиси Кумитаи андоз, рӯзи 30-юми июл гуфт, дар Кодекси нави андоз "шумори умумии молиёт аз 10 ба 7 адад поин оварда шуд".

Ба қавли ӯ, молиёт аз истифодабарандагони роҳҳои мошингардро аз Кодекси андоз берун карданд. Ин навъи андоз, ки ба қавли мутахассисон такрорӣ аст, солҳо пеш бояд аз Кодекси андоз хориҷ мешуд, аммо чанд дафъа ба таъхир афтод.

Тартиби андозҳо дар Кодекси нав чунин будааст:

  • андоз аз даромад бо андоз аз фоида якҷоя карда шудааст.
  • андоз аз воситаҳои нақлиёт бо андоз аз молу мулк якҷоя карда мешавад.
  • меъёри андоз аз шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 13 дарсад ва барои дигар нафъи фаъолият 18 дарсад пешбинӣ шудааст (феълан ин 23 дарсад аст).
  • меъёри андоз барои шахсони воқеӣ 12 дарсад пешбинӣ шудааст (феълан ин рақам 8 ва 13 дарсад аст)
  • меъёри андоз аз арзиши изофашуда (НДС) 15 дарсад пешбинӣ шудааст (феълан ин рақам 18 дарсад аст). Дар назар аст, ки меъёр барои НДС то соли 2027 давра ба давра 13 дарсад шавад.
  • меъёри андози ҳифзи иҷтимоӣ, ки корхонаҳо барои кормандонашон месупоранд дар Кодекси нав 20 дарсад пешбинӣ шудааст (ин рақам феълан 25 дарсад аст).

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз рӯзи 30-юми июл гуфт, тарҳи Кодекси нави андоз дар баррасии ҳукумат аст ва моҳҳои наздик қабул мешавад. Вай тасдиқ кард, ки бо амалӣ шудани Кодекси нав воридоти маблағ ба буҷа метавонад кам гардад, аммо афзуд, “ба хотири рушди истеҳсолот бояд ба соҳибкорон сабукиҳо дода шавад”.

Навори пурра аз нишасти матбуотии раҳбарияти Кумитаи андоз:

Кодекси андозе, ки ҳоло амал мекунад, соли 2013 қабул шудааст ва, бино бар сарбориҳои гаронаш, ҳадафи танқиди соҳибкорон гашта, сол аз сол зарурати ислоҳи онро ба миён овардааст.

Аз ҷумла, дар таҳқиқоти "Paying Taxes 2019" (Андозбандӣ дар соли 2019), ки 190 кишварро фаро гирифтааст, Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои дорои баландтарин сарбории молиётӣ ворид шуд. Ҳаҷми умумии андоз 67,3 дарсадро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки 32,8 дарсад аст, ду баробар бештар мебошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон се бор Кодекси андозро иваз шуд, аммо, ба гуфтаи иқтисоддонҳо, ҳеч яке аз ин қонунҳо барои рушди соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам наоварданд. Назаре, ки мақомот ба он розӣ нестанд ва мегӯянд, ба соҳибкорон сабукиҳои зиёде додаанд.

XS
SM
MD
LG