Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйирёбии иқлим зиндагии қутоспарварони Мурғобро душвор кардааст. ВИДЕО


Аличор, аз водиҳои дурдасти Тоҷикистон дар баландкӯҳи Мурғоб аст, ки дар баландии 4000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва парвариши қутос ягона манбаи даромади мардум мебошад.

Камчинбек Ҷапаров, қутоспарвар аз Мурғоб мегӯяд, ки замистони сахтеро пушти сар кардаанд то насли қутосҳои ширхоро ба даст оваранд. Сардиҳои камсобиқаи зимистони гузаштаро Ҷаппаров, натиҷаи тағйирёбии иқлим медонад. “Мушкил инки ҳар сол иқлим таъғир меёбад, имсол замистони сахтеро пушти сар кардем, ба зур замистонро гузаронидем, барои мо хӯроки иловагӣ лозим шуд. Хуб, ки ҳукумати ноҳия бо чени метонистааш кумак кард”,- гуфт Ҷапаров.

Аммо на ҳама чорводорон мисли Ҷапаров тавонистаанд, ки қутосҳоро аз сардии бесобиқа наҷот диҳанд. Зимистони тӯлонӣ ба аксар хонаводаҳои ин минтақа зарбаи сахте зада аст, аз сардиҳо ва камбуди хошок садҳо сар чорвояшон талаф ёфтааст.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Қутоспарварони тоҷик аз зимистони сард зарари калон дидаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

Мӯсо Турдиқулов, яке аз чорводорон гуфт, аз камбуи алаф имсол зиён дидааст. "Чор қутосам мурд, ҳоло инҷо нигоҳ медорем қутосҳоро, бояд онҳоро ба чарогоҳ барем, ин ягона даромади мо ҳаст, инҷо чизе нест ба ҷуз чорводорӣ.”

Дар минтақаи паҳновару дурдасти Мурғоби Тоҷикистон иқлим хушку ҳамзамон сард аст. Ин аст, ки дар аксар ҷамоатҳои он аз ҷумла Аличор, дарахт намерӯяд, заминаш низ ҳосилхез нест. Қутоспарварӣ барои бисёре аз хонаводаҳо ягона манбаи даромад аст.

Сулаймон Алишеров, раиси ҷамоати Аличур дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "Ҳамин чорво аст, ки мардум зиндагияшонро пеш мебаранд, дар ҷамоат 10 ҳазор қутос ҳаст. Мардум дигар кор надоранд, қутоспарварӣ мекунад, дар ҳолати зарури мефурӯашнду зиндагӣ мекунанд.”

Сокинон дар Мурғоб хуб дарк мекунанд, ки зиндагияшон бидуни қутоспарварӣ пеш намеравад. Аз ин рӯ, бештари вақташонро пайи парвариши қутос мегузаронанд вобаста ба мавсим қутосҳоро ба чарогоҳи тобистона мебаранд ва бо фаро расидани сармо бармегардонанд. Дар ноҳияи Баландкӯҳи Мурғоб бар асоси гузоришҳои расмӣ беш аз 25 ҳазор қутос парвариш мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG