Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷбурӣ ё бо хоҳиши худ. Чаро қирғизҳои фирорӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон баргаштанд?


Қирғизҳои афғонистонӣ дар пайи ҳамлаҳои Толибон ба Тоҷикистон фирор карданд
Қирғизҳои афғонистонӣ дар пайи ҳамлаҳои Толибон ба Тоҷикистон фирор карданд

Мавзӯи бозпас фиристодани қирғизҳои Афғонистон аз Тоҷикистон ба зодгоҳашон дар миёнаҳои моҳи июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан бахши қирғизии он, шарҳҳои манфии зиёде дар пай дошт. Баъзе аз коршиносон саросемавор хулоса карданд, ки бозпас фиристодани он характери иҷборӣ дошт. Радиои Озодӣ талош кард, то маълум кунад, ки чаро ва чӣ гуна қирғизҳои бумиро дубора ба Афғонистон баргардонанд.

Дар бораи баргаштани 345 қирғизи бумии деҳаи Андемини вулусволии Вахон ба Бадахшони Афғонистон 18-уми июл дафтари матбуоти Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилоияи расмӣ, баргаштани паноҳандаҳо тавассути минтақаи марзӣ дар деҳаи Қизил-Работи ноҳияи Мурғоби ВМКБ, пас аз он сурат гирифт, ки ҳукумати Афғонистон амнияти шахсии онҳоро кафолат дод.

Ба қаламрави Чоштепа ва Дуюутки ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, қирғизҳои бумии Афғонистон чанд рӯз пештар фирор карда буданд. Бино ба иттилои расмӣ, онҳо аз сӯйи Тоҷикистон бо макони мувофиқ барои зист, хӯроворӣ, либос ва хадамоти тибиӣ таъмин карда шуда буданд.

Вале бозпас фиристодани онҳо дар пасманзари даргирии мусаллаҳонаи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон бо Толибон ва дархости ВКХ-и Қирғизистон аз мақомоти тоҷик барои ба Қирғизистон бурдани онҳо, дар кишвари ҳамсоя вокуниҳшои манфиро ба бор овард. Аксари корбарон бар ин буданд, ки ин характери иҷборӣ дошт.

Бо хоҳиши худ ё маҷбурӣ?

Як корманди Идораи гумрук дар ноҳияи Мурғоб бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт, сару садоҳои бозгардондани иҷбории фирориён асос надорад.

"Ин мардум дар қаламрави Даҳлези Вахон гуруҳӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳудуди 800 нафар аз сӯйи Помири Хурд ва бештар аз 12 ҳазор аз тарафи Зоркӯл. Миёни онҳо тамоси ҳамешагӣ вуҷуд надорад ва гурӯҳе, ки ба ҳудуди Мурғоб омада буданд, ба онҳо хабари дурӯғ расонида буданд ва саросемавор қаламрави худро тарк карда буданд. Намояндаҳои ҳукумати Афғонистон онҳоро мутақоид карданд, ки ба зиндагии онҳо чизе таҳдид намекунад ва пас аз ин тасмим гирифтанд, ки баргарданд”, -- таъкид кард манбаъ рӯзи 29-уми июл.

Бо ин вуҷуд, минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон то кунун таҳти тасарруфи “Толибон” қарор доранд ва талошҳои ҳамалаҳои ҷавобии нерӯҳои ҳукуматӣ натиҷае дар пай надоштааст. Яке аз пизишкони беморхонаи Мурғоб мегӯяд, барои расондани ёрии тиббӣ ба назди паноҳандаҳо рафтанд.

“Мутаассифона, натавонистанд ба ду хурдсол ёрӣ бирасонанд, ки дар роҳ фавтида буданд”, -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Зиндагии қирғизҳо дар Афғонистон. Акс аз соли 2017
Зиндагии қирғизҳо дар Афғонистон. Акс аз соли 2017

Нозим, сокини дигари Мурғоб, мегӯяд, дар ноҳия дар бораи баргаштани паноҳандаҳо сарусадоҳои бо ҳам зид вуҷуд дорад. “Бархеҳо мегӯянд, онҳоро маҷбур карданд, ки бираванд. Дигарон мегӯянд, онҳо худашон хостаанд. Аз сокинони маҳаллӣ касе ба онҳо сару кор надошт. Онҳо дар Шаймоқ буданд. Қирғизистон чанд сол пеш бархе аз онҳоро қабул кард, вале бештари онҳо натавонистанд дар онҷо бимонанд ва дубора баргаштанд. Ба назарам, худашон намехоҳанд, ки шеваи зиндагияшонро тағйир диҳанд”, -- тахмин кард Нозим.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ваъда карданд, ки мавзӯи бозгардондани қирғизҳои Афғонистонро шарҳ медиҳанд, вале то замони нашри ин матлаб маълумоти лозимро нафиристоданд.

Сахтиҳо дар равобит

Таҳлилгари Радиои Озодӣ Брюс Панниер дар мақолаи худ тахмин мезанад, ки мақомоти Тоҷикистон баробари ба эътибор нагирифтани дархости Қирғизистон дар мавриди ҷо ба ҷо кардани қирғизҳои бумӣ “имкони беҳтар кардани равобит бо ин кишварро аз даст доданд”.

Брюс Панниер
Брюс Панниер

“Кӯчбандии шаҳрвандони Афғонистон ба кишварҳои дигар метавонад, нишонаи бесуботӣ, ҳатто бештар аз он, кӯтоҳ омадани Кобул бошад. Комилан имконпазир аст, ки чеҳраҳои расмии Афғонистон аз Тоҷикистон хостанд, қирғизҳоро бозпас бифристанд, то нишон бидиҳанд, ҳукумат ва артиши ин кишвар ҳанӯз метавонанд кафили амният бошанд”, -- менависад Панниер.

Дар ҳамин ҳол, ӯ бар ин аст, ки чунин амалкардро мардуми Қирғизистон ба унвонии нохайрхоҳие аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ кунанд.

Равобит миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар шароити буҳронӣ идома дорад. Хусусан пас аз даргириҳои мусаллаҳонаи 28-29-уми апрел миёни марзбонони ду кишвар, ки аз ду ҷониб даҳҳо қурбонӣ дошт.

Ба гуфтаи вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 60 мошини боркаши калон, ки аз хориҷи кишвар бор мекашонанд, дар қаламрави Қирғизистон банд мондаанд.

21-уми май Девони вазирони Қирғизистон қароре содир кард, ки вуруд, хуруҷ ва сафари транзити шаҳрвандони Тоҷикистонро тавассути ин кишвар манъ мекард.

XS
SM
MD
LG