Додситони минтақаи Кӯлоб гуфт, ки иттиҳоми эълоншуда ба зидди Сӯҳроб Раҳимов, муовини боздоштшудаи шаҳрдори Кӯлоб, исбот шудаву парвандааш рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода мешавад.
Раҳимов зимни моддаи 247, қисми 3 (қаллобӣ) ва 314, қисми 2 (суистифода аз ваколатҳои мансабӣ)-и Кодекси ҷиноӣ муттаҳам аст. Бино бар парванда, ба ӯ ҷарима ё зиндон таҳдид мекунад. Назари вакил ва наздиконаш ба ин айбнома дастрас нест.
Хушвақт Машрабзода, додситони минтақаи Кӯлоб, рӯзи 15-уми июл гуфт, "айни ҳол тафтишот идома дорад. Гуноҳаш исбот шудааст ва сабт карда шудааст. Ҳоло дар боздошгоҳ қарор дорад."
Муовини собиқи шаҳрдори Кӯлобро мақомоти интизомӣ рӯзи 5-уми июли имсол дар коргоҳаш боздошт карданд. Пештар нашрияи мустақили "Пайк", моҳи декабри соли 2020, Раҳимовро барои ба тиҷорат машғул шудану насупоридани ҳаққи истифодаи барқ танқид карда буд.
Ҷамшед Гулмаҳмадзода, сардори Оҷонси мубориза бо фасод дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, "мо санҷиш гузаронидем, исбот шуд, ки ӯ пули қувваи барқро насупорида будааст. Саркашӣ намудааст. Мо чораҷӯйӣ намудем, пули барқро супорид ва ҷарима шуд."
Аммо Сӯҳроб Раҳимов дар нишасти хабарии шаш моҳ пеш гуфта буд, ки ӯ аз пули барқ қарздор нест: "Хонаи шахсӣ аст, чанд нафарро шинондам, магар соҳибкор ба ҳисоб меравам? Хона холӣ буд, дар онҷо чаҳор студент шинондаам, чӣ гуноҳ кардам?"
Раҳимов як сол пеш муовини шаҳрдори Кӯлоб таъйин шуд. Вай дар гузашта Идораи об ва “Ниҳолпарварӣ”-и шаҳрро раҳбарӣ мекард.
Дар солҳои охир ин дуюмин мансабдори баландпоя дар ҳукумати Кӯлоб аст, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ва суистифода аз мансаб дастгир мешавад. Баҳром Иноятзода, раиси пешини Кӯлоб, ки дар гузашта дар мансаби раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси Миллӣ низ кор кардааст, моҳи июни соли 2020 дастгир ва ба дувоздаҳ сол зиндон маҳкум шуд, ҳарчанд ӯву пайвандонаш ҳукмро ноодилона хонданд.
Навор аз бойгонии Озодӣ: