Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, 1,5 миллион воя (доза) ваксинаи "Модерна" дарёфт кард. Ваксинаҳои мазкур, ки субҳи 26-уми июл ба Душанбе расиданд, кӯмаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон мебошад. Ваксинаи "Модерна" дар шароите ба Тоҷикистон расид, ки гирифторӣ ва фавт аз COVID-19 дар кишвар зиёд шудааст.
Ҷон Марк Поммершайм, сафири ИМА дар Тоҷикистон бо пахши хабарномае гуфт, 1,5 миллион воя ваксинаҳои "Модерна" "ҳаётро наҷот медиҳад." Сафир гуфтааст, ӯ ва оилааш ваксинаи "Модерна" гирифтаанд ва аз сокинон низ даъват мекунад, ки худро зидди COVID-19 эм кунанд.
"Эмкунӣ на танҳо саломатии шуморо ҳифз мекунад, балки инчунин метавонад ҳаёти атрофиёнро наҷот диҳад. Мо минбаъд низ ба мардуми Тоҷикистон дар мубориза бо вирус кумак хоҳем кард ва якҷоя мо метавонем ин бӯҳронро паси сар кунем,"-гуфтааст Сафир.
Наворро дар инҷо бинед:
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ субҳи 26-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, 1,5 миллион воя ваксинаи "Модерна" барои эм кардани 750 ҳазор нафар ё 13 дарсади аҳолии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
АКСҲО АЗ ҚАБУЛИ ВАКСИНАИ МОДЕРНА ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ
Тоҷикистон то ин дам аз Ҳиндустон 192 ҳазор ва аз Озарбойҷон 40 ҳазор воя ваксинаи Астразенека гирифтааст. Ҷумҳурии Чин ҳам ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаи “Коронавак” додааст.
Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, аввали моҳи август Тоҷикистон боз 128 ҳазор воя ваксинаи "Астразенека" дарёфт мекунад. Қарор аст ин ваксинаҳо аз Шветсия ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд. Сардори Раёсати беҳдошти Вазорати тандурустӣ мегӯяд, Тоҷикистон мехоҳад зиёда аз 62 дарсади аҳолиро зидди коронавирус эм кунад.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, то имрӯз зиёда аз 460 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд.
Осама Маккавӣ, раҳбари Намояндагии Бунёди кӯдакони Созмони Милал (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон дар Фурудгоҳи Душанбе ба хабарнигорон гуфт, 1,5 миллион ваксинаи "Модерна" барои пурзӯр кардани маъракаи эмгузаронӣ дар Тоҷикистон такон мебахшад.
Бар асоси қарори қарори Ситоди муқобила бо коронавирус, гирифтани ваксинаи зидди COVID-19 дар Тоҷикистон барои шахсони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад. Сокинони Тоҷикистон барои гирифтани ваксинаи зидди коронавирус чандон шитоб надоштанд. Аммо ҳоло зоҳиран аксарият зарурати эмкуниро дарк намуда, ба ҳатмӣ будани он мухолифат намекунанд. Ҳарчанд онҳое ҳам ҳастанд, ки аз иҷборӣ шудани маъракаи эмгузаронӣ норозиянд.
Бастаи ваксинаҳои "Модерна" дар шароите ба Тоҷикистон мерасанд, ки гирифторӣ ва фавт аз COVID-19 дар кишвар афзоиш ёфтааст. Тибқи иттилои расмӣ, то рӯзи 25-уми июл дар кишвар 14592 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 117 нафар фавтидаанд. Аммо бархе мутахассисон мегӯянд, теъдоди воқеии гирифторшудагон аз омори расмӣ бештар аст. Дар чунин шароит, маълум нест, ки расидани ваксинаҳои "Модерна" то куҷо вазъияти гирифторӣ ба COVID-19-ро дар Тоҷикистон тағйир медиҳад.