Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ ба номи Иззат Амон пул ҷамъ меорад? Писараш хост, "мардум фирефта нашаванд" ВИДЕО


Дар акс: Муҳаммадюсуф Холов ва Иззат Амон
Дар акс: Муҳаммадюсуф Холов ва Иззат Амон

Пайвандони Иззат Амон, ҳомии боздоштшудаи муҳоҷирон, аз он нигаронанд, ки чанд нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истифода аз ному акси ӯ ва шариконаш ба манфиати шахсии худ пул ҷамъ овардаанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, хонавода бо вуҷуди эҳтиёҷ доштан ба кумак, чунин даъват накарда буд. Баъзе аз ин саҳифаҳо аллакай баста шудаанд ва имкони тамос бо соҳибонашон нест.

Иззат Амон аз моҳи марти имсол ба ин сӯ дар боздоштгоҳ аст. Додситонӣ ӯро ба қаллобӣ ба маблағи 630 ҳазор рубл муттаҳам медонад. Наздиконаш мегӯянд, аксари даъвоҳо беасосанд, вале дар сурати зарурат ва ба хотири раҳоии ӯ ин миқдор маблағро хоҳанд пардохт.

"Ба кумак ниёз дорем, вале..."

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон, дар як муроҷиати видеоӣ аз мардум хост, аз ин ба баъд фирефтаи даъвату суратҳисобҳои дурӯғин нашаванд. Вай айни замон гуфт, барои кумак ба Иззат Амон суратҳисоби воқеӣ кушодаанд ва агар касе қудрат дорад, метавонад пули худро ба онҷо фиристад.

"Вақте ҳамкоронаш барои пуштибонӣ аз падарам гап мезаданд, пас аз чанд рӯз бо номи онҳо, ба мисли канали Шӯҳрат Қудратов ё Бахтовар Ҷумъаев, аз мардум маблағ талаб мекарданд. Дар асл на онҳо, на мо расман чунин дархост надоштем. Бале, ба мо кумак лозим аст. Вале маблағи ниҳоиро мунтазир мондем, то маълум шаваду баъд ба мардум муроҷиат кунем. Бори аввал аст, ки аз номи падарам барои дарёфти кумак ҳарф мезанам", -- гуфт Муҳаммадюсуф Холов рӯзи 21-уми июл дар суҳбат бо Озодӣ.

Айни ҳарфҳоро Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдон ва корманди “Маркази тоҷикон” дар Маскав, низ тасдиқ кард. Вай рӯзи 21-уми июл гуфт, шахсони номаълум борҳо аз суҳбату аксҳои ӯ истифода карда, аз мардум барои Иззат Амон ёрӣ гирифтаанд.

"Завқӣ Бахтиёрович" кист?

Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов

"Як нафари ношинос бо имзои “Завқӣ Бахтиёрович” рӯзи 18-уми июл дар Ютуб аз суҳбатҳои ман истифода карда, суратҳисоби худро гузоштааст. Аз мардум маблағ талаб дорад. Ҳарчанд талош кардем, нафаҳмидем, ки соҳиби ин имзо кист. Чанд муҳоҷир ба мо гуфтанд, ки ба суратҳисоби ӯ пул гузарондаанд”, -- нигаронӣ кард Қудратов.

Хонавода ва ҳамкорони Иззат Амон мегӯянд, суистифода аз номи ҳомии боздоштшудаи муҳоҷирон ва шариконаш ба манфиати кор нахоҳад буд, чун дар сурати зарурат кумаки лозимиро аз мардум ҷамъ оварда наметавонанд. Ба гуфтаи онҳо, барои ҷуброни зараре, ки гуё Иззат Амон расондааст, пули бештар даркор мешавад.

Дар гузашта дар Тоҷикистону Русия ҳангоми гирдоварии кумак ба баъзе оилаҳои дармонда ё беморон чунин вазъият пеш омада буд.

Мавзӯи ҷамъоварии кумак ба Иззат Амон дар ҳоле доғ шудааст, ки интизор меравад 25-уми июл муҳлати тафтиши парвандаи ӯ ба поён бирасад.

Писари Иззат Амон мегӯяд, шояд барои раҳоии падараш пули зиёд лозим шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Мақомот чӣ мегӯянд, ҷонибдорон ба чӣ боваранд

Муфаттиш ва вакили мудофеи Иззат Амон аз посух гуфтан ба суолҳои Радиои Озодӣ дар бораи парванда худдорӣ карданд. Шариф Қурбонзода, як масъули Додситонии кул, рӯзи 13-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ гуфта буд, ки алайҳи Иззат Амон 12 нафар шикоят кардаанд ва "зарари расондашуда 630 ҳазор рубли русӣ ва ҳазор доллари амрикоист."

Ба гуфтаи ӯ, “Иззат Амон аз соли 2014 то 2020 аз ин афрод барои озод кардан аз маҳбас, гирифтани иҷозати қайди муваққат ва бекор кардани депортатсия маблағ гирифтааст”. Наздикони Иззат Амон мегӯянд, ин даъвоҳо дуруст нест ва онҳо омодаанд, ҳар даъвои асоснокро ҷуброн кунанд.

Иззат Амон, раиси "Маркази тоҷикон" дар Маскав, рӯзи 25-уми марти имсол аз Русия ихроҷ шуд. Мақомоти Тоҷикистон пас аз як рӯз аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд. Парвандаи ба зидди ӯ бар асоси "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) таҳқиқ мешавад. Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Тарафдорони ӯ бовар доранд, ки боздошти Иззат Амон ва иттиҳоми зидди ӯ дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, ба интиқодҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон рабт мегирад. Ӯ дар баробари кумаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд ва аз баъзе сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон танқид мекард.

XS
SM
MD
LG