Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқдони "Тоҷик Эйр" ширкатро ҳақ шумурд, аммо дар фикри музокира аст. ВИДЕО


Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"
Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

Масъулони "Тоҷик Эйр" дар вокуниш ба қарори Додгоҳи Вилнюс, ки ширкатро ба пардохтани беш аз 20 миллион доллар ба "Скайроуд Лизинг" вазифадор кардааст, гуфтанд, "дар мавқеи худ устуворанд" ва "пулро нахоҳанд дод".

Баҳс бо ширкати литвонии "Скайроуд Лизинг" аз соли 2013 идома дорад. Қарори Додгоҳи ҳакамӣ ё арбитражии шаҳри Вилнюс ба нафъи "Тоҷик Эйр" нест. Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ҳам онро эътироф кардааст. "Тоҷик Эйр" ягона ширкати давлатии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон, чанд сол боз дучори буҳрон аст.

Аз Тоҷикистон то Литваву Амрико

Даврон Ғафуров, ҳуқуқшиноси ширкат, рӯзи 27-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қисми зиёди маблағеро, ки "Скайроуд Лизинг" даъво дорад, пардохта буданд. "Ду ҳавопайморо ба 9-миллиондолларӣ ба иҷора гирифта будем. Бештар аз 2 миллион доллари дигар аз ҳисоби фоизҳо буд. Лекин мо 15 миллион долларро баргардонидаем", -- иддао кард ӯ. Аммо дар айни ҳол гуфт, "талош дорем, ба ягон музокира биоем, ки иҷрои он имконпазир бошад".

Паулиус Дока, намояндаи ширкати "Скайроуд Лизинг", гуфтааст, дар сурати пардохт нашудани қарз аз ҷониби "Тоҷик Эйр" давлати Тоҷикистонро ба ҷавобгарӣ мекашанд.

Ин ширкат баҳсро бо "Тоҷик Эйр" ба як додгоҳи Амрико низ бурдааст. Вале Даврон Ғафуров гуфт, масъала дар он сӯи Уқёнус ба фоидаи онҳо ҳал шуд. "Фикр кардаанд, ки дар Амрико ягон намояндагӣ дорем ва аз ҳисоби дороиҳои мо маблағро мегиранд. Маълум шуд, ки дар он ҷо чизе надорем. Боз шикояти кассатсионӣ кардаанд. Баҳс дар онҷо низ идома дорад", -- шарҳ дод ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Тоҷик Эйр" умед дорад, ки дубора ба ҳаво хоҳад хест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Зафар Ҳафизов дар куҷост?

Идомаи баҳси рӯёнидани маблағ дар ҳолест, ки рӯзи 22-юми июл Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон эълон кард, даъвои ширкати литвонии "Скайроуд Лизинг"-ро ба зидди ширкати "Тоҷик Эйр" эътироф кардааст.

Дар гузашта масъулини "Тоҷик Эйр" гуфта буданд, ки Зафар Ҳафизов, сардори пешини шуъбаи ҳуқуқи Вазорати нақлиёт, беш аз 180 ҳазор сомонӣ пули ширкатро аз худ карда, боис шудааст, ки дар мурофиаи додгоҳӣ дар хориҷа шикаст хӯранд. Ба қавли онҳо, Ҳафизов вазифадор будааст, аз манфиати ширкат ҳимоя кунад, аммо дар мурофиаҳо ҳузур надоштааст.

Дар робита ба ин масъала ҳуқуқшиноси "Тоҷик Эйр" гуфт, маблағе, ки Зафар Ҳафизов гирифта буд, “дубора баргардонида шуда, нисбат ба ӯ парванда оғоз гардид”. Аммо дақиқ нагуфт, ки феълан Зафар Ҳафизов дар куҷост ва нисбат ба ӯ чӣ ҷазо дар назар аст.

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон солҳои дароз аст, ки мушкили молӣ дорад. Бо вуҷуди қабули барномаҳои давлатӣ барои ба по хезондани он, аҳволи ширкат беҳ нашуд ва парвози ҳавопаймоҳои он қатъ шудааст.

"Тоҷик Эйр" аз андоз ё молиёт наздик ба 1 миллион доллар қарздор буда, нигаҳдории ҳавопаймоҳояш дар фурудгоҳҳо низ маблағи азимеро талаб мекунад. Як ҳавопаймои он дар фурудгоҳи Тошканд, дигаре дар Шарҷаи Иморати Муттаҳидаи Арабӣ ва сеюмӣ дар фурудгоҳи Внуковои Маскав дармонда, чаҳорумӣ дар Душанбе беҳаракат истодаанд. Бо вуҷуди ин, мақомот ба беҳ шудани вазъи ширкат умедворанд, аммо роҳи чӣ гуна берун баромадан аз буҳронро намегӯянд.

XS
SM
MD
LG