Бар асари боронгарӣ ва омадани сел дар деҳаи Дашти Қозӣ ва чарогоҳи тобистонаи Киштудаки Панҷакент 12 нафар, аз ҷумла кӯдакон, ҷон бохтаанд.
Умеда Юсуфова, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, 20-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, “то ин дам ҷасади даҳ нафарро аз зери обу лой ёфтанд”, ҷустуҷӯи ду ҷасади дигар идома дорад. Ҳодиса 19-уми июл рӯй додааст.
Ашраф Истамзода, масъули Идораи муҳити зисти шаҳри Панҷакент, гуфт, “наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо чархбол ба ҷойи ҳодиса омада, ба кофтукоби ҷасадҳо машғул ҳастанд.”
Дар гузашта дар чунин мавридҳо мақомот асосан сокинонро ба беэҳтиётӣ ва мардум мақомотро ба бепарвоӣ гунаҳкор кардаанд.
“Тақрибан соати 15:30 боронҳои пай дар пай дар деҳаи Дашти Қозии ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд фаромадани селро ба амал оварданд. Тибқи маълумоти пешакӣ дар натиҷаи офати табиӣ, обу лойқа қисман ба 15 бинои истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, 3 километр роҳи байни деҳаҳо зарар расонида, боис ба талафоти 35 сар чорво низ шуд”, - афзуд Умед Юсуфова.
Ноҳияҳои дигар эмин набудаанд
Рӯзи 19-уми июл ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Айнӣ ҳам шоҳиди боронгариҳои шадид ва омадани сел буданд, ки ба гуфтаи мақомот, "хисороти молӣ дар пай дошт". Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, феълан комиссияи вижа ба таҳқиқи хисороти воридшуда аз ин офатҳои табиӣ оғоз кардааст.
Дар ҳамин ҳол, сокинони чанд деҳа дар ноҳияи Айнӣ ҳам гуфтанд, рӯзи гузашта селу боронгарӣ ба манзилҳои онҳо низ зарар расонд. Аз ҷумла, сел дар деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ даҳҳо чорвои мардум ва нақлиётро бурдааст. Дар наворе, ки сокинон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки сел роҳ ва пули байни деҳаро хароб кардааст.
“Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи сел 4 километр роҳи мошингард, 2 пул, хати барқ вайрон шуда, таҳхонаҳои 8 бинои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ қисман аз лойоба пур гардидааст. Талафот нест", -- афзуд сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Як сокини деҳаи Пити ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта дар ин деҳа ҳам сел омадааст.
Имсол Тоҷикистон шоҳиди селу боронгарии зиёд шуд, ки ба гуфтаи мақомот, иқтисоди кишвар миллионҳо сомонӣ зарар овардааст. Аз ҷумла, офати табиии рӯзи 11-уми май ба 15 шаҳру ноҳияи кишвар зарар расонд ва боис ба марги 9 нафар шуд.
Сел танҳо дар шаҳри Кӯлоб 46 миллион сомонӣ баробар ба 4 миллион доллар хисорот доштааст. Ба маълумоти сарчашма, дар ин ҳодиса 43 хона пурра ва бахше аз 102 хонаи дигар вайрон шудаанд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Аз аз соли 1992 то соли 2020, обхезиву селу заминларза ва лағжиши хок ба 7 миллион нафар осеб ва ба иқтисоди кишвар тақрибан 2 миллиард доллар зарар расондааст.