Толибон иброз доштаанд, ки агар ҳукумати Афғонистон 7 ҳазор пайрави ин ҷунбиши исломиро аз зиндонҳо раҳо кунад, ҳозиранд барои се моҳ оташбас эълон кунанд.
Ин изҳорот пас аз он садо дод, ки Толибон гузарогоҳи калидӣ дар марз бо Покистонро зери назорат дароварданд. Дар остонаи беруншавии нерӯҳои Амрико аз Афғонистон, ки рӯзи 31-уми август ба анҷом мерасад, Толибон минтақаҳои зиёдеро аз контроли ҳукумат берун кардаанд.
Рӯзи 15-уми июл як узви ҳайати музокиракунандаи ҳукумат Аҳмад Нодир Нодирӣ гуфт, дар баробари он Толибон талаб кардаанд, ки ҳукумати Афғонистон пешвоҳои Толибонро аз рӯйхати сиёҳи Созмони Милал хориҷ намояд.
Ҳукумат ба пешниҳоди Толибон вокуниш нишон надод. Нодирӣ афзуд, дар 116 ноҳияи 29 вилояти Афғонистон Толибон биноҳои маъмурии ҳукуматро ба маблағи ним миллиард доллар вайрон кардаанд.
Дар ин миён Вазорати корҳои хориҷии Покистон тасдиқ кард, ки дар марзи ин кишвар бо Афғонистон Толибон гузаргоҳи "Чаман"-"Спин Булдак"-ро ишғол кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Афғонистон мегӯяд, Толибонро аз ин гузаргоҳ берун кардааст.