Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар "Головной" дурбин насб кард, аммо каме дуртар ва дар шохи бед. ВИДЕО


Насби дурбин дар "Головной"

Мақомоти шаҳри Исфара гуфтанд, дар аввали моҳи июл дар мавзеи наздик ба Маркази тақсими об, машҳур бо номи “Головной”, як дурбини назоратӣ насб карданд. Тақрибан се моҳ пеш насби чунин дурбин боис ба даргириҳо дар ин минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон гардида буд.

"На дар сутуни болои пул"

Баҳоваддин Баҳодурзода, шаҳрдори Исфара, рӯзи 19-уми июл ба рӯзноманигорон гуфт, ин навбат дурбинро на дар сутуни болои пули обгузар, балки дар фосилаи даҳ метр дуртар аз он, дар танаи дарахте часпондаанд.

Баҳоваддин Баҳодурзода
Баҳоваддин Баҳодурзода

“Аслан таъиноти насби дурбин барои чӣ лозим аст? Барои мушоҳида ва тартиботро назорат кардан. Дурбин сарҳадро муайян намекунад. Дар масъалаи “Головной”. Чӣ хеле, ки мавқеи худро аз рӯи созишнома маълум карда будем, ҷонибҳо шартро риоя карда истодаанд”, -- шарҳ дод ӯ.

Рӯзи 19-уми июл, ҳангоме ки ба ин минтақа рафтем, низомиёни тоҷик бо масъалаҳои амниятӣ нагузоштанд, ҷойи насби дурбинро ба навор бигирем. Вале дар аксҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, камераро ба дарахти бед бастаанд.

Дар муноқишаи рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол ҳам дурбини тарафи Қирғизистон ва ҳам камераи Тоҷикистон хароб шуда буданд.

Номаи ҷавонони Чоркӯҳ

Чанде пеш гурӯҳе аз ҷавонони ҷамоати Чоркӯҳи Исфара бо муроҷиат ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти амниятии кишвар аз кӯчонда шудани дурбини назоратӣ изҳори нигаронӣ карданд. Ин муроҷиатномаро ҳамзамон ба шаҳрдори Исфара супорида, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуданд. Онҳо гуфтанд, ин амал дар натиҷаи гуфтушуниди ду тараф ба миён омадааст.

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси Исфара, гуфт: “Воқеан, байни раисони ду вилоят вохӯрӣ гузашт, вале расман ягон суратҷаласа ба тасвиб нарасидааст. Онҷо дар пайи норозигии сокинони кишвари ҳамсоя фақат фаҳмондадиҳӣ сурат гирифт. Барои мушоҳида дар ҳудуди худамон дар ҷойи муайяншуда камера насб карда шуд. Камераҳо дар наздикии “Головной” ҳастанд.”

Дар муроҷиатномаи гурӯҳи ҷавонон бо ишора ба муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ, ки тақрибан се моҳ пеш рух дод ва аз ду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ боқӣ гузошт, ҳамчунин навишта шудааст, ки: “Дар сурати ба қафо кашидани дурбини назоратӣ, тамоми айбҳои муноқишаи наздимарзии 28-29-уми апрел ба дӯши Тоҷикистон меафтад. Инчунин, Қирғизистон назорати тақсими обро ба даст оварда, аллакай ба гардонидани оби Исфара оғоз кардаанд, ки қисман заминҳои обёришудаи шаҳри Конибодом хушкида истодаанд.”

Вале масъулони обтақсимкунии ҷониби Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло барои назорати меъёр бемонеа ба ҷониби обанбор мераванд ва “тибқи нишондод об ҷорӣ шуда истодааст”.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Насби дурбини назоратӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00

"Об баробар тақсим мешавад"?

Ғафур Холиқов, нозири тақсими об дар “Головной” мегӯяд, “ҳоло дар даҳаи севуми моҳи июл ҳаққи оби қирғизҳо 22,3 дарсад аст. Аз рӯи ҳамин нишондод обро ҳисоб карда медиҳем. Мо меоем. Намояндаи онҳо низ меояд. Меъёри обро монда меравем. Дар як рӯз панҷ бор меоем”.

Дарёе, ки аз он об ба заминҳои кишоварзӣ тақсим мешавад, ҷониби Тоҷикистон “дарёи Исфара” ном мебарад, ҷониби Қирғизистон “Оқсу” мегӯяд. Дарозии он 107 километр аст.

Ба қавли масъулони идораи оби Исфара, мувофиқи санади солҳои 1980-1982, обёрии тақрибан ҳашт ҳазор гектар замини кишоварзии Қирғизистон ва зиёда аз 21 ҳазор гектар замини Тоҷикистон аз дарёи Исфара муайян карда шудааст. Ҳамзамон ба ноҳияи Бешариқи Узбекистон ба миқдори муайян тақсими об муқаррар намудаанд.

Шуғли асосии сокинони наздимарзии Исфара кишоварзист ва обёрии заминҳои кишт масъалаи ҳаётан муҳим барои ҳосили хуб ба даст овардану зиндагӣ кардан аст. Маҳдудият ба дастрасии об зуд-зуд боис ба таниши сокинони ду ҷониб мешавад, ки баъзан бо хунрезиву талафоти ҷонӣ меанҷомад.

Дар муноқишаи охири моҳи апрели имсол ҳарду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин рӯйдодҳо 19 нафар кушта, 87 захмӣ шудаанд. Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳои худро 36 ва захмиёнашро 189 нафар эълом доштааст. Додситониҳои ҳарду кишвар барои пажӯҳиши ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд.

Дарозии марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он то имрӯз танҳо 519 километри он муайян ва нишонагузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG